logo

иҷтимоиёт

ИФТИХОР ДОРЕМ

Тавассути маҳвора Паёми навбатии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Русия тамошо намудам. Махсусан, таъкидашон: «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд» дар ман таъсири амиқ гузошт.
Дуруст аст, ки:
Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст.
Албатта, дур аз Ватан ҳам зиндагӣ дошта бошем, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлолу забону фарҳанги миллӣ ҳамеша ифтихор менамоем. Махсусан, ҷашнҳои миллиро дар ин кишвар дар сатҳи баланд баргузор месозем. Таҷлили Наврӯзи тоҷикӣ диққати сокинон ва намояндагони дигар миллатҳоро дар ин ҷо бештар ҷалб менамояд. Ба либосҳо, ороиши дастархонҳо, навъҳои таъом ва рақсҳои мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Дӯст медоранд, ки  дар ин ҳол ҳамроҳамон сурат бигиранд.
Новобаста аз он ки обу ҳаво дар ин кишвар сардтар аст, мо аз ҳозир ба таҷлили Наврӯз омодагӣ гирифта истодаем. Имсол он бояд шукӯҳи хос дошта бошад. Ду фарзандам, ки яке чорсола ва дигаре панҷсолаанд, бесаброна ин рӯзи хуҷастаро интизоранд. Бо забони модарӣ, яъне тоҷикӣ шеърҳои наврӯзӣ аз бар кардаанд. Мехоҳанд дар ҳузури иштирокдорони ҷашн онҳоро қироат намоянд.
Бешак, ин ҳама дар боло бурдани ҳисси миллӣ, дӯстдории Ватан, забону фарҳангамон мусоидат мекунад.
А. АБДУҚАҲҲОР, шаҳри Челябински  Русия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2017    №: 31    Мутолиа карданд: 1867

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед