logo

иқтисод

РОҲИ ОҲАНИ ДУШАНБЕ – ҚӮРҒОНТЕППА. ҲАҶМИ СОДИРОТ ТАВАССУТИ ИН МАСИРИ НАВБУНЁД АФЗУД

Кушодашавии роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли гузашта дар муддати кӯтоҳ ба афзоиши ҳаҷми содироти  маҳсулоти ватанӣ ба кишварҳои дуру наздик ва гӯшаву канори мамлакат мусоидат намуд.  Давоми соли гузашта содироти мол аз мамлакат тавассути роҳҳои оҳани кишвар 611 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2015  7 ҳазор тонна  бештар аст. Дар ин давра тариқи роҳҳои оҳан беш аз 450 ҳазор мусофир кашонда шудааст, ки нисбат ба соли пешӣ 25 ҳазор зиёд мебошад.
Усмон Қаландарзода, муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», изҳор дошт, ки бо истифода аз масири нав соҳибкорон 11 ҳазор тонна моли ватаниро ба хориҷа интиқол додаанд. Дар баробари ин, ҷиҳати  рушди бахши боркашонӣ ва мусофирбарӣ аз ҷониби корхона сабукиҳо муайян гардидаанд. Аз ҷумла, барои тоҷирону соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 30 то 50 дарсад ва  бо  қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ барои  солимгардонии вазъи молиявию техникии «Ширкати алюминий тоҷик»  ҳангоми  кашондани алюминий 60 дарсад тахфиф  пешниҳод карда мешавад. Дар роҳи оҳани – Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб ҷиҳати интиқоли сӯзишворӣ 55 дарсад,  борҳои дигар 50 ва мусофирбарӣ 60 дарсад  сабукӣ муқаррар гардидааст. Дар ҷодаи навбунёд ҳоло ҳафтае 2 маротиба ба самтҳои Душанбе – Хатлон ва Хатлон – Душанбе кашондани мусофирон роҳандозӣ шудааст.
Бунёди ин роҳи оҳан  аз тарҳҳои «рӯикоғазмонда» - и   аҳди пешин буд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, маҳз бо талоши Президенти ҷумҳурӣ  амалӣ гардид, ки   дар даврони  истиқлолият    дастоварди пурарзиши мардуми тоҷик  маҳсуб меёбад. Он маркази  ҷумҳуриро ба вилояти Хатлон пайванд намуда,  масофаи роҳро нисбат ба пештара зиёда аз 300 километр наздик сохт.
Вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои асосии парвариши зироатҳои кишоварзӣ мебошад ва беҳтар гардидани  интиқоли маҳсулот  аз ин диёр   ба гӯшаҳои дигари мамлакат  ва хориҷа дар пешрафти иқтисодиёт ва боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим мебозад, савдои дохилии байни минтақаҳои кишварро вусъат дода, ба таъмини бозорҳо бо моли ватанӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.02.2017    №: 28    Мутолиа карданд: 2085

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед