logo

иқтисод

КОМБАЙНИ НАВ. МУШКИЛИ ПАХТАКОРОН ОСОН ШУД

КВДҶ «Тоҷикагролизинг» бо мақсади таъмини пурраи талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар назди худ мақсад гузоштааст, ки мошинҳои пахтачинии муосир, намудҳои тухмипошаки зироатҳои ғалладонагӣ, намудҳои дигари техникаро ба корхонаҳои истеҳсолкунанда фармоиш дода, ба ҷумҳурӣ ворид намояд.

Аз ҷониби корхона ба ҷумҳурӣ комбайни пахтачинӣ ворид шуда, аз озмоиш гузаронда шуд. Комбайни пахтачинии навъи ХМП-2,4 ки дар асоси трактори «Беларус 80Х» охирин навоварӣ мебошад, дар баробари пахтачинӣ дигар амалиётро низ ба анҷом мерасонад. Ширкати «Гомселмаш» - и Ҷумҳурии Беларус тобистони соли 2016 барои ҷамъоварии пахта ин навъи комбайни универсалиро ба КВДҶ «Тоҷикагролизинг» пешниҳод намуд.
Аз рӯи иттилои Ибодулло Оқилпур, сухангӯи дафтари матбуотии,  КВДҶ «Тоҷикагролизинг», барои ба кор даровардани техника ва озмоиши он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба заминҳои пахтаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон мутахассисони ширкати «Гомселмаш» ташриф оварданд. Дар марҳилаи нахустини ҳамкорӣ озмоиши дақиқи комбайн дар шароити иқлими гарм сурат гирифта, семинари махсус бо намоиш додани имконияти мошини мазкур барои пахтакорони Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш баргузор гардид, ки аз ҷониби пахтакорони ин минтақа хуш пазируфта шуд. Намоиш додани имконияти мошини мазкур барои пахтакорони дигар минтақаҳо низ дар назар аст.
Ба андешаи мутахассисон, тарҳи комбайни пахтачинӣ, ки дар асоси трактори МТЗ 80Х «Гомселмаш» сохта шудааст, охирҳои соли 2014 ба охир расида, дар заминҳои пахтаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз озмоиш гузаштааст. Мошини пахтачинӣ бо дастгоҳҳои тозакунандаи буттаҳо, ки хеле моҳирона пахтаро аз ғӯза ҷудо карда, ба дастгоҳи пахтағундорӣ медиҳад, муҷаҳҳаз шудааст.
Комбайни пахтачинии ХМП-2,4 якбора чиниши чор қатори пахтаро фаро мегирад. Буттаи пахта ҳангоми кор кардани мошин каме хам шуда, ба сепараторҳои махсус дохил мешавад, ки он дорои чаҳор дук мебошад. Механизми ин сепараторҳо тавре сохта шудааст, ки онҳо танҳо нахи пахтаи расидаро чида, ба баргу ғӯзаҳои норасида дар ғӯзаҳои пахта осеб намерасанад.
Л. ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2017    №: 30    Мутолиа карданд: 2141

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед