logo

илм

КРИОҶАРРОҲӢ. ОЛИМОНИ ТОҶИК РОҲИ НАВИ ТАБОБАТИ БЕМОРИҲОИ ҶИГАРРО ПАЙДО НАМУДАНД

Кормандони Институти физикаю  техникаи ба номи Султон  Умарови Академияи илмҳои кишвар барои истифодаи нитрогени моеъ дар тиб дастгоҳи криоҷарроҳӣ (криоҷарроҳӣ - ҷарроҳие, ки бо истифода аз ҳарорати паст анҷом дода мешавад) сохтанд. Кормандони Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология бо истифода аз он роҳи нави табобати баъзе бемориҳои ҷигарро пайдо намуданд, ки дар илми тиб бозёфти нав ҳастанд.
Олимони институт қаблан барои истифодаи азоти моеъ дар тиб якчанд навъи асбобҳои хурди криоҷарроҳӣ пешниҳод намуда буданд. Табибон ҳоло онҳоро барои бартараф намудани хол,  саратони пӯст ва муолиҷаи бемориҳои гуногуни занона истифода  менамоянд. Дастгоҳи нав бо пешниҳоди Саидилҳом Аҳмадзода, ноиби президенти Академияи илмҳои тиб, мудири шуъбаи ҷарроҳии ҷигар ва ғадуди зери меъдаи Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  сохта шуд. Мақсад аз он, муолиҷаи  бемории  алвеококкози ҷигар буд. Баъдан, табибон онро  барои  рафъи бемориҳои  дигари мавзеии ҷигар низ истифода намуда, натиҷаҳои хуб ба даст оварданд.
Дар робита ба ин мавзӯъ, хабарнигорамон бо Саидилҳом Аҳмадзода ҳамсуҳбат шуд.
- Бигӯед, ки зарурати истифодаи нитрогени моеъ  барои муолиҷа ба кадом омилҳо вобастагӣ дорад?
- Аз соли 2009 инҷониб, як қатор  бемориҳои паразитӣ ва хоси ҷигар пайдо шуданд, ки қаблан дар кишварамон мавҷуд набуданд. Алвеококкоз ва сили ҷигар ба ин гурӯҳ шомиланд.
Мушкилӣ дар он аст, ки ин бемориҳо бо дору ва ҷарроҳии маъмулӣ  табобат намешаванд. Онҳо табобати барои худ хосро талаб мекунанд. Масалан, алвеококкози ҷигар бемории паразитӣ буда,  афзоишу паҳншавиаш аз бемории саратон бадтар аст. Он  зуд паҳн гардида,  ба ҳама узвҳои инсон таъсир мерасонад. Яъне, хусусияти решадавонӣ ва метастазгузорӣ дорад.
Мо табобати чунин беморонро бо роҳи ҷарроҳӣ  оғоз намудем. Беморро  ҷарроҳӣ намуда, қисми узве, ки дар он  беморӣ хуруҷ кардааст, бурида гирифтем. Аммо мушоҳидаҳо нишон доданд,  ки  бо вуҷуди аз организми инсон дур кардани қисми беморӣ, он  дар бадан боқӣ мемонад. Хусусан,  дар шоҳраг ва роҳҳои маҷрои умумии талхабарор, ки мо онро бурида  наметавонем. Ин корро дар дигар кишварҳо низ анҷом дода натавонистанд. Он ғайриимкон аст. Зеро шоҳрагро, ки дар он беморӣ хуруҷ намудааст,  бурем, беморро аз даст медиҳем. Чун бурида наметавонем, афзоишёбии беморӣ идома меёбад. Аз ин рӯ, зарурати пайдо намудани роҳи дигари табобат  пеш омад, то тавассути он тавонем ҳуҷайраҳои боқимондаро  нобуд созем.
Ба ҳуҷайраҳои чунин беморӣ ду воситаи таъсиррасонии  физикӣ мавҷуд аст.  Ҳарорати баланд  ва  ҳарорати ниҳоят паст.  Барои таъсир расондан бо ҳарорати баланд мо дастгоҳи гармбод сохтем. Барои анҷоми ин кор патент ҳам гирифтем. Ҳоло аз он барои  сатҳи бурриши ҷигар истифода менамоем.
Мушкилӣ дар он аст, ки бо гармбод  танҳо  2 миллиметри  сатҳи ҷигарро метавон бурид. Аммо мушоҳидаҳо нишон доданд, ки беморӣ дар узв аз 2 миллиметр ҳам дарунтар паҳн мегардад. Аз ин рӯ, зарурати истифодаи ҳарорати пасти нитрогени моеъ пеш омад. Ба воситаи он метавон то ба 2 сантиметри сатҳи ҷигар таъсир расонд.

- Ин дар ҳолест, ки аз соли 2014 инҷониб дар кишварамон истеҳсоли нитрогени моеъ  дубора  роҳандозӣ шуд ва акнун мо имконияти дастрасӣ бо онро дорем.
- Бале. Чунин имкониятро дорем. Барои мо танҳо дастгоҳе  лозим буд, ки ба воситаи он  ҳароратро то ҷойи лозима бурда  расонем. Зеро нитрогени моеъро ба даст гирифтан намешавад. Агар ба замин резад ях мекунад, аммо то ба замин расиданаш, дар ҳаво буғ мешавад. Ин ҳарорат  - 1960 С  аст.
Бо истифода аз ин ҳарорат  метавон дар давоми 40 - 45 сония  дар ҳуҷайраи беморӣ яхбандӣ ва тарқиш ба вуҷуд оварда, паҳншавии онро пешгирӣ намуд. Барои ҳалли  масъала ба олимони Академияи илмҳо муроҷиат намудем. Ҳамин тавр, ҳамкории олимони Институти физикаю  техникаи ба номи Султон Умаров, лабораторияи физикаи гармои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология самараи хуб дод. Дар муддати кӯтоҳ дастгоҳи криоҷарроҳӣ сохта  шуда, мавриди  истифода қарор гирифт.
Бори аввал бо истифода аз ин усул бемории алвеококкоз ва баъдан, сили ҷигарро ҷарроҳӣ намудем.
Ҷарроҳии гемангиомаи ҷигар мушкилии зиёд дорад. Бемор ҳангоми чунин ҷарроҳӣ хуни зиёдро аз даст медиҳад. Дар сурати даридани омос ҳатто  беморро метавон аз даст дод. Бо усули криоҷарроҳӣ, яъне ба воситаи ҳарорати ниҳоят паст дар муҳлати кӯтоҳ  тавонистем хунравиро қатъ намуда,  омосро  рафъ созем.
Дар маҷмӯъ, то имрӯз  бо истифода аз ин усул  табобати боэътимоди 11 навъи беморӣ, аз ҷумла саратони ҷигар, ғадуди зери меъда, роҳҳои талхабарор имконпазир гардид.
Истифодаи нитрогени моеъ ҳангоми ҷарроҳии ин навъи бемориҳо имкон дод, ки хунравии айёми ҷарроҳӣ то 4 маротиба коҳиш ёбад.
Ҳамин тавр, бо истифода аз ҳарорати пасти нитрогени моеъ тавонистем роҳи нави табобати ин бемориҳоро пайдо ва истифодаи клиникии онро роҳандозӣ намоем.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2017    №: 29    Мутолиа карданд: 6377

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед