logo

порлумон

ҚОНУНИ НАВ ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲАИ САНОАТРО ТАЪМИН ХОҲАД КАРД

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи охири худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» - ро баррасӣ ва қабул намуданд, ки аввалин қонуни мукаммал дар соҳаи саноат мебошад.
- Мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», пеш аз ҳама, аз лиҳози ҳуқуқӣ танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ташаккул ва амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат, рушди босуботи инноватсионии он, афзунгардонӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ мебошад, - иброз дошт Дилрабо Мансурӣ, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия. Бино ба гуфтаи ӯ, ҷавҳари қонун муқаррар намудани шаклҳои дастгирии молиявии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат ба ҳисоб меравад, ки он аз маблағгузорӣ дар шакли грантҳо, ёрии молиявӣ барои таъсис, рушди истеҳсолоти саноатӣ ва инфрасохтори он, ҷорӣ намудану азхудкунии техникаҳои инноватсионӣ, пешниҳоди қарзҳо, мусоидат барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ иборат мебошад.
Зимни шарҳи лоиҳаи қонун иттилоъ дода шуд, ки дар моддаҳои 13 - 16 механизмҳои алоҳидаи дастгирии фаъолият дар соҳаи саноат пешбинӣ гардидааст. Чунончи, тибқи талаботи моддаи 15 - и қонун ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ афзалият ба маҳсулоти ватанӣ, маҳсулотсупорандагон ва пудратчиён дода мешавад, ки ин иқдоми саривақтист. Дар моддаи 16 мусоидат ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва ҳамкории бевоситаи муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла гузарондани таҷрибаомӯзии  истеҳсолии донишҷӯён пешбинӣ  шудааст. Навоварии дигари лоиҳаи қонун  ин таъсиси мақоми маслиҳатию машваратӣ, яъне Шӯрои миллӣ оид ба рушди саноат дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, бо мақсади дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, минбаъд ташкили Фонди рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, ки он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таъсис ва низомномааш тасдиқ карда мешавад.
Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, зимни таҳлили фаъолияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон  аз теъдоди ками корхонаҳои саноатии хурду миёна нигаронӣ карда, изҳор дошт, ки маҳсулоти ватанӣ рақобатпазир нест, то онро ба хориҷи мамлакат содир намоянд. Корхонаҳоро дар он минтақаҳое сохтан лозим аст, ки дар он ҷо ашёи хом мавҷуд бошад. Вазорат бояд ба соҳибкорон мусоидат намуда, воридоти  технологияҳои навро таҳти назорат гирад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2017    №: 29    Мутолиа карданд: 4318

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед