logo

иҷтимоиёт

НУРОБОД. ТО МУҲОҶИРОН МУШКИЛ НАДОШТА БОШАНД...

Барои кӯчондани сокинони ноҳияи Нуробод аз мавзеъҳои зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун ба манотиқи дигари ҷумҳурӣ тадбирҳои судманд андешида шуда, раванди муҳоҷиркунонӣ марҳала ба марҳала иҷро мегардад.

Забирулло Эшонов, сардори бахши муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Нуробод, дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ,  дар ҷойҳои нав барои муҳоҷирон қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, аз тарафи давлат барои сохтмони манзили нави истиқоматӣ маблағ пардохт карда мешавад. Танҳо дар соли сипаригардида аз мавзеъҳои хавфнок 1464 оила, аз ҷумла ба шаҳри Турсунзода 397, ноҳияҳои Рӯдакӣ 261, Данғара 257 ва шаҳраки Дарбанд 549  оила кӯчонда шуданд. Аксари онҳо бо маблағи ҷуброни арзиши манзили зист таъмин гардиданд. Дар ин самт корҳо дар сатҳи зарурӣ ҷараён дошта, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба муҳоҷирон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Маъракаи гусели муҳоҷирон мунтазам дар вазъи тантанавӣ баргузор мегардад. Муҳоҷирон, ки солҳои пеш хоҳиши кӯчидан надоштанд, имрӯз ба дурустӣ дарк кардаанд, ки маҳз сохтмони НБО-и Роғун ба пешрафти кишвари азизамон такони ҷиддӣ мебахшад. Солҳои аввал масъулон дар самти муҳоҷирати дохилӣ ба мушкилот мувоҷеҳ мешуданд. Дар натиҷаи роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба сиёсати созандаи давлату Ҳукумат ва ҳадафҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардум ҳамраъйии худро нисбат ба ин масъала нишон дода, бо амри дил ба гӯшаҳои дигари диёр мераванд. Зеро аз ҳақиқати ин амр огоҳанд, ки дар ҳар ҷое бошанд Ҳукумат барояшон шароити мусоид муҳайё месозад.
- Ба ҷойҳои бехавф кӯчондани аҳолии минтақаҳои зериобшаванда ҳанӯз ҳам идома дорад. Мо дар муҳлати муқарраршуда ҳамаи муҳоҷиронро ба ҷойҳои муайянгардида мерасонем. Бештари онҳоро дар шаҳраки Дарбанд ҷо намудем. Бовар дорем, ки маҳз бо дастгирии Пешвои муаззами миллат ин шаҳрак дар ояндаи наздик ба як шаҳри зебо ва диданӣ табдил меёбад. Баъди ба истифода додани Неругоҳи барқи обии Роғун дар ин ҷо корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд ва сарватҳои зеризаминӣ, ки дар синаи кӯҳҳои осмонбӯси водии Рашт хуфтаанд, коркард мешаванду дар таъмини зиндагии шоистаи сокинони Тоҷикистон мусоидат мекунанд, - гуфт Забирулло Эшонов.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2017    №: 31    Мутолиа карданд: 1834

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед