logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ ДАР МАСИРИ ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО

Робитаҳои тиҷоратию иқтисодии мардуми ду кишвар решаҳои хеле қадимӣ доранд. Дар марҳилаи кунунӣ ин робитаҳо дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ва манфиатҳои судманди  мутақобила роҳандозӣ гардида, қабл аз ҳама аз дӯстӣ ва муносибатҳои  наздику эътимодбахши  сарони ду  давлат маншаъ мегиранд ва ҳамгироиҳо бо рушд ёфтани истеҳсолот, тиҷорат, соҳибкорӣ мувофиқ ба тақозои ҷаҳонишавӣ ва интегратсияи минтақавӣ барои вусъату суботи ҳамкориҳои нави гуногунҷониба роҳ мекушоянд, зичтару мустаҳкамтар  мешаванд.
Масоили тақвияти ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду савдо, энергетика, нақлиёт, бонкдорӣ, гумрук, бунёди инфрасохтори логистикию сайёҳӣ, фарҳангу маориф, тандурустӣ, варзиш, фаъолгардонии робитаҳои мустақим байни минтақаҳо, доираҳои соҳибкорӣ ва соҳибкорони алоҳида, ҷустуҷӯю дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоте, ки  барои рушди минбаъдаи робитаҳо монеа эҷод менамоянд, аз ҷумла дар бахшҳои алоқаи ҳавоӣ, масъалаҳои норавшани ветеринарӣ, санитарию фитосанитарӣ ва расмиёти аснодӣ ҳангоми интиқоли мол, дар ҷаласаи 14 – уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки чанд рӯз пеш таҳти раёсати ҳамраисони комиссия - Қоҳир Расулзода, Сарвазири Тоҷикистон ва Игор Шувалов, муовини аввали Сарвазири Россия, дар Душанбе баргузор гардид, дар меҳвари таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор гирифтанд. Игор Шувалов зимни нишасти матбуотӣ,  аз натиҷаҳои кори комиссия изҳори қаноатмандӣ намуд ва ҳавасмандии кишварашро ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, хусусан хариди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, роҳандозии хатсайрҳои нави ҳавоӣ, баррасии масъалаҳои беҳтар намудани вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва тақвияти шарокати  стратегӣ баён дошт.
Яке аз мушкилоте, ки тавассути гуфтугузори дуҷониба ҳалли мусбати худро ёфт, роҳандозии алоқаи ҳавоӣ аз фурудгоҳи Жуковскийи Москва ба Тоҷикистон буд. Ҷонибҳо ҷиҳати парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавоии «Уралские авиалинии» - и Россия ва «Тоҷик Эйр» - и Тоҷикистон аз ин фурудгоҳ ба манфиати  баробари тарафайн ба мувофиқа расиданд. Бо расидани фасли баҳор шумораи парвозҳо аз ин фурудгоҳ зиёдтар мешавад. Ширкати ҳавоии «Ямал» - и Россия аз охири баҳор ба сайрхати ҳавоии Тоҷикистон бо назардошти талабот парвозҳо анҷом медиҳад. Ҳавопаймоҳои «Тоҷик Эйр», ки айни замон ҳафтае ҳафт бор ба фурудгоҳи байналмилалии «Домодедово» - и Москва парвоз мекунанд, ҳамчунин, минбаъд ҳафтае  ду маротиба ба фурудгоҳи Жуковский мусофир мекашонанд. Ширкати «Сомон Эйр» аз 3 феврал мусофиркашониро ба шаҳрҳои Красноярск, Краснодар, Уфа ва Оренбург идома медиҳад.
Айни ҳол Тоҷикистон на танҳо бо Федератсияи Россия дар умум, балки бо минтақаҳои калони саноатии зиёд, назири Москва, Санкт – Петербург, Екатеринбург, Красноярск, Новосибирск, Волгоград, Саратов, Краснодар, Перм, Пенза, Челябинск, Омск, Томск, Олтой, ҷумҳуриҳои Тотористон, Бошқирдистон ва шаҳру вилоятҳои дигари ин мамлакат робитаҳои мустақими ҳамкорӣ барқарор намудааст.
Бо анҷоми сафари қарибулвуқуи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Душанбе, чунонки муовини аввали Сарвазири Россия дар ин бора иброз дошт,  ҳамкориҳои мустақими шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон, хусусан Суғду Хатлон, минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара», «Суғд», «Панҷ» бо шаҳру минтақаҳои ин кишвар ба марҳилаи нави рушд ворид мешаванд. Ёдрас месозем, ки Владимир Путин бори охир моҳи сентябри соли 2015 ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.
Санад оид ба барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвари соҳибистиқлол соли 1992 ба имзо расид. Тоҷикистон ва Россия шарикони баробарҳуқуқ дар Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва созмонҳои  дигари ҷаҳонию минтақавианд.   
Тайи беш аз 25 соли истиқлолият байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, хусусан барои густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, пойгоҳи мустаҳками ҳуқуқӣ бунёд ва такомул ёфт. Ҳоло Тоҷикистону Россияро ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ, мудофиавӣ, амниятӣ, марзию техникӣ, робитаҳои мустақими ниҳодҳои соҳавӣ,  манфиатҳои зиёди муштарак дар муборизаи дастаҷамъона муқобили терроризм, экстремизм ва таҳдидҳои дигари ҷаҳони муосир, ва садҳо риштаҳои дигар ба ҳам мепайванданд.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2017    №: 30    Мутолиа карданд: 2261

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед