logo

иқтисод

ЧАРО ИБРАТ НАГИРЕМ? ДАР БОРАИ СОҲАИ КИШОВАРЗИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Бино ба иттилои Ҳомидҷон Амирзода, сардори раёсати кишоварзии шаҳри Турсунзода, соли гузашта кишоварзон ҳосили фаровони сабзавоту полизӣ, картошка, меваю ангур ба даст оварданд, аз ҷумла  38980 тонна ғалла ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба соли пешӣ 1953 тонна зиёд аст.

Шаҳр дар рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва истеҳсоли меваю ангур  дар Тоҷикистон ва берун аз он овозадор буда, сол ба сол ба натиҷаҳои беҳтар ноил мегардад. Соли 2016 дар майдони 111,9 гектар боғҳои содиротӣ бунёд ёфтанд, ки аз он 3 гектарро боғи интенсивӣ ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки боғу токпарварони хоҷагиҳои “Боғи Сомон” ва «Ҳоҷӣ Неъмат» воқеан, дар бобати парвариши ангур таҷрибаи ғанӣ пайдо кардаанд. Дар боғҳои бунёдкардаи онҳо “Ҳусайнии сиёҳ”, “Ҳусайнии сафед”, “Қарагузал”, “Кишмиши сиёҳ”, “Кишмиши сафед”, “Шоҳона”, “Ғалаба” ва навъҳои дигари хушлаззату бозоргири ангур парвариш мешаванд, ки дар дохил ва хориҷи кишвар харидорони зиёд доранд. Меваҳои шаҳдбор  солҳост, ки боғбононро  шуҳратёр гардондаанд.
Деҳқони асил Неъмат Усмонов соли гузашта аз ҷониби Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур унвони Профессори ифтихории донишгоҳро сазовор гардид.  Ҳамчунин, дар назди хоҷагии “Ватан” – и шаҳр кафедраи боғу токпарварӣ таъсис ёфт, ки роҳбарии онро низ ҳайати омӯзгорон ва профессорони донишгоҳ ба зиммаи Неъмат Усмонов вогузор намуданд. Айни ҳол дар кафедраи мазкур донишҷӯён аз мактаби деҳқонони асилу пуртаҷриба баҳравар гашта, нозукиҳои боғпарвариро меомӯзанд.
Кишоварзон ва сокинон дар боғ, шафати роҳу хиёбон ва мавзеъҳои дигари қаламрави шаҳр то имрӯз 53973 бех ниҳол, аз ҷумла  25520 бех ниҳоли дарахти мевадиҳанда ва 27533 бех ороишию сояафкан, шинонда, ҳолати сабзиши онҳоро таҳти назорат қарор додаанд.
Шаҳри Турсунзода мактаби таҷрибаи пешқадами кишоварзони ҷумҳурист. Давоми соли гузашта дар ҳудуди шаҳр чорабиниҳои зиёди ҷумҳуриявӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла бо иштироки олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ,  Донишгоҳи аграрии ҷумҳурӣ ва кишварҳои дигар, роҳбарон ва мутахассисони шаҳру навоҳии кишвар конфронсу семинарҳои илмию амалӣ доир шуда, дар онҳо мавзӯъҳои муҳиму ҳалталаби соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2017    №: 31    Мутолиа карданд: 2051

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед