logo

сиёсат

ҲАМОИШ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ТАШАББУСЕ, КИ ВИРДИ ЗАБОНИ ОЛАМИЁН АСТ

Дар мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба қабули Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 бо иштироки аҳли ҷамоати ноҳия ҳамоиш баргузор гардид.

Ҷамшед Табарзода, раиси ноҳия,  намояндагон аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корез» - и шаҳри Душанбе ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон оид ба моҳият ва аҳамияти иқдоми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Корея дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об пешниҳод гардид, сухан гуфтанд. Махсусан муҳимияти ҳифзу нигоҳдории захираҳои табиӣ ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои ба иқтисодиёт фоидаовар тавассути истифодаи роҳҳои самарабахш, аз ҷумла беталаф ва сарфакорона истифода бурдани оби ошомиданӣ, тарғибу ташвиқ карда шуд. Танҳо давоми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 - 2015 сатҳи обтаъминкунии зиёда аз 1,5 миллион нафар аҳолии кишвар беҳтар гардид, барои беҳсозии соҳа зиёда аз 1,7 миллиард доллари ИМА равона шуд. Дар шаҳри Душанбе аксарияти сокинон бо оби аз ҷиҳати санитарӣ ва сифат бехатар таъминанд. Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корез» - и пойтахт ба 186 ҳазору 910 муштарӣ хидмат мерасонад. Дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ қариб 40 ҳазор муштарӣ ба оби тозаи нӯшоӣ дастрасӣ дошта, барои сарфакорона истифода бурдани об наздик ба 25 ҳазор нафар соҳиби ҳисобкунакҳои обӣ мебошанд, ки 62, 4 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳоло барои дар ноҳия аз байн бурдани реҷаи таъминот бо об дар хонаҳои баландошёна, ки яке аз проблемаи асосӣ ба ҳисоб меравад, корхона тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Аллакай реҷаи обрасонӣ кам гардида, сокинон 18 соат бо об таъмин шуданд. Дар хусуси пурра аз байн бурдани маҳдудияти дастрасии сокинони шаҳри Душанбе  ба об, сардори департаменти таъминоти оби нӯшоии корхонаи «Обу корез» Саидмурод Қаландаров иброз дошт, ки баъди ба анҷом расидани сохтмони навбати дуюми обполакҳо, ки дар доираи лоиҳаи обтаъминкунӣ аз моҳи марти ҳамин сол оғоз мегардад, сокинони шаҳри Душанбе пурра бо оби тозаи ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои санитарӣ таъмин мегарданд.
Ширкатдорони ҳамоиш таъкид карданд, ки дар ҷумҳурӣ барои ҷалби омма ба иҷрои масъалаҳои иҷтимоӣ ҳарчи бештар ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ зарур мебошад, зеро дар ин самт ҳанӯз камбудиҳо ҷой доранд. Дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид корҳои ташвиқотӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» хуб роҳандозӣ гардидаанд. Чанд рӯз қабл дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус иқдоми бузурги Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷаласаи махсус мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд. Дар Брюсел, Пекин, Маскав ва шаҳрҳои бузурги дигар низ  чунин ҷаласаҳои бошукӯҳ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» баргузор гардиданд ва гузарондани маҳфилу чорабиниҳо, ҳамоишу конфронсҳо бомаром идома дорад.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2017    №: 29    Мутолиа карданд: 2036

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед