logo

иҷтимоиёт

СОЛИ ОРМОНҲОИ ҶАВОНӢ

Соли ҷавонон барои мо имтиҳон ва масъулияти басо бузург аст, ки онро бояд бо меҳнати содиқона ва иқдоми созанда, ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ва пайравони ҳақиқии Пешвои миллат дар саҳифаи рӯзгори худ рақам занем ва ба наслҳои оянда онро минҳайси ҷашнвораи ҷавонӣ ба мерос гузорем.

Ин ҳарфҳоро Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон, зимни як ҳамоиш, ки бахшида ба Соли ҷавонон дар Маркази тадқиқоти стратегӣ доир шуд, баён намуд. Мизи мудаввар, ки «Нақши ҷавонон дар рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» унвон дошт, дар се бахш - сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти стратегии рушди давлатдории миллӣ, нақши ҷавонон дар таъмини суботу рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва нигоҳи ҷавонон ба неруи созандаи худ ҷараён гирифт. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, вазорату кумитаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, олимону коршиносон иштирок доштанд.
Зебо Наботова, сармутахассиси Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ҷавононро дар таъмини сулҳу субот, рушди устувори кишвар ва давлатдорию давлатсозии Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ намуда, соли 2017 - ро барои ҷавонон ҳамчун соли имкониятҳои татбиқи ормонҳо ва гузоштани қадамҳои устувор ба сӯйи марҳалаҳои нави созандагию бунёдкорӣ маънидод кард.
- Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон нишонаи олии эҳтирому эътиқоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумат қарор доштани ин қишри ояндасози кишвар мебошад, - иброз дошт Дилноза Аҳмадзода. Ба андешаи ӯ, маҳз ба шарофати сиёсати созандаи Пешвои миллат имрӯз ташаббусҳои ҷавонон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, дар рушди устувори кишвар нақши муассир мегузоранд.
Дар идомаи ҳамоиш оид ба мавзӯъҳои «Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо», «Имкониятҳои муосир барои рушди ҷавонон: таҳлили муқоисавии иқдомҳои миллӣ ва байналмилалӣ», «Нақш ва мавқеи ҷавонон дар рушди иқтисодиёти кишвар» гуфтугӯҳои судманд сурат гирифтанд. Ба андешаи иштирокдорон, баргузории чунин ҳамоиш бо ҳузури ҷавонон дар такмили савияи донишу маҳорат ва баланд бардоштани нақши онҳо дар рушди устувори ҷомеаи Тоҷикистон хеле муҳим аст. Зеро, мувофиқи нишондодҳои оморӣ, 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони синни то 35 ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, таъмини нишондиҳандаҳои дурнамо ва афзалиятҳо барои давраи миёнамуҳлат барои ин қишри ҷомеа аҳамияту зарурияти аввалиндараҷа дорад.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2017    №: 30    Мутолиа карданд: 1788

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед