logo

сиёсат

САФАРИ РАСМИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҚАТАР

5 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Давлати Қатар сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои кадрҳо, вазирони рушди иқтисод ва савдо, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, нақлиёт, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раис ва муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамроҳӣ карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони эҳтирому самимияти хоса намояндагони воломақоми ҳукумати ин кишвар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Муқаррароти истиқболи расмӣ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Давҳа, ки бо шиору навиштаҷот ва шодбошиҳои дӯстона оро ёфта, горди фахрӣ саф ороста буд, самимӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Ин дуюмин сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин давлат буда, бо даъвати расмии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ анҷом дода мешавад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Қатар 13 декабри соли 1994 барқарор шуда, ба хотири рушду густариши робитаҳои байнидавлатӣ дар ҳар ду кишвар сафоратҳо ифтитоҳ ёфтаанд.
Нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар моҳи майи соли 2007 сурат гирифта, дар муносибатҳои ду кишвар саҳифаи нав кушод ва ба рушди минбаъда замина гузошт.
Собиқ Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ низ тобистони соли 2007 бо сафари расмии ҷавобӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, ки аввалин сафари роҳбари давлати арабӣ ба кишварамон мебошад.
Пояи ҳуқуқӣ - шартномавии муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаро санадҳои ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ташкил медиҳанд ва барои таҳкими ҳамкории дуҷониба бастаи лоиҳаҳои санадҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ, бонкдорӣ ва самтҳои дигари робитаҳои иқтисодӣ дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

Дар шаҳри Давҳа, дар доираи сафари расмӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Созмони сармоягузории Давлати Қатар Шайх Абдулло ибни Муҳаммад ибни Сауд Оли Сонӣ мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили марбут ба иштироки доираи иқтисодию сармоягузории Давлати Қатар дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги дорои аҳамияти миллию минтақавии Тоҷикистон ва дурнамою нақшаҳои ҳамкориҳои фаъолтари Тоҷикистону Созмони сармоягузории Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳусни эътимоду боварии комил омили муҳими ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба маънидод гардид ва таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ҳавасманди ҷалби сармояи ин созмон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги энергетикӣ, кишоварзӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ мебошад.
Барои беҳтару хубтар гардидани ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ҳамчун қадами нахуст таъсиси Фони рушди Қатар оид ба дастгирии соҳибкории хурду миёна, Ширкати консталтингӣ ва Бонки сармоягузории Қатар дар Тоҷикистон амали муҳим арзёбӣ шуд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин доир ба масоили марбут ба ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Созмони сармоягузории Давлати Қатар ва махсусан дар соҳаҳои афзалиятноки гидроэнергетикӣ, нақлиётӣ ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.

Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Қатар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази Бунёди Қатар ва Осорхонаи санъати исломӣ ташриф оварда, бо фаъолияти онҳо шинос шуданд.
Дар маркази Бунёди Қатар меҳмони олимақом Эмомалӣ Раҳмонро раиси иҷроияи Бунёди Қатар Шайха Ҳинд бинти Ҳамад истиқбол гирифта, бо фаъолияти марказ шинос намуд.
Дар толори намоишгоҳ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таърихи ташаккул, фаъолият ва дастовардҳои Бунёди Қатар муаррифӣ гардид.
Ин марказ намояндагии донишгоҳҳои бонуфузи 39 кишвари ҷаҳонро дар худ муттаҳид кардааст ва ба беш аз 5 ҳазор донишҷӯи давлатҳои хориҷӣ илмҳои замони муосир бо забони англисӣ омӯзонда мешавад. Дар маҷмӯъ, ҳудуди Бунёди Қатар 15 миллион метри мураббаъро дар бар гирифта, дар он биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳои донишҷӯён, китобхонаи муосир ва парки илмию технологӣ мавҷуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар даврони соҳибистиқлолӣ намояндагиҳои донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ ифтитоҳ ёфтаанд ва дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон намояндагони 29 давлати хориҷӣ таълим мегиранд. Таъсиси филиалҳо дар кишвари мо аз ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ будани таълиму тадрис дарак дода, ба шарофати сиёсати бобарори иҷтимоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.
Баъди шиносоӣ бо шароити Бунёди Қатар дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо таассурот ва таманниёти нек дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузоштанд.
Сипас, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи санъати исломӣ дар шаҳри Давҳа ташриф оварданд. Дар ин ҷо Сарвари давлатро раиси иҷроияи осорхона Салим ал - Асвад самимона истиқбол гирифт.
Дар толорҳои осорхона Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти маркази фарҳангӣ, таърихи ташаккули санъат ва тамаддуни исломӣ ошноӣ пайдо карданд. Дар толорҳои осорхона, ки моҳи ноябри соли 2008 таъсис ёфтааст, нигораҳои қадиму нодир ҷамъ оварда шудаанд ва ҳар яки онҳо аз таърихи қадимаи инсоният шаҳодат медиҳад.
Намунаҳои нодири нақшу нигор ва хаттотӣ дар рӯйи санг, чӯб ва дигар нигораҳо, ки бо хати форсӣ - дарӣ навишта шудаанд, бештар диққати Сарвари давлатро ба худ ҷалб намуданд. Мавҷуд будани ин дастхатҳо ва ҳунарҳои асили рассомону хаттотони машриқзамин аз таърихи деринаи робитаҳои дӯстию бародарии халқҳои осиёву кишварҳои араб шаҳодат медиҳанд. Дар толорҳои осорхона, инчунин асбобу анҷоми рӯзғор, яроқу аслиҳаи гуногун, зарфҳо, ороишоти бо сангҳои қиматбаҳо сохташуда ба маъраз гузошта шудаанд.
Пас аз шиносоӣ бо нигораҳои осорхона Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром нисбат ба таъриху фарҳанг ва мардуми ин кишвар дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошта, ба мамлакати дӯст шукуфоӣ ва ба халқи бародари Қатар саодатмандӣ орзу карданд.
Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи сармоягузорию молиявии Давлати Қатар баргузор шуд.
Дар оғоз чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ раиси Иттиҳоди робитаи сармоядорон ва соҳибкорони Давлати Қатар Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ ифтитоҳ намуда, ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан дод.
Сарвари давлати Тоҷикистон баргузории ин мулоқотро имконияти мусоиди муаррифии бештари роҳу самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон арзёбӣ карда, дар ҳузури намояндагони сершумори доираи молиявию сармоягузории Давлати Қатар бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар Тоҷикистон айни замон тарҳу лоиҳаҳо ва барномаҳои зиёди манфиатовари иқтисодӣ мавриди татбиқ қарор доранд, ки ин амалия ҷалби сармояи бештари хориҷӣ ва технологияи муосиру замонавиро тақозо менамояд.
Таъкид шуд, ки барои ворид намудани технологияи муосир, ба роҳ мондани истеҳсолу содироти маҳсулоти соҳаҳои гуногун ва дастгирию таъмини пешрафти соҳибкорию сармоягузорӣ дар қонунгузориҳои Тоҷикистон як қатор имтиёзҳо ва кафолатҳо, аз ҷумла беш аз 240 номгӯи имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардида, дар бозори дохилии молу хизматрасонӣ, сармоя ва асъор шароити рақобати озод фароҳам оварда шудааст.
Лоиҳаҳои хурду бузурги Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, бунёди корхонаҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори туризм, аз ҷумла саёҳати кӯҳӣ ва фароҳамсозии имкониятҳои мусоид барои содироти оби тозаи нӯшокӣ ба Давлати Қатар самтҳои афзалиятнок ва манфиатовари ҳамкории доираи сармоягузорию молиявии Тоҷикистону Қатар арзёбӣ гардид.
Аз доираи молиявӣ ва сармоягузорони Давлати Қатар даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории зичу мутақобилан судманд дар соҳаҳои номбаршуда ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо имконоту иқтидорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар кишвари мо аз наздик шинос шаванд.
Доир ба имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли энергетика, аз ҷумла дар бахшҳои гидроэнергетика ва нафту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий, бонкдорӣ ва системаи бонкӣ, сайёҳӣ ва ғайра муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев муаррифиномаи муфассал пешкаш намуд.
Дар анҷоми мулоқоти муҳим имкониятҳои дигари иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ба таври муфассал муаррифӣ гардида, миёни намояндагони доираи молиявию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар мубоҳисаи судманд баргузор шуда, ҳамчунин Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни биржаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ба имзо расид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.02.2017    №: 28    Мутолиа карданд: 2118

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед