logo

иҷтимоиёт

АЗ ҲАМДИЛӢ ТО САДОҚАТ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017 - ро Соли ҷавонон эълон карданд. Сарвари давлат зикр намуданд, ки: “Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Ҷавонони имрӯза, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихор мебошад”.
Воқеан, ин иқдоми бамавриди Пешвои миллат моро водор месозад, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи ин марди шариф дар ҷодаи ободкориву созандагӣ қадамҳои устувор гузорем ва якдилонаву содиқона дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон ҳиссагузор бошем. Бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, бо квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони болаёқат ва ба донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар фиристодани донишҷӯён  шаҳодати дар амал тадбиқ шудани дастуру ҳидоятҳои ояндасози Президенти мамлакат аст.
Таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба адабиёт, илму фарҳанг низ боиси таҳсин аст. Дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи адабиёт, моҳи октябри соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон баргузор гардид, ки ман низ бо пешниҳоди намунае аз шеърҳо ва мақолаи илмӣ дар он ширкат варзидам. Дар ҷараёни ин машварат бо даҳҳо хоҳарону бародарони эҷодкори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ошноиву робита пайдо кардам. Маҳз дар ҳамин чорабинии бошукӯҳ эҳсос кардам, ки забони шеъру сухан ва адабиёт забони ваҳдату ҳамгироӣ аст ва ҳамин фарҳанг аст, ки Пешвои миллат ҳастии миллат унвон кардаанд:
Ҳар куҷо оҳанги нойу чанг буд,
Не садои тиру захми ҷанг буд.
Ҳар куҷо шерозаи фарҳанг буд,
Аз маонӣ боғи дил “Аржанг” буд.
Шоира ОЛИМОВА,
донишҷӯи Донишгоҳи  давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2017    №: 31    Мутолиа карданд: 1805

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед