logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ. БАРДОШТЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ХОЛМУРОД ШАРИФОВ

Сиришти Холмурод Шарифов бо хоки поки Тоҷикистон  решапайванд аст. Ӯ дар майдонҳои бекарони  водии зархези Вахш дарси меҳнат омӯхта, аз талабаи фаъоли мактаб то ҳисобдори хоҷагии деҳқонӣ ва сипас, то мақоми корманди иттиҳодияи ҷавонон ё комсомолии вақт расидааст.

Роҳбарияти онвақтаи кишвар маърифати баланд ва маҳорати роҳбарии  ӯро дарк намуда, Холмурод Шарифовро ба шаҳри Душанбе даъват намуд, то хидмати давлату миллатро дар сатҳи боз ҳам баландтар ба ҷой оварад. Дар пойтахт ӯ солҳои дароз ҳамчун муовини аввали вазири фарҳанг, мудири шуъбаи фарҳанги Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вазири матбуот ва ахбори кишвар фаъолият намуд.
Тамоми Тоҷикистон Ватани ӯ ва тамоми тоҷикистониён ҳамватанони ӯст. Ин буд, ки дар замони вазирии ӯ вазорати матбуоту ахбор ба як ниҳоди қавӣ  табдил ёфт, ба идорае, ки он ҷо меъёри муносибат ба инсон фақат касбият ва истеъдод буд. Барои маълумоти насли имрӯз ёдовар шудан ҷоиз аст, ки дар он замон вазорати матбуоту ахбор як муассисаи бисёр калидӣ ба ҳисоб мерафт. Зеро он вақт чопи адабиёти бадеӣ, сиёсӣ, илмию методӣ, техникӣ, бачагона ва нашри матбуоти даврӣ дар ихтиёри ин вазорат буданд. Бо тавсияи Холмурод Шарифов осори илмию адабии намояндагони ҳар гӯшаи Тоҷикистон ба чоп расида, дар кишвар як ҳаракати умумимиллии адабӣ ва эҷодӣ оғоз гашт.
Устод бо талошҳои пайваста бо вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ шабакаи васеи тақсиму дастрасии китобро ба вуҷуд овард. Ҳамон солҳо ҳар як вазорату идора, ташкилоту минтақа соҳиби китобхонаи худ шуда, рафи ҳар хонаи тоҷик пур аз китоб гашт.
Маҳз дар замони фаъолияти Х. Шарифов дар маҳаллаи «Гардиши фурудгоҳ» чор бинои нави нуҳошёна сохта шуда, оилаҳои шахсони фарҳангиву эҷодӣ соҳиби хона гаштанд. Дар шаҳри Душанбе Хонаи матбуот таъсис ёфта, чопхонаи нави муҷаҳҳаз бо мошинаҳои чопии истеҳсоли Олмон ва Ҳиндустон ба фаъолият пардохтанд.
Бо мақсади боз ҳам болотар бурдани фарҳангу маърифати аҳолӣ Холмурод Шарифов талош кард, ки осори беҳтарини адабиёти ҷаҳониро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия намуда, хонандагони тоҷикро бо онҳо ошно намоянд. Дар доираи ин нақша садҳо номгӯй аз дурдонаҳои назму насри ҷаҳонӣ ба нашр расиданд.
Самти дигари фаъолияти вазорат дар ин давра муаррифии адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик ба халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба ҷаҳониён буд. Беҳтарин осори адабиёти мо ба забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ тарҷума шуда, дар Москваю Ленинград, кишварҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷи кишвар ба чоп расиданд.
Навиштаҳои илмию бадеии ӯ чун «Меҳнати ҷамъиятӣ ва инкишофи шахсият», «Ташаккули одами нав», «Гард дар миҷгон», «Нақши хотир», «Оламафрӯзон», «Рози дил», «Сарнавишт», «Толеи баланд», «Ахтарони фарҳанг», «Ҷаҳони Марям», «Меҳрнома» аз тарафи аҳли адабу фарҳанг ва хонандагони огоҳ баҳои сазовори худро ёфтаанд. Мақсади асосии тамоми эҷодиёти ӯ дар симои қаҳрамонони худ ташаккул додани арзишҳои миллӣ мебошад.
Бо фарорасии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ӯ ҳамчун яке аз пешсафони фарҳанги ҷомеа фаъолияти худро барои таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон равона намуд.
Дар  корномаи тӯлонии Холмурод Шарифов фаъолияти ӯ ба ҳайси раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши дурахшонеро ташкил медиҳад.
Имрӯз низ ин марди шариф ҳамчун узви фаъоли Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон дар саросари кишвар бо ҷавонон вохӯрда, онҳоро ба ваҳдату ҳамдилӣ, миллатдӯстию ватандорӣ ва омӯхтани илму адаб даъват мекунад.
Бобохон МАҲМАДОВ, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2017    №: 31    Мутолиа карданд: 2118

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед