logo

ҳуқуқ

РУШДИ УСТУВОР ВА НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ОН

Дар як мизи гирд, ки бахшида ба Соли ҷавонон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардида буд, намояндагони як қатор вазорату кумитаҳо, олимону коршиносон ва мутахассисони ҷавон перомуни ҷанбаҳои гуногуни сиёсати давлатии ҷавонон, ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Парвиз Бобоев, корманди Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мавзӯи «Имкониятҳои муосир барои рушди ҷавонон: таҳлили муқоисавии иқдомҳои миллӣ ва байналмилалӣ» суҳбат мекард, нақши ҷавононро дар рушди устувори давлатдории миллӣ муҳим арзёбӣ намуд. Ба қавли ӯ, мақсаду мароми ҷавонон дар стратегияҳои муҳимтарини миллӣ ва байналмилалӣ инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, ҳадафҳои рушди устувор дар давраи то соли 2030, ки соли 2015 аз тарафи кишварҳои узви СММ эътироф  шудааст, тамоми пешниҳоду мақсадҳои ҷавононро дар бар мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббусҳои созандаи худ, бавижа дар соҳаи дипломатияи захираҳои обӣ дар Созмони Милали Муттаҳид мавқеи хоси худро дорад, Ҳадафҳои рушди устуворро эътироф намудааст.
Намояндагии Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA) дар Тоҷикистон якҷо бо шариконаш чӣ дар сатҳи  глобалӣ ва чӣ дар сатҳи миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҷавонони кишвар дар пешбурди тарзи ҳаёти солим, гирифтани маълумот оид ба солимии репродуктивии худ, пешгирии хушунати ҷинсӣ ва дигар ҷанбаҳо, ки дар Ҳадафҳои рушди устувор эътироф гардидаанд, бархӯрдор бошанд. Ба гуфтаи Парвиз Бобоев, имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 1,8 миллиард наврасу ҷавон ба сар мебарад. Аз ин лиҳоз, мавзӯи ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифта, саъю талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он равона гардидааст, ки иқтидори ҷавонон ва неруи созандаи онҳо барои рушди устувори кишварҳо ва беҳрӯзии мардуми сайёра истифода шавад.
Маврид ба зикр аст, ки барои шиносоии наздики наврасону ҷавонони кишвар бо фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид ва зерсохторҳои он соли гузашта дар назди Донишгоҳи славянии Россия - Тоҷикистон Маркази иттилоотӣ ва захиравии СММ ифтитоҳ ёфт. Дар он мунтазам чорабиниҳои гуногун бо ширкати намояндагон ва коршиносони СММ гузаронда мешаванд. Яке аз ташаббусҳои ҷолиб ин баргузории конфронси «Модели СММ» мебошад, ки дар он ҷавонони тоҷик ҳамчун намояндагони СММ баромад намуда, нишасти Маҷмаи умумиро ба шакли машғулият меомӯзанд.
- Дар Тоҷикистон бо ташаббуси UNFPA ва  шариконаш шабакаи ҷавонон барои омӯзиши ҳамсолон - Y-PEER низ фаъолият менамояд, ки беш аз 1000 нафар ҷавон дар чорабиниҳои омӯзишии он ширкат варзидаанд. Имрӯз ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки неруи созандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, дар пешбурди тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат  саҳми чашмрас доранд ва Хазинаи нуфуси СММ низ барои иштироки фаъолонаи онҳо дар рушди устувори Тоҷикистон талош хоҳад кард, - иброз дошт Парвиз Бобоев.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2017    №: 31    Мутолиа карданд: 2546

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед