logo

фарҳанг

СУННАТҲОИ НАВРӮЗИИ ТОҶИКОНИ ҚИРҒИЗИСТОН

(дар мисоли деҳаи Андарақ)
Тоҷикони Қирғизистон, бавижа тоҷикони деҳаи Андарақ, аз қадим то имрӯз суннатҳои наврӯзиро бо меҳр ва ихлоси том гиромӣ медоранд. Онҳо Наврӯзро «Иди сари сол» номида, беҳтарин орзуву омол ва таманниёти хешро ба он вобаста мекунанд.

Андарақ яке аз деҳаҳои зебоманзари тоҷикнишини Ҷумҳурии Қирғизистон маҳсуб мешавад. Деҳа дар доманакӯҳҳои қаторкӯҳи Туркистон, дар ҳудуди ноҳияи Лайлаки вилояти Бодкант ҷойгир аст. Суннатҳои наврӯзии тоҷикони ин деҳа бо Наврӯзи дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ тақрибан якранганд ва садсолаҳо инҷониб ҳифз гардида, рангу ҷило ва тобишҳои тоза касб кардаанд.
Муждарасони Баҳор ва Наврӯзи оламафрӯз дар охирҳои моҳи январ ва ибтидои феврал дар талу теппаҳо ва доманакӯҳҳо шукуфтани гули баҳман ё  бойчечак  ба шумор меравад. Онро писарбачаҳои деҳа аз зери барфу яхҳои талу теппаҳои деҳа, ки Дашти Бурс, Шовхӯрд, Қучӣ, Рахна, Дашти Поён ном доранд, ҷамъоварӣ мекунанд ва ба сифати қосиди баҳор чанд ҳафта қабл аз ҷашни Наврӯз хона ба хона мебаранд, «бойчечакхонӣ» ё «гулгардонӣ» мекунанд. Дар байни мардум чунин боварӣ вуҷуд дошт, ки дар арафаи Наврӯз ба кӯҳҳо, талу теппаҳо баромадани маҳз кӯдакону наврасон боиси қадбаланд гаштани онҳо мегардад. Наврасон кӯшиш мекарданд, ки бойчечакро ба мӯйсафедону занони калонсол дастрас намоянд, зеро маҳз афроди солор ба қадри гули муждарасони баҳор мерасиданд. Куҳансолон ва ҳатто ҷавонон бо хушнудӣ гули бойчечакро дидаву бӯсида, ба мижаву абрӯвонашон мемолиданд, шукру сипоси фарорасии баҳор, омадани соли навро мекарданд.
Яке аз таомулҳои наврӯзии тоҷикон ин дар ҳар маҳали зист сарҷамъ шуда, ду-се рӯз ё ҳафтае қабл аз Наврӯз бо мақсади ободии хонаву дар ва маҳали зист ҳашар ташкил кардан, роҳу ҷӯйборҳоро ба тартиб даровардан, ниҳолу гулҳо шинондан ба шумор мерафт. Дар Андарақ низ ин одати наврӯзӣ риоя мегардад. Бонувон бо ёрии мардҳо дар ҳавлиҳо маросими «хонатакконӣ», «хонабардорӣ» ё «хонағундорӣ» - ро анҷом медиҳанд. Ҷавонон девору дарахтҳоро сафед мекунанд, то ки сафедбахт бошанду нуру зиё ҳамеша дар манзилашон бимонад. Бонувони деҳа ҳатто мегуфтанд, ки «Хонаи норӯфтаи наврӯзӣ ба ҷанҷолу муноқишаи оилавӣ меорад». Одате буд, ки мардуми деҳа вайронаҳоро ҳатман то фарорасии иди Наврӯз обод мекарданд, зеро чунин мешумориданд, ки файзу баракат он ҷое мерезаду мемонад, ки покизаву обод бошад. Аз ин лиҳоз, маросими «хонатакконӣ» ё ки «хонабардорӣ» на танҳо рӯбучину ободонии пеш аз ҷашн, балки рамзи раҳоӣ аз ифлосиву торикӣ, истиқболи рӯшноиву некӣ, фарорасии баҳор, рамзи ободиву хуррамӣ маҳсуб меёбад. Бошандагони Андарақ чун мардуми дигар манотиқи тоҷикнишин бо анҷом додани маросими  «хонабардорӣ» ибораи «зимистон мурд» - ро истифода мебаранд.
Дар байни тоҷикон, аз ҷумла андарақиҳо ба таври хоса пешвоз гирифтани борони тонаврӯзӣ, ки мардум онро «оби раҳмат» меноманд, аз оинҳои муҳими истиқболи сари сол ба шумор меравад. Бороне, ки охирҳои моҳи феврал ва ибтидои моҳи март меборад, «оби раҳмат» номида мешавад. Рӯзҳои борон куҳансолон наврасонро (духтару писарҳо) ҳидоят мекарданд, ки сари луч зери борон истанд ё оби боронро ба зарфҳо гирифта, сарҳояшонро бишӯянду ғусл кунанд, то ки аз баракати оби раҳмат мӯйҳояшон пурқувват гарданд ва гуноҳҳои дар давоми сол ҷамъшуда шуста шаванд.
Бинобар нақли  куҳансолон, мардуми  деҳа дар гузашта  ба  истиқболи рӯзи чоршанбеи охирини соли сипаришуда эътибори хоса медоданд. Пеш аз ғуруби офтоб мардуми маҳаллаву кӯчаҳо дар назди дарвозаҳо ҷамъ гашта, гулхан меафрӯхтанд ва ҳама ҷамъомадагон, хурду бузург, марду зан се маротиба, ҳафт маротиба аз болои оташ меҷаҳиданд ё атрофи онро давр мезаданд. Ин маросим дар Андарақ «Алобакон» ном дорад. Оини мазкур бо мақсади халосӣ ёфтан аз мусибату офатҳо, покшавӣ аз бемориву гуноҳҳо баргузор мегардад.
Расму оини дигари мардуми тоҷикони Андарақ дар арафаи Наврӯз (одатан се-чор рӯз қабл аз ид) ба хонаи духтаре, ки «фотиҳа» шудааст, ҳадяи «идона», ё «идӣ» фиристодан аст. Яъне, волидайни домодшаванда нафареро аз хешовандони худ (аз занҳо) вакил интихоб намуда, ба хонаи арӯсшаванда ҳадя (нони фатир ё кулча, қанд, биринҷ, гӯшт, чои хушк, равғани рустанӣ, инчунин сарулибос ба арӯсшаванда, зару зевар, атриёт ва дастагул) мефиристанд. Тарафи арӯсшаванда низ дар навбати худ ба хонаи домодшаванда туҳфаҳо ирсол месозад.
Одате аст, ки саҳарии Наврӯз то бо дигарон муошират кардан шириниҳо (асал ё қанд) тановул мекарданд, то ки аз бемориву бадбахтӣ халосӣ ёбанд. Дар хонаҳо ҳазориспанд ё барги дарахти арча (дарахти бурс) – ро дуд мекарданд, то ки онҳо балоҳоро дур кунанд.
Хулоса, ҷашнҳои наврӯзӣ аз оғоз то интиҳо баҳри эҳтиром ва риояи урфу одат ва маросимҳои халқӣ, ҳифз ва афзун гардонидани зебоӣ ва боигарии табиат, ободонӣ ва кабудизоркунии муҳити атроф, гиромидошти меҳнат ва қадршиносии инсон равона карда шудааст.
Ҷӯрабек ИСОМИДДИНОВ, номзади илмҳои таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2017    №: 30    Мутолиа карданд: 2064

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед