logo

иқтисод

БАРФРЕЗИИ БЕСОБИҚА ВА ТАРМА

Тамоми воситаю имкониятҳо ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ сафарбар карда шаванд, - қатъан супориш дод Роҳбари давлат.
Мутаассифона, офатҳои табии сарҳад надоранд ва пешгирӣ намудани онҳо айни ҳол барои инсоният  имконнопазир аст.
Бар  асари боришоти  аз меъёр хеле зиёди барф охирҳои моҳҳои январ ва аввали моҳи феврал Тоҷикистон қариб  дар иҳотаи барф монд. Боришоти зиёди барф боиси борҳо дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Лахш – марзи Қирғизистон, Дарвоз –Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб фаромадани тарма гардид. Дар натиҷаи боришоти  пуршиддату бесобиқаи  барф, ки  мислашро ҳатто куҳансолон ёд надоранд, танҳо дар роҳи  Душанбе - Хуҷанд бештар аз 50 маротиба тарма фаромада, роҳро маҳкам  карданд.
Вазъ, хусусан дар  километрҳои 48 – 74 – уми роҳ, бад шуд. Бештар аз 200 мошин ва одамон дар иҳота ва зери тармаву ғарами барф монданд.  Барои наҷот ва интиқоли одамон ба ҷойҳои  бехавф бо роҳбарии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ (минбаъд КҲФ) гурӯҳи фаврии корӣ созмон дода шуд. Дар натиҷаи роҳандозии корҳои фаврии наҷотдиҳӣ рӯзҳои  28 ва 29 январ қариб 800 нафар ва 200 мошини боркашу сабукрав ба ҷойҳои бехавф интиқол дода  шуданд. Мутаассифона, офат талафоти ҷонӣ низ дар пай гузошт. То бегоҳии 29 январ наҷотдиҳандагон, тибқи иттилои маркази  матбуотӣ КҲФ, ҷасади 5 нафарро (тибқи иттилои баъдинаи расонаҳои гуногун - ҷасади 9 нафарро) аз зери барф ва даруни мошинҳо  берун оварданд.
Дар қатори ҳалокшудагон корманди шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Варзоб старшинаи  милитсия Саюмарс Гулмадов  низ ҳаст. Тибқи  иттилои маркази матбуоти ВКД, ин ҷавони 22 – сола, ки моҳи марти соли 2016 баъди адои хизмати ҳарбӣ ба ШКД – и  ноҳияи Варзоб ба кор омада буд, тармафароӣ ва зери он мондани одамонро дида, фавран ба ёрӣ шитофт. Ҳамроҳи  ҳамкораш 4 нафарро аз зери барф - аз марг наҷот дода, ба ҷойи бехавф бурданд. Вақте барои наҷоти  дигарон шитофтанд, тармаи навбатӣ ба сари худи онҳо фурӯ рехт. Ҳамкораш  сержанти калони милитсия Лоиқи Файзалӣ бо тӯдаи калони барф ба дарё лағжид ва ҳангоме барфи печида дар дарё об шуд, ӯ аз марг наҷот ёфт. Ҷисми беҷони Саюмарсро аз лаби дарёи Майхура ёфтанд.
Аз боридани барфи зиёд ва эҳтимолияти тармафароӣ  тамоми сокинону меҳмонони кишвар, хусусан ронандагон, тавассути эълонҳои  пайвастаи Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ва КҲФ огоҳ буданд. Дар эълону  огоҳиҳо муваққатан худдорӣ кардан аз сафар тавассути мошин, хусусан бо роҳҳои Душанбе – Хуҷанд, Кӯлоб – Хоруғ ва Хоруғ – Мурғоб, хоҳиш  карда мешуд.
Тавассути сафарбар намудани  тамоми техникаи корӣ 31 январ роҳи Душанбе – Чанак аз барфу тарма  тоза ва ҳаракати мошинҳо дар он фаъол гардид, аммо ин ҳол дер давом накард. Бориши барф бо шиддати бештар аввали моҳи феврал дубора боиси  фаромадани тармаҳо ва баста шудани роҳ гардид.
Тибқи маълумоти КҲФ, дар натиҷаи шиддат ёфтани  тӯфонҳои барфӣ  дар минтақаҳои  алоҳидаи  роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Лахш, Хоруғ – Ишкошим ва Дарвоз – Хоруғ тарма фаромада, роҳҳо баста шуданд.  Дар роҳи Душанбе – Хуҷанд аз  километри 54 то 71 – ум тарма фаромад. Айни ҳол тамоми техникаи  роҳкушо ба тоза кардани роҳ сафарбар шудааст. Ситоди  фаврии бартараф кардани ҳолати фавқулода  шабонарӯзӣ амал мекунад. Ба ёрии  кормандони КҲФ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёт, ширкати IRS техникаю қувваҳои кории вазорату идораҳои дигар сафарбар гардиданд. Аммо  беист фаромадани тарма кори техника ва наҷотдиҳандагонро басо мушкил  мегардонд.
3 – 4 феврал бориши барф дар ҷумҳурӣ бештар шиддат ёфт, дар водию кӯҳҳои мамлакат барфи зиёд борид. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, вазъи пурхатари тармафароӣ боз 3 – 4 рӯзи дигар боқӣ мемонад.
2 феврал дар шаҳри Душанбе дар қароргоҳи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар Рустам Назарзода бо иштироки намояндагони БР СММ ва ҳамоҳангсози доимии СММ дар  Тоҷикистон ҷаласаи фаврии Гурӯҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид.
- Ҳарчӣ зудтар рафъ намудани оқибати офати табиӣ ва расондани ёрии саривақтӣ ба мардуми зарардида мавзӯи асосии ин ҷаласа буд - изҳор дошт Умеда Юсуфзода, роҳбари маркази матбуоти КҲФ.
Субҳи 3 феврал Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ҷаласаи машваратӣ доир намуд. Бартараф кардани оқибатҳои табиӣ дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифт. Сардори давлат ба масъулон супориш дод, ки ҷиҳати фавран бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, ҳамчунин таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳаракати нақлиёт ва эмин доштани хоҷагии халқи мамлакат аз хисорот  тамоми воситаю имкониятҳо сафарбар  карда шаванд.
- Новобаста аз номусоидии обу ҳаво Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият дорад, - иттилоъ дод котиби матбуотии фурудгоҳ Ҷамила Ҳусейнова. Техникаҳои махсус хатҳои парвоз ва фуруди  ҳавопаймоҳоро сари вақт тоза мекунанд. Таъхири парвозҳо ба қайд гирифта нашудааст.
 Тавре вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода изҳор дошт, бо назардошти хавфи тарма дар роҳи мошингард шумораи  парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Хуҷанд зиёд  гардидааст.        
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2017    №: 29    Мутолиа карданд: 2465

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед