logo

иқтисод

ДЕҲОТ. ПАРВАРИШИ ЧОРВОЮ ПАРАНДА РУШД МЕЁБАД

Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо”, ки 5 сол пеш бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд, фаъолияташро бо татбиқи марҳилаи якум ва дуюми лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» оғоз намуд. Лоиҳаи “Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон”, ки соли 2016 ба анҷом расид, як қатор деҳаҳои ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддини Шоҳинро дар бар мегирифт.

Дар доираи татбиқи лоиҳа дар деҳоти фарогир 82 мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ташкил карда, барои эҳтиёҷоти онҳо 118 зерлоиҳа мавриди истифода қарор ёфт ва наздики 350 нафар соҳиби ҷойи кор гашт.
Барқарорсозии роҳҳои дохили деҳаҳо, хатҳои интиқоли барқ, таъминоти аҳолӣ ва чорво бо оби нӯшиданӣ, дастрасии чорвои аҳолӣ бо қучқору буқаҳои зотӣ, техникаю мошинолоти кишоварзӣ барои дастгирии кишоварзон самти асосии фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ буданд. - Мақсад аз таҳияи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” то як андоза саҳм гирифтан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва баланд бардоштани даромади қариб 22400 хонаводаи камбизоати ноҳияҳои фарогир мебошад, - мегӯяд Саъдӣ Каримов, директори марказ. – Дар ин самт вазифаҳои лоиҳа аз мусоидат дар афзун намудани истеҳсолоти кишоварзӣ ва чорводорӣ, барқарорсозӣ ва идоракунии устувори чарогоҳҳо, дастгирии занони маҳаллӣ дар самти коркарду фурӯши маҳсулоти чорво ва татбиқи зерлоиҳаҳои афзалиятдошта буд. Аз аввали татбиқсозии лоиҳа дар 5 ноҳияи вилояти Хатлон 203 ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ ташкил гардида, бо таҷҳизоти зарурии корбарӣ таъмин карда шуданд. Дар ноҳияи Темурмалик 40, Балҷувон 25 ва Ховалинг 35 деҳа интихоб гардида, аҳолии онҳо дастгирии молиявӣ, молӣ ва техникӣ ёфтанд.
Ҳамчунин, дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техника ва бартараф намудани норасоиҳо дар доираи татбиқи лоиҳаҳои “Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон” ва “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” 238 техника, аз он 21 адад трактор, 19 адад борбардор, 2 адад экскаватор ва 1184 мошинолот дастрас намуда, ба ноҳияҳои Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Ховалинг ва Темурмалик барои истифода дода шуданд. Барои барқарор намудани чарогоҳҳо, ки дар ноҳияҳои фарогири лоиҳа зиёда аз 80 ҳазор гектарро ташкил дода, як омили беҳсозии рӯзгори сокинони деҳаҳои роҳҳояш душворгузар мебошанд, 594 тонна нуриҳои минералӣ ва 109 тонна тухмии алафҳои хӯроки чорво дастрас карда шуд. Дар рафти роҳандозии лоиҳа ҳолати чарогоҳҳо беҳтар гаштааст.
Яке аз самтҳои афзалиятноки татбиқи лоиҳа дастгирии занони деҳоти интихобшуда ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо мебошад. Дар ноҳияҳои номбаршуда 780 зан ба соҳаҳои чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, коркарди шир ва пашм фаро гирифта шуданд. Ба оилаҳо 5 ҳазор сар мурғ ва 2250 сар бузу гӯсфандро бо захираи хӯроки семоҳа тақсим кардем. Занон ба коркарди пашм ва омода кардани маҳсулот аз шир машғул шуданд. 13 зан аз деҳоти Сарихосори ноҳияи Балҷувон парвариши 130 оила занбӯри асалро ихтиёр намуданд. Марказ онҳоро бо таҷҳизот барои парвариши занбӯри асал ва коркарди маҳсулот таъмин намуд.
Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар ноҳияҳои зерҳадаф зиёда аз 1000 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфта, ҳоло барои ташкили фурӯши маҳсулоти аз пашму шир истеҳсолнамудаи онҳо тадбирҳо андешида мешаванд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо”, ки маблағи лоиҳавии он 24 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, дар ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон оғоз гардид.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2017    №: 31    Мутолиа карданд: 2225

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед