logo

сиёсат

САБАҚИ ТАЪРИХ. ОНРО НАБОЯД ФАРОМӮШ КАРД

Озодӣ ва Истиқлолияти давлатӣ - ду неъмати муқаддастарину бузургтарин маҳсуб мешавад. Ваҳдати миллӣ низ дар ин радиф қарор дорад. Ҳамаи пешрафту тараққиёт ва дастовардҳои мо ба он  иртиботи ногусастанӣ мегирад. Ҳар он ки ин неъматҳоро мешиносаду  қадр мекунад ва барои ҳифзашон бо шинохти масъулияти  бузург камари ҳиммат мебандад, фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамини аҷдодӣ дониста мешавад. Аммо ҳам набояд фаромӯш кард, ки дар барқарорӣ, пойдорӣ ва таҳкими онҳо, пеш ва бартар аз ҳама, Сарвари давлат саҳм доранд. Оре, агарчи  бо камоли эҳтиром изҳор  медоранд, ки «таъмини сулҳу субот ва ваҳдати  миллӣ, пеш аз ҳама, хизмати бузурги мардуми солору сарбаланд ва хирадманди тоҷик мебошад».

Ватани азизи мо  ба шарофати  истиқлол  узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ гардид. Албатта, ин дар сурате буд, ки бархе аз бегонагон намехостанд Тоҷикистон ном кишваре дар харитаи ҷаҳон  ҷой дошта бошад. Истиқлолият ё худ  беҳтарин имкони таърих моро замоне насиб гардид, ки таҳаввулоти амиқу ниҳоят зиддиятнок дар минтақа ва ҷаҳон ҷараён доштанд. Дар баробари ин, буҳрони сиёсӣ ба авҷи аълои худ мерасид.  Албатта, дар чунин шароити ниҳоят ҳассосу хатарнок  бар сари қудрат омадан ва зимоми  давлату давлатдориро  ба даст гирифтану  дуруст раҳнамоӣ  намудан ҳаргиз осон набуд. Бар замми  ин, дар кишвари мо оташи ҷанги шаҳрвандӣ акнун шуъла меафрӯхт ва ба аланга табдил меёфт. Хомӯш намудани ин оташу аланга на танҳо кори душвор маҳсуб мешуд, балки он аз сарвар худфидоиро тақозо  дошт. Барои чунин худфидоӣ бошад, муҳаббату ихлос ва ифтихори баланди ватандорӣ, дӯстдории  ҳар шаҳрванди  кишвар зарур буд. Дар баробари ин, албатта, донишу хиради  азалӣ мебоист, то ба хотири ояндаи дурахшони  мамлакат  тасмими дурусту оқилона бигирад. Тасаввуру баёни ин ҳама пас аз 25 соли  Истиқлолияти  давлатӣ ва дар арафаи 20 - солагии Ваҳдати миллӣ  ба осонӣ даст медиҳад. Аммо ҳар кӣ шоҳиди он рӯзгори  вазнину талх буд, ба некӣ  дармеёбад, чи роҳи душвореро  бо раҳнамоии  Пешвои миллат тай намудем. Ҳеҷ кас дар он рӯзгор тасаввур ҳам намекард, ки моро ояндаи дурахшон насиб мегардад. Ва шоир барҳақ ин ҳолатро баён дошта буд:
 

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?

Чӣ гуна мешуд умед баст, вақте ки хонаҳо  месӯхтанд, бар гӯшҳо  садои тир меомад, мардум аз тарси ҷон фирор мекард? Инчунин, задухӯрдҳои  мусаллаҳона миёни қувваҳо ва гурӯҳҳои гуногун, куштору гаравгирӣ шадидтару бештар  мегардиданд. Ба ифодаи дигар, халқи тоҷик дар маркази гирдоби ҷанги бародаркуш қарор гирифт. Ба ҷуз ин, тамоми шохаҳои ҳокимият аз фаъолият боз монда буд.
Аз суханони Пешвои миллат аст: «Ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат хуб мефаҳмидам, ки дар он давраи барои тақдири Ватан ва халқи кишвар ниҳоят душвор кадом масъулиятро  ба зимма гирифтам». Бешубҳа, дар чунин ҳолат  ҳар кадоме аз мо агар қарор дошта бошем, дар гумон аст, ки  бо ҷасорат, эътимоду боварӣ, сарсупурдагӣ тасмими дуруст гирифта  метавонем, тасмиме барои наҷоти миллат, ҳидояти он, пойдории сулҳ ва шукуфоии кишвари  маҳбубамон. Мо аз забони ӯ шунидем: «Ва бо такя ба ақлу заковати халқамон, ки ворисони миллати хирадманди тоҷик мебошанд,  савганд ёд кардам, ки то вақте дил дар синаам метапад,  ҳастиамро ба Ватан ва мардуми худ мебахшам, тамоми қуввату ғайрат ва донишу  таҷрибаамро  барои дар ҳар хона  ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона, ба хотири шукуфоии  Ватани азизам садоқатмандона заҳмат мекашам.  Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи  халқи азияткашидаам бовар дорам».
Сарвари давлат дар савганд ва аҳди худ устувор монданд. Дар ҳақиқат, тамоми  қуввату ғайрат ва донишу таҷрибаашонро дар ин самт равона карданд. Имрӯз ҳам мебинем, ки дар ҳар хона ва ҳар оила, тавре ки гуфтанд, сулҳ барқарор аст.  Қариб бист сол боз бо эътимоду боварӣ дар фазои  сулҳу салоҳ зиндагӣ ба сар мебарем.
Албатта, мо набояд фаромӯш кунем, ки дар баробари таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бо Сарварии ин Пешвои муаззам дар ин муддат бунёди  давлати мустақили  Тоҷикистон гузошта шуд.
 Вазифаи мо аст, ки Пешвои бузург, давлати соҳибистиқлол, озод, ваҳдати миллиро  шукру сипоси беҳад бинамоем. Дар баробари он, ин ҳамаро чун гавҳарак эҳтиёту ҳифз  бикунем. Инчунин, ба қадри ин Ватани озоду мустақил, сулҳу амният бирасем. Дар баробари ин, вазифаи ҷонии мо аст, ки бо таҳкими ваҳдати миллӣ насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, ҳифзи сарзамини аҷдодӣ  тарбия намоем.
 Таърих ва ҳодисоти нангини рухдода моро сабақ дод. Набояд, ки ин сабақро  аз ёд барорем. Иттиҳод ва сарҷамъии мо дар атрофи Пешвои миллат, Президенти мамлакат ва аз рӯйи дастуру раҳнамоиашон хизмати софдилона  намудан моро бештар аз пештар боз нерумандтар месозад. Ин ҳақиқатро  замон борҳо  собит  сохтааст.
Абдукарим МУСТАФОЗОДА,
сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана
ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2017    №: 30    Мутолиа карданд: 2131

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед