logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. МАСЪУЛИЯТ БОЯД БЕШТАР БОШАД

То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем.
Эмомалӣ РАҲМОН

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва     8 июни соли 2007 қабул гардид, ба зиндагии мардум, баргузории маъракаҳо осонӣ оварда, барои афзоиши даромади аҳолӣ мусоидат менамояд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ин қонун бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои корӣ ҷудо карда шуда, дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо шуъбаву бахшҳо ва дар шаҳраку деҳот сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ фаъолият мекунанд, ки кори онҳо тибқи талабот амалӣ гардида истодааст.
Бо қабули қонуни миллӣ аз 70 номгӯи ҷашну маросимҳои расмӣ, зодрӯз, хатнасур, домодию арӯсӣ, дафну азодорӣ ва ҳаҷ 55 номгӯяш барҳам хӯрд. Яъне, 15 номгӯи он боқӣ монд. Талаботи мардум вобаста ба оромии ҷомеа, пешравии илму технология ва имконияти иқтисодиашон рӯз то рӯз зиёд мегардад. Вале сабаб чист, ки сарфаю сариштакориро ҳанӯз ҳам гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа ба дурустӣ дарнаёфтаанд ва пурра риоя намекунанд?
Фаромӯш набояд кард, ки тибқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо мақсади дуруст амалӣ намудани талаботи он дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти мамлакат комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо (комиссияи доимӣ) низ фаъолият дорад. Дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо роҳбарии он ба зиммаи раисон гузошта шудааст. Низомномаи комиссияҳоро Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ мекунанд. Дар Низомнома муқаррароти умумӣ, сохтору вазифаҳои комиссия, ҳуқуқу ваколатҳои раис ва аъзои комиссия, тартиби фаъолият, сарчашмаҳои ҳуқуқӣ ва роҳбарикунанда, уҳдадориҳо ва назорати иҷрои нақшаи кори комиссия муқаррар гардидааст. Ҳайати комиссияи доимии маҳаллӣ дар сатҳи ноҳия на камтар аз 5 нафар ва вилоят на кам аз 9 нафар буда, ба ҳайати он мудирони шуъбаҳои маориф, ҷавонон, занон, ходимони дин ва фаъолон шомил мебошанд.
Дуруст аст, ки дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расидаанд, аммо ҳанӯз ҳам ҷавобгӯйи талабот нестанд. Пайваста шоҳиди он ҳолатҳое мегардем, ки маросими чил ё сол бо тамоми нӯшу неъматҳо, яъне, харҷи зиёдатӣ баргузор мешаванд, аммо аъзои комиссия ё ходимони дин иштирокчии маърака буда, бетарафиро пеша мекунанд. Чунки соҳиби маърака худ роҳбари муассиса ё сохторе мебошад, ки бидъату хурофотпарастиро волотар ҳисобидааст. Ин ҳолат аз сатҳи пасти кори комиссияҳои ҷамъиятии танзими ташкилоту муассисаҳо гувоҳӣ медиҳад, ки бояд хизматчии давлатӣ то баргузории маърака дар корхонаи худ сабти маърака намуда, талаботи қонуни миллиро риоя кунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат (4 июли соли 2013) таъкид намуданд, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як роҳбар ва шахси масъул, фаъолони ҷомеаи кишвар, пеш аз ҳама, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳо, падару модарон, устодону омӯзгорон, олимону адибон ва умуман аҳли зиё, инчунин ходимони дин ва ҳар як фарди бонангу номус аз он иборат аст, ки арзишҳои олии фарҳанги милливу диниамон – некиву некукорӣ, адлу инсоф, хайру саховат, сарфаю сариштакорӣ ва дастгирии ятимону дармондагонро дар байни мардум, хусусан ҷавонон мунтазам тарғиб намоянд.
Аз қабули қонуни миллӣ даҳ сол сипарӣ мегардад. Бо пешниҳоди Президенти мамлакат омӯзиши ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қатори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ворид мегардад. Тамоми азму талош ва нақшаву ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Бо мақсади риояи қонуни миллӣ ва раҳоӣ аз хурофотпарастӣ бояд пеш аз ҳама аъзои комиссияи доимии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ходимони дин ва фаъолони ҷомеа бо ҳисси дилсӯзӣ масъулиятро ҳис кунанд.
Одинашоҳ ВАЛИЗОДА,
мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2017    №: 30    Мутолиа карданд: 2047

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед