logo

иқтисод

ТОҶИКОБОД БА МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД ВОРИД МЕШАВАД

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар  ноҳияи Тоҷикобод мавриди омӯзиш ва иҷро қарор дорад.

Дар мулоқоту вохӯриҳои вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паём  сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз он изҳори хушҳолӣ менамоянд, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат - амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Масалан, дар даврони соҳибистиқлолӣ яке аз мушкилоти асосии мардум ин норасоии неруи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон буд. Бо мақсади беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз 14 январи соли равон дар қаламрави кишвар маҳдудияти барқ  пурра бардошта шуд, ки исботи гузоштани қадами устувор дар ин самт мебошад. 
Масъалаҳои мубрами дигаре, ки дар ҷараёни шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат мунтазам матраҳ мешаванд, ин мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, пешгирии гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб мебошанд. Барои ҳалли масоили ҷойдошта аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳи тарғиботӣ созмон ёфта, дар корхонаю муассиса, идораю ташкилот ва ҷамоатҳои деҳот бо иштироки доираи васеи ҷавонон мулоқоту вохӯриҳои судманд доир мешаванд.
Дар робита ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ шудааст. Бо дастури бевоситаи Сарвари давлат дар ноҳия бунёд гардидани варзишгоҳи калонтарин дар минтақа имкон дод, ки чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ ва оммавии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар он баргузор гарданд. Масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарони хонашин, ки  дар Паёми Сарвари давлат зикр гашт, шурӯъ аз моҳи январ дар назди муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод  ва филиали Маркази ҷумҳуриявии таълими калонсолон курсҳои омӯзишии атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ таъсис ёфтанд. Бо ибтикори раиси ноҳия мутахассисон аз вилояти Суғд даъват шуда,  таҷҳизоти зарурӣ  дастрас гашт. Айни замон 40 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Дилшод АМИРОВ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.02.2017    №: 28    Мутолиа карданд: 2180

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед