logo

иқтисод

КӮЧАИ Н. ҚАРАБОЕВ: ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ БОНИЗОМ АСТ

Ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркаш дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт - иқдоме, ки Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе,  аз оғози фаъолияти кории худ шурӯъ намуд,  ба баланд бардоштани сатҳи  хизматрасонӣ  ба сокинону меҳмонони шаҳр нигаронда шудааст.
Аз 20 – уми январи соли ҷорӣ  дар нақшаи хатсайри микроавтобусҳое, ки аз кӯчаи Н. Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ баъзе қисман, баъзе пурра мегузаштанд, тағйирот ворид шуд. Тибқи нақша, оянда  дар ин кӯча асосан автобус ва троллейбусҳо мусофир мекашонанд.
Абдуҳалим Маҷидов, мудири шуъбаи равобит  бо аҳолӣ ва ахбори оммаи МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» - и шаҳри  Душанбе, дар робита ба ин масъала иброз дошт, ки мақсади асосии ворид  намудани тағйирот ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, паст кардани шиддатнокии ҳаракат, аз байн бурдани танбашавии воситаҳои нақлиёт дар қисмати  чорроҳаҳои Н. Қарабоев – Абай, Н. Қарабоев – назди бозорҳои «Саховат», «Корвон» ва дар ин замина ҷоннок намудани фаъолияти автобус ва троллейбусҳо мебошад. Айни ҳол микроавтобусҳое, ки аз кӯчаи Н. Қарабоев убур мекарданд, асосан тавассути кӯчаи Ҷанубӣ – Соҳилӣ бо баромад ба кӯчаҳои  А. Ҷомӣ,  Абай ва С. Шерозӣ ва қисман бо хатсайри пешин фаъолият  мекунанд. То воридшавии  автобус ва троллейбусҳои нав иловатан дар ин кӯча микроавтобусҳои наве, ки зиёда аз 16 ҷои нишаст доранду бароришашон на зиёда 10  сол аст, мусофир мекашонанд. 
Тайи чанд рӯзе, ки чунин тартибот ҷараён дорад, аллакай натиҷаи мусбати  он ба чашм мерасад. Яъне,  шиддатнокии ҳаракат коҳиш ёфта,  тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо  ба назар намерасад.
Навгонии дигаре, ки дар ин самт ҷорӣ гашт, ҳаракати  троллейбуси  хатсайри рақами 8 аст. Он муддати дароз аз фаъолият боз монда буд ва ҳоло аз саристгоҳи «Роҳи оҳан» тавассути кӯчаҳои Назаршоев, С. Шерозӣ, Сино то Қаряи Боло ҳаракат мекунад.
- Бо воридшавии автобус ва троллейбусҳои нав дар назар аст, ки фаъолияти микроавтобусҳо кам ва дар дигар кӯчаву хиёбонҳои асосии шаҳр  мусофиркашонӣ асосан тавассути автобус ва троллейбус роҳандозӣ гардад. Бо таъмир намудани зеристгоҳҳои тақвиятдиҳандаи барқӣ шумораи троллейбусҳо зиёд хоҳад шуд, - гуфт А. Маҷидов.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.02.2017    №: 28    Мутолиа карданд: 2140

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед