logo

фарҳанг

Абурайҳон БЕРУНӢ. ДАР БОРАИ ИДУ ҶАШНҲОЕ, КИ ДАР МОҲҲОИ ПОРСИЁН АСТ

Ва чанде аз ҳашвия (мунаҷҷимоне, ки бе далел пешгӯӣ мекарданд) мегӯянд, ки чун Сулаймон ибни Довуд ангуштарии хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт. Вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарии худро биёфт ва подшоҳию фармондеҳӣ бар ӯ баргашт ва мурғон бар даври ӯ гирд омаданд. Эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад!», яъне рӯзе тоза биёмад. Ва Сулаймон бодро амр кард, ки ӯро бардорад. Ва парастуе дар пеши рӯи ӯ пайдо шуд, ки мегуфт: «Эй подшоҳ, маро ошёнаест, ки чанд тухм дар он аст, аз он сӯтар рав, ки ошёни маро дарҳам нашиканӣ». Пас Сулаймон роҳи худро каҷ кард. Ва чун аз тахти худ, ки бар бод ҳаракат мекард, фуруд омад, парасту бо минқори хеш қадре об оварду ба рӯи Сулаймон пошид ва як рони малахро низ ҳадя овард. Ва аз ин ҷост, ки мардум дар Наврӯз ба якдигар об мепошанд ва пешкашиҳо ба назди ҳам мефиристанд. Ва уламои Эрон мегӯянд, ки дар ин рӯз соате аст, ки фариштаи Фирӯз арвоҳро барои иншои халқ меронад ва фархундатарин соатҳои он соатҳои Офтоб аст. Ва дар субҳи Наврӯз фаҷру сапеда ба мунтаҳои наздикии худ ба Замин мерасад ва мардум ба назар кардан бар он табаррук меҷӯянд. Ва ин рӯз «рӯзи Мухторӣ» аст, зеро ки номи ин рӯз Ҳурмузд аст, ки исми Худованди таолост, ки Офаридгор ва сонеу парварандаи дунё ва аҳли он аст. Ва ӯ касест, ки восифон тавоно нестанд, ки ҷузъе неъматҳои ӯро тавсиф кунанд.
Саид ибни Файз мегӯяд: «Кӯҳи Думо, ки дар Форс аст, ҳар шаби Наврӯз бар он барқҳое медурахшад, хоҳ ҳаво соф бошад ва ё абр. Ва шигифттар аз ин «оташи Калвозо» аст. Ҳарчанд дил бад-ин суханон то ҳангоме ки мушоҳида накунад, боварӣ намекунад. Ва Абулфараҷи Занҷонии Ҳосиб барои ман ҳикоят кард, ки ин оташро ман дидаам. Ва дар соле, ки Азудуддавла ба Бағдод омад, мо ба қасди Калвозо берун шудем. Ва он оташест ва шамъҳое, ки аз бисёрӣ ба шумор дарнамеояд ва дар самти ғарбии Даҷла, ки рӯ ба рӯи Калвозо аст, дар шаби Наврӯз дида мешавад. Ва Азудуддавла нигаҳбони худро дар он ҷо гузошт, ки аз ҳақиқати амр ҷустуҷӯ кунанд. Мабодо, ки ин кор аз найрангҳои маҷус бошад. Ва нигаҳбонони шоҳ иттилое наёфтанд ва ҳар андоза, ки ба оташ наздик мешуданд, оташ ба онон дуртар мешуд ва ҳар чи дуртар мешуданд, оташ наздиктар мешуд.
Чун Абулфараҷ аз нақли ин қисса фориғ шуд, ман ба ӯ гуфтам, ки Наврӯз аз вазъу ҳолати нахустини худ зоил шуда, зеро эрониён кабисаи солҳоро эҳмол карданд. Пас чаро, ин оташ аз мавқеи худ таъхир намеёбад, ки дар шаби Наврӯзи ҳақиқӣ иттифоқ афтад? Ва агар лозим набошад, ки таъхир ёбад, оё он вақт ки эрониён солҳои худро кабиса менамуданд, ин оташ аз вақти феълии худ пешӣ мегирифтааст?
Абулфараҷро дар муқобили ин пурсиш посухе набуд, ки маро қонеъ кунад.
Баъзе аз уламои Эрон мегӯянд: «Сабаби ин ки ин рӯзро Наврӯз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас собиа ошкор шуданд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд.
Ва боз ид будани Наврӯзро чунин гуфтаанд, ки чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад. Ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд.
Ва дастаи дигар аз эрониён мегӯянд, ки Ҷамшед зиёд дар шаҳрҳо гардиш менамуд ва чун хост ба Озарбойҷон дохил шавад, бар сарире аз зар нишаст ва мардум ба дӯши худ он тахтро мебурданд. Ва чун партави Офтоб бар он тахт битобид ва мардум онро диданд, ин рӯзро ид гирифтанд.
Ва дар ин рӯз расм аст, ки мардумон барои якдигар ҳадя мефиристанд. Ва сабаби он, чунонки Озарбод, мӯбади Бағдод, ҳикоят кард, ин аст, ки найшакар дар кишвари Эрон рӯзи Наврӯз ёфт шуд. Ва пеш аз ин касе онро намешинохт ва намедонист, ки чист. Ва худи Ҷамшед рӯзе найеро дид, ки каме аз обҳои даруни он ба берун таровиш карда буд. Ва чун Ҷамшед дид, ки он ширин аст, амр кард, ки оби ин найро берун оваранд ва аз он шакар созанд. Ва он гоҳ дар рӯзи панҷум шакар ба даст омад ва аз роҳи табаррук ба он мардум барои якдигар шакар ҳадя мефиристоданд. Ва дар Меҳргон низ ин корро ба ҳамин мизон такрор карданд. Ва бад-ин ҷиҳат барои оғози сол инқилоби тобистониро интихоб карданд, ки инқилобайнро аз эътидолайн беҳтар мешавад ба ёрии олату чашм иттилоъ ёфт, зеро инқилобайн аввали иқболи Хуршед аст ба яке аз ду қубби кул. Ва ҳамчунин аввали идбори Офтоб аст аз яке аз ду қутби кул. Ва чун сояи барпошударо дар инқилоби тобистонӣ ва сояи одиро дар инқилоби зимистонӣ дар ҳар мавзее аз замин расад кунанд, рӯзи инқилоб бар расад пӯшида нахоҳад монд ва агарчи хеле аз илми ҳайату ҳандаса дур бошад.
Аммо эътидолайнро намешавад шинохт, магар пас аз ин ки инсон дар оғози кор арзи бадалу майли куллиро бидонад. Пас инқилобайн ба сабабе, ки гуфтем, аз эътидолайн барои ибтидои сол беҳтар аст. Ва чун инқилоби тобистонӣ ба самтурраъси мардуми шимолӣ наздиктар аст, аз ин рӯ, эрониён онро баргузиданду аз инқилоби зимистонӣ чашм пӯшиданд.
Ва низ ҳангоми инқилоби тобистонӣ ғалла ба даст меояд, пас барои ин ки хироҷ аз раият бигиранд, аз инқилоби зимистонӣ беҳтар аст.

Бисёре аз уламо ва ҳукамои юнонӣ ҳангоми тулӯъ Калбулҷабборро толеи сол гирифтанд ва солро оғоз ба он намуданд ва ба эътидоли баҳорӣ таваҷҷуҳе накарданд, зеро дар замонҳои гузашта тулӯи ин ситора мувофиқ бо он инқилоб ва ё наздик ба он будааст ва иди Наврӯз аз ҷойгоҳи аслии худ зоил шудааст. Ва дар замони мо бо дохил шудани Офтоб дар бурҷи Барра мувофиқ гашта, ки оғози баҳор бошад. Ва расми мулуки Хуросон ин аст, ки дар ин мавсим ба сипоҳиёни худ либоси баҳорӣ ва тобистонӣ медиҳанд.
Ва дар рӯзи шашуми ин моҳ Наврӯзи бузург аст, ки назди эрониён иди бузургест. Ва гӯянд, ки Худованд дар ин рӯз аз офариниши ҷаҳон осуда шуд, зеро ин рӯз охири рӯзҳои шашгона аст. Ва дар ин рӯз Худованд Муштариро биёфарид ва фархундатарин соатҳои он рӯз соатҳои Муштарӣ аст. Зардуштиён мегӯянд, ки дар ин рӯз Зардушт тавфиқ ёфт, ки бо Худованд муноҷот кунад. Ва Кайхусрав бар ҳаво дар ин рӯз уруҷ кард. Ва дар ин рӯз барои сокинони кураи Замин саодатро қисмат мекунанд. Ва аз ин ҷост, ки эрониён ин рӯзро «рӯзи умед» ном ниҳоданд. Ва асҳоби найрангҳо гуфтаанд: «Ҳар кас дар бомдоди ин рӯз пеш аз он, ки сухан гӯяд, шакар бичашад ва бо равғани зайтун тани худро чарб кунад, дар ҳама сол аз анвои балоҳо солим хоҳад монд». Ва эрониён мегӯянд, ки дар бомдоди ин рӯз бар кӯҳи Пӯшанг шахсе сокиту хомӯш дида мешавад, ки як даста гиёҳе дар даст дорад ва ба андозаи як соат пайдост, сипас аз чашм пинҳон мешавад ва то соли дигар ин вақт ошкор намегардад.
Зодуя дар китоби худ гуфтааст, ки сабаб ин аст, ки Офтоб аз ноҳияи ҷанубӣ – шимолӣ тулӯъ мекунад. Ва баёни матлаб он аст, ки Иблиси лаин баракатро аз мардум зоил карда буд, ба қисме, ки ҳар андоза хӯрданию ошомиданӣ тановул мекарданд, аз таому шароб сер намешуданд. Ва низ бодро намегузошт бивазад, ки то сабаби рӯидани дарахтон шавад. Ва наздик шуд, ки дунё нобуд гардад. Пас Ҷам бо амри Худованд ва роҳнамоии ӯ ба қасди манзили Иблису пайравони ӯ ба сӯи ҷануб шуд ва дер гоҳе дар он ҷо бимонд, то ин ки ин расвоиро бартараф намуд. Он гоҳ мардум аз нав ба ҳолати эътидол ва баракату фаровонӣ расиданд ва аз бало раҳоӣ ёфтанд. Ва Ҷам дар ин ҳангом ба дунё бозгашт ва дар чунин рӯзе монанди Офтоб толеъ шуд ва нур аз ӯ метофт. Ва мардум аз тулӯи ду Офтоб дар як рӯз шигифт намуданд. Ва дар ин рӯз ҳар чӯбе, ки хушк шуда буд, сабз шуд. Ва мардум гуфтанд: «Рӯзи нав!», яъне рӯзе навин. Ва ҳар шахсе аз роҳи табаррук ба ин рӯз дар таште ҷав кошт. Сипас, ин расм дар эрониён пойдор монд, ки рӯзи Наврӯз дар канори хона ҳафт хел аз ғалла бар ҳафт табақ бикоранд. Ва аз рӯидани ин ғалла ба хубию  бадии зироат ва ҳосили солиёна пешгӯӣ кунанд.
Дар ин рӯз буд, ки Ҷамшед ба ашхосе, ки ҳозир буданд, амр намуд ва ба онон, ки ғоиб буданд, навишт, ки гӯристонҳои кӯҳнаро хароб кунанд ва гӯристони тозае насозанд. Ин кор дар эрониён боқӣ монд ва Худованд онро писандиду подоше, ки Эзиди таоло Ҷамшедро барои ин кор дод, ин буд, ки раиятҳои ӯро аз пирию беморӣ ва ҳасаду фано ва ғаму мусибат дигар ҳифз намуд. Ва ҳеҷ ҷонваре дар муддати подшоҳии Ҷам намурд, то он ки хоҳарзодаи ӯ пайдо шуду Ҷамро бикушт ва ба кишвари ӯ чира гашт.
Ва чун дар аҳди подшоҳии Ҷам ҳеҷ ҷонваре намурд ва ба тавре рӯ ба фузунӣ гузоштанд, ки фаррохнои замин бо ҳама паҳноие, ки дошт, мубаддал ба тангно шуд. Худованд он вақт заминро се баробар кард ва эшонро амр намуд, ки бо об ғусл намоянд, то аз ҳар гуноҳе пок шаванд. Ва дар ҳар сол барои ин ки офотро аз эшон дур кунад, ин корро такрор намоянд.
Ва низ гуфтаанд: «Сабаби ин ки эрониён дар ин рӯз ғусл мекунанд, ин аст, ки ин рӯз ба Ҳарузо, ки фариштаи об аст, тааллуқ дорад. Ва обро бо ин фаришта муносибате аст. Ва ин ҷост, ки мардум дар ин рӯз ҳангоми сапедадам аз хоб бармехезанд ва бо оби корезу ҳавз худро мешӯянд. Ва гоҳе низ оби ҷорӣ бар худ аз роҳи табаррук ва дафъи офат мерезанд».
Ва дар ин рӯз мардум ба якдигар об мепошанд. Ва сабаби ин кор ҳамон сабаби ғусл аст. Баъзе гуфтаанд, ки иллат ин аст, ки дар кишвари Эрон дер гоҳе борон наборид, ногаҳон ба Эрон сахт биборид ва мардум бо ин борон табаррук ҷустанд ва аз ин об ба якдигар пошиданд. Ва ин кор ҳамин тавр дар Эрон расм шуд.
Ва низ гуфтаанд, сабаби ин ки эрониён дар ин рӯз об ба ҳам мепошанд, ин аст, ки чун дар зимистон тани инсонӣ ба касофати оташ, аз қабили дуду хокистар олуда мешавад ва ин обро барои тоза кардан аз он касофат ба ҳам мерезанд. Ва дигар ин, ки ҳаворо латифу тоза мекунанд ва намегузоранд, ки дар ҳаво тавлиди вабо ва бемориҳо бишавад.
Ва дар ин рӯз буд, ки Ҷам миқдорҳои ашёро истихроҷ кард ва подшоҳон пас аз ӯ ин рӯзро маймун ва фархунда доштанд. Ва ҳар коғазу пӯст, ки мактуб мешуд ва бояд ба атроф фиристод, дар ин рӯз фароҳам меоварданд. Ва ҳар коғазу номаро, ки бояд дар охири он муҳр зад, ин корро дар ин рӯз анҷом медоданд. Ва ин рӯзро ба порсӣ «аспидонавишт» мегуфтанд. Ва чун Ҷам даргузашт,подшоҳон ҳама рӯзҳои ин моҳро ид гирифтанд ва ин идҳоро шаш бахш намуданд: панҷ рӯзи нахустро ба подшоҳон ихтисос доданд ва панҷаи дуюмро ба ашроф ва панҷаи сеюмро ба ходимону коркунони подшоҳон ва чорумро барои надимону дарбориён ва панҷаи панҷумро барои тӯдаи мардум ва панҷаи шашуминро барои барзгарон.
Гӯянд, касе ки ду Наврӯзро  ба ҳам муттасил намуд, Ҳурмуз - писари Шопури паҳлавон аст, ки ӯ ҳам айёмеро, ки миёни ин ду ид буд, ид гирифт. Ва оташро барои табаррук ба он ба ҷойҳои баланд қарор дод, ки ҷавро ҳарорати он пазонад ва ашёи касифаро бисӯзонад. Ва мояи фасодоварро ин ҳарорат нобуд намояд.

Ва оини Сосониён дар ин айём чунин буд, ки подшоҳ ба рӯзи Наврӯз шурӯъ мекард  ва мардумро эълон менамуд, ки барои эшон ба тахт омадааст, ки ба эшон некӣ кунад. Ва рӯзи дуюмро барои деҳқонон, ки ба қадре мақомашон болотар аз тӯда бувад, бо тантана қайд мекард. Ва хонаводаҳо низ дар ин қисмат дохил буданд. Ва  рӯзи сеюмро барои сипоҳиён ва бузургону мубадон бо тантана қайд мекард. Ва рӯзи чорумро барои аҳли байт ва наздикону хосони худ ҷудо мекард. Ва рӯзи панҷум барои хонавода ва ходимони худ ва ҳар кадомро он чи мустаҳиққи рутба ва икром буданд, ҷудо мекард. Ва он чи муставҷибу сазовори эҳсону инъом буданд, мерасонд. Ва чун рӯзи шашум мешуд, аз қазои ҳуқуқи мардумон фориғу осуда шуда буд ва барои худ Наврӯз мегирифт. Ва ҷуз аҳли унсу ашхосе, ки сазовори хилватанд, каси дигарро намепазируфт.  Ва дар ин рӯз он чиро, ки рӯзҳои гузашта барои эшон ҳадя оварда буданд, амр ба ҳозир намуданашон мекард ва он чи мехост, ҷудо мекарду мебахшид. Ва ҳар чи, ки қобили хизона ва захира буд, нигаҳ медошт.
Дар рӯзи ҳафдаҳум Сурӯшрӯз аст. Ва Сурӯш нахустин касест, ки мардумро ба «замзама» амр кард. Ва бидуни он ки дониста шавад, чӣ мехонад ва бад-ин ҷиҳат замзама мекарданд, ки дар ҳангоми намозу ситоиши Худованду тақдиси он таом тановул мекарданд. Ва дигар эшонро мумкин намешуд, ки васати намоз такаллум кунанд. Ин буд, ки «ҳим-ҳим» мекарданд ва ишора менамуданду сухан намегуфтанд. Ва ин матлабро Озархурои муҳандис ба ман хабар дод, вале ғайр аз ӯ ашхосе дигар мегӯянд: «Сабаби замзама он аст, ки бухори даҳон ба таом нарасад». Ва ин рӯз рӯзи фархунда аст, ки дар ҳар моҳ аст. Зеро Сурӯш номи он фариштаест, ки шабро нигаҳбонӣ мекунад. Ва баъзе гуфтанд: «Ӯ Ҷабраил аст». Ва Сурӯш аз тамоми фариштагон бо ҷину соҳирон душмантар аст. Ва ҳангоме ки мардум дар шаб хобанд, се мартаба ин фаришта рӯ меоварад ва ҷинро банду баст мекунад ва соҳиронро азоб медиҳад. Ва шаб барои тулӯъ ва пайдоиши ӯ равшан мешавад ва ҳаво хунуку сард мешавад ва обҳо гуворо мегардад. Ва хурӯсон барои тулӯи ӯ бонг бармеоваранд ва шаҳвати никоҳ дар ҳайвон пайдо мешавад. Ва яке аз ин се мартаба тулӯи субҳ аст, ки наботот дар он нашъунамо мекунанду шукуфа мешукуфад. Ва мурғ ба овоз меояд ва шахси бемор рӯҳи тоза меёбад. Ва шахси аламзадаву ғамгин дафъи ғам мекунад. Ва мусофир ба маъман мерасад. Ва  замон хушку хуррам мешавад ва рӯъё рост меояд ва  фариштагону ҷин фараҳ мекунанд. Рӯзи нуздаҳум Фарвардинмоҳ аст, ки онро барои иттифоқи ҳар ду ном «Фарвардагон» гӯянд, бад-ин ҷиҳат ки номи он ва номи моҳе, ки дар он аст, якест. Ва дар ҳар моҳ он чи ҷории маҷрои ин бошад, мисли он аст.
Урдибиҳиштмоҳ рӯзи сеюми он рӯзи урдибиҳишт аст. Ва он идест, ки «Урдибиҳиштгон» ном дорад, барои он ки ҳар ду ном бо ҳам муттафиқ шудаанд. Ва маънои ин ном он аст: «Ростӣ беҳтар аст». Ва баъзе гуфтаанд, ки охири хайр аст. Ва Урдибиҳишт малаки оташу нур аст ва ин ду бо ӯ муносибат доранд. Ва Худованд ӯро ба ин кор муваккил карда, ки низ илалу амрозро ба ёрии адвияю ағзия нест кунад. Ва сидқро аз кизб зоҳир кунаду ҳақро аз ботил, ба савгандҳое, ки гуфтаанд, дар «Авесто» дида мешавад, тамиз диҳад.
Рӯзи бисту шашуми ин моҳ оштозрӯз аст, ки аввали гаҳанбори сеюм бошад ва он се рӯз аст, ки охири он охири моҳ аст. Ва Худованд заминро дар ин вақт биофарид. Ва номи гаҳанбор фишҳимгоҳ аст ва гаҳанборот шаш адад ҳастанд, ки ҳар як аз онҳо панҷ рӯз аст ва вазъгӯи он Зардушт аст.
Хурдодмоҳ, рӯзи шашуми он рӯзи хурдод аст. Ва он идест, ки ба воситаи иттифоқи ду ном Хурдодгон ном дорад. Ва маънои ин ном суботи халқ аст. Ва Хурдод малакест, ки ба тарбияти халқ ва дарахтону наботот, нест кардани палидӣ аз обҳо муваккил аст.
Рӯзи бисту шашуми он аштодрӯз аст, ки аввали гаҳанбори чорум аст ва охири он охири моҳ аст. Ва Худованд дарахтону набототро дар он рӯз биофарид ва номи он Аёсирамгоҳ аст.
Тирамоҳ, рӯзи шашуми он хурдод аст. Ва идест, ки «Ҷашни Нилуфар» ном дорад. Ва ин иди навпайдо аст.
Рӯзи сездаҳуми он рӯзи тир аст, ва идест, ки «Тиргон» ном дорад, барои иттифоқи ду ном. Ва барои ин ид ду сабаб аст: яке он аст, ки Афросиёб чун ба кишвари Эрон ғалаба карду Манучеҳрро дар Табаристон дар муҳосира гирифт. Манучеҳр аз Афросиёб хоҳиш кард, ки аз кишвари Эрон ба андозаи партоби як тир дар худ ба ӯ бидиҳад. Ва яке аз фариштагон, ки номи ӯ Исфандормуз буд, ҳозир шуд ва Манучеҳрро амр  кард, ки тиру камон бигирад ба андозае, ки ба созандаи он нишон дод, чунон ки дар китоби «Авесто» зикр шуда ва Орашро, ки марде бадиёнат буд, ҳозир карданду гуфт, ки «ту бояд ин тиру камонро бигирӣ ва партоб кунӣ». Ва Ораш барпо хосту бараҳна шуд ва гуфт: «Эй подшоҳ ва эй мардум, бадани маро бубинед, ки аз ҳар захмеву ҷароҳатею иллате солим аст. Ва ман яқин дорам, ки чун бо ин камон ин тирро бияндозам, пора-пора хоҳам шуд ва худро талаф хоҳам намуд, вале ман худро фидои шумо кардам». Сипас бараҳна шуд ва ба қуввату неруе, ки Худованд ба ӯ дода буд, камонро то баногӯши худ кашид ва худ пора - пора шуд. Ва Худованд бодро амр кард, ки тири ӯро аз кӯҳи Рӯён бардорад ва ба ақсои Хуросон, ки миёни Фарғона ва Табаристон аст, партоб кунад. Ва ин тир дар мавқеи фуруд омадан ба дарахти гирдуи баланде гирифт, ки дар ҷаҳон дар бузургӣ монанд надошт. Ва баъзе гуфтаанд: «Аз маҳали партоби тир то он ҷо, ки афтод, ҳазор фарсах буд». Ва Манучеҳру Афросиёб ба ҳамин миқдор замин бо ҳам сулҳ карданд. Ва ин қазия дар чунин рӯзе буд ва мардум онро ид гирифтанд.
Манучеҳру эрониёнро дар ин ҳисор кор сахту душвор шуда буд, ба қисме, ки дигар ба орд кардани гандуму пухтани нон намерасиданд, зеро тӯл мекашид. Ва гандуму меваҳои ғӯраро, ки ҳанӯз нарасида буд, мепухтанд. Ва бад-ин ҷиҳат пухтани меваю гандум дар ин рӯз расм шудааст. Ва баъзе гуфтаанд, ки рӯзи партоб кардани тир ин рӯз буда, ки рӯзи тир мебошад, ки тиргони кӯчак аст. Ва рӯзи чордаҳуми он, ки шаш рӯз аст, тиргони бузургтар бошад. Ва дар ин рӯз хабар оварданд, ки тир ба куҷо афтодааст. Ва дар ин рӯз мардум олоти табҳу танӯрҳоро мешикананд, зеро дар ин рӯз буд, ки онҳо аз Афросиёб раҳоӣ ёфтанд. Ва ҳар як ба кори худ машғул шуданд.
Ва сабаби дуюм он аст «даҳуфазия», ки маънои он ҳифзи дунё ва нигаҳбонии он аст ва фармонравоӣ дар он ва деҳқанат, ки маънои он иморати дунё ва зироату қисмати он аст, бо ҳам тавъаманд, ки имрони дунёву қивоми олам бад - онҳост ва фасоди олам бад – онҳо ислоҳ мепазирад. Ва китобат дар пайравии он ва наздик бо ин ду мебошад. Аммо «даҳуфазия» аз Ҳушанг содир шуда ва деҳқанатро бародари ӯ Вигард расм намудааст. Ва номи ин рӯз Тир аст, ки Уторид бошад, ки ситораи нависандагон аст. Ва дар ин рӯз буд, ки Ҳушанг номи бародари худро бузург гардонид ва деҳқанатро ба ӯ дод. Ва деҳқанату китобат як чиз аст. Ва ин рӯзро аз роҳи ҷалолияту иъзом ид гардониданд. Ва дар ин рӯз Ҳушанг мардуми дунёро амр кард, ки либоси котибӣ бипӯшанд. Ва деҳқононро низ бар ҳамин кор амр кард. Ва аз ин рӯз мулуку деҳқонону мӯбадон ва ғайри эшон ин либосро пӯшиданд. Ва то рӯзгори Гуштосп аз роҳи ҷалолияти китобат ва афзалияти деҳқонон ин расм боқӣ бувад. Ва дар ин рӯз эрониён ғусл мекунанд. Ва сабаби он ин аст, ки чун Кайхусрав аз ҷанг бо Афросиёб баргашт, дар ин рӯз аз ноҳияи Сова гузашт ва ба кӯҳе, ки ба Сова мушарраф аст, боло рафт. Ва танҳо худи ӯ бидуни ҳеҷ як аз лашкариён ба чашмае ворид шуд ва фариштаро дид ва ҳамоно мадҳуш шуд. Вале ин кор бо расидани Бежан - писари Гавдарз рӯ ба рӯ шуд ва қадре аз оби чашма ба рӯи Кайхусрав рехт. Вайро ба санге такя дод ва гуфт: «Эй подшоҳ». Ва қарияи Лаинро дар он ҷо сохта, номи онро «Маяндеш» гузориданд ва кам-кам таҳриф ёфту «Андеш» шуд. Ва расми ғусл кардану шустушӯй ба ин об ва дигар обҳои чашмаҳо боқӣ ва пойдор монд аз роҳи табаррук. Ва аҳли Омул дар ин рӯз ба дарёи Хазар мераванд ва тамоми рӯз оббозӣ мекунанд.
Ҳозиркунандаи чоп А. РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2017    №: 31    Мутолиа карданд: 2216

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед