logo

иқтисод

ХОРУҒ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Феълан дар шаҳри Хоруғ таъмини аҳолӣ бо оби нӯшоӣ, пардохти ҳаққи хизматрасонии об ва ташноб аз проблемаҳои асосианд. Ин масъала дар машварати навбатии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳалли масоили марбут ба фаъолияти минбаъдаи корхонаи фаръии “Обу ташноб” – и шаҳри Хоруғ ҷиҳати дар кӯтоҳтарин вақт баромадан аз вазъи рӯ ба муфлисшавӣ ва пардохти қарз дар назди дигар муассисаҳо, хусусан ширкати “Помир энерҷи”, равона гардид. Сабаби ба муфлисӣ наздик шудани корхонаро масъулон таъсири буҳрони молиявӣ арзёбӣ мекунанд. Акнун зарурият пеш омадааст, ки самти фаъолияти корхона беҳтар гардад. Зеро дар баробари қонеъ гардондани эҳтиёҷоти мардуми шаҳр бо об ва ташноб масъалаҳои дигари ҳалталаб низ зиёданд, масалан, бо оби гарм таъмин кардани аҳолӣ кори пурсамари корхонаро тақозо дорад. Буғхонаҳо чандин сол боз аз кор мондаву бо роҳҳои баҳсангез хусусӣ шудаанд.
Таъминот бо оби ошомиданӣ дар шаҳр ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ин дар ҳолест, ки тобистони соли гузашта дар ҳузури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати нави обгузари Боғевдара - Хоруғ мавриди истифода қарор дода шуд. Он мебоист на танҳо шаҳрро пурра бо об таъмин мекард, балки эътимоди таъминоти онро боз барои чанд даҳсолаи дигар кафолат медод.
Тавре Шодихон Ҷамшед иброз дошт,  таҳлилҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нишон доданд, ки корхона метавонад аз вазъи буҳрони молиявӣ ба тадриҷ берун ояд. Зеро дар муқобили он ки солҳои пеш шаҳр бештар бо истифода аз насосҳои обкаши барқӣ бо об таъмин мешуд, бо ба кор андохтани хати обкаши Боғевдара - Хоруғ, ки худҷорист, зарурияти истифодаи бештари насосҳо аз байн рафт.
Яъне, ба ҷойи хароҷоти барқ барои кори насосҳо корхона соҳиби оби худҷорӣ гардид, ки ягон хароҷотро талаб намекунад, балки ба корхона фоида меоварад. Ба як ҳисоб, айни ҳол ба шаҳри Хоруғ дар як сол аз ҳамаи сарчашмаҳо то 5 миллион мукааб об ворид шуда, мавриди истифодаи сокинон ва идораю муассисаҳо мегардад. Албатта, ин маблағро талаб мекунад. Агар барои истифодаи як метр мукааб об дар як моҳ ба ҳар сари аҳолӣ 7 сомонии муқарраршуда не, лоақал 5 сомонӣ пардохт шавад, корхона маблағи заруриро ба даст меоварад.
Раиси вилоят аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар фаъолияти корхона дар самти ҷамъоварии ҳаққи хизматрасонии об пешравӣ дида намешавад. Қарзҳо рӯ ба афзоишанд. То ҳол аз ин ҳисоб 1 миллиону 367 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст, ки 81 дарсади он ба идораҳои буҷавӣ рост меояд. Яъне, ҳамагӣ 19 дарсади маблағҳои ҷамъшудаи ҳаққи истифодаи обро аҳолии Хоруғшаҳр пардохт намудаанд. Магар бештар аз 30  ҳазор сокини шаҳр ва меҳмонон бо истифода аз ҳамаи намуди хизматрасониҳо ҳамагӣ 19 дарсади оби ба шаҳр воридшударо истифода мебаранд? Таносуби пардохти ҳаққи ташноб низ дар ҳамин ҳол қарор дорад. Умуман, ин қадар обе, ки аз сарчашмаҳои гуногун вориди  шаҳр мегардад, куҷо меравад?  Беадолатист инро бори талафи об бар асари кафидани лӯлаҳои шабакаи обу корези шаҳр кардан. Раиси вилоят аз масъулини корхона ба ин  муаммо посух пурсид, вале  ҷавоби онҳо қонеъкунанда набуд.
Дар робита ба ин масъала Ҳотамшо  Хушназаров, директори  департаменти фурӯши барқи  ширкати “Помир энерҷи”, гуфт, ки доир ба таъмини шаҳри Хоруғ бо барқ мушкиле нест. Вале дар боби пардохти ҳаққи истифодаи он мушкилот ҳанӯз боқӣ мемонад. Раиси вилоят фаъолияти ширкати “Помир энерҷи”- ро дар самти ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ мусбат арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки кормандони корхонаи “Обу ташноб” - и шаҳр бояд аз таҷрибаи ширкати барқӣ васеъ истифода баранд. Зеро солҳои пеш “Помир энерҷи” низ дар чунин ҳолат қарор дошт. Муштариён – баъзе шаҳрвандон ва идораву муассисаҳо ҳатто 25 - 30 ҳазор сомонӣ ба ҳисоби ширкат  пешпардохт кардаанд. Аммо чунин ҳолатро дар пардохти ҳаққи хизматрасонии об мушоҳида намекунем. Чӣ тавр хизматрасонии корхонаро метавон густариш дод, вақте барои таъмиру азнавсозии шабакаҳои об ва ҳатто пардохти музди меҳнати коргарон корхона маблағ намеёбад?
Шодихон Ҷамшед ба роҳбарияти шаҳрдорӣ супориш дод, ки барои омӯзиши дақиқи вазъи таъминоти аҳолии шаҳр бо оби нӯшоӣ ва пардохти ҳаққи он гурӯҳҳои кории босалоҳият ба ҷамоату шаҳракҳо фиристода шаванд.

PS: Тавре аз КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ” иттилоъ доданд, дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшиданӣ дар шаҳри Хоруғ мутобиқи натиҷаи татқиқоти соли 2010  64 дарсадро ташкил медод. Дар раванди татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» баъди ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ дар соли 2016 ин нишондиҳанда ба 76,4 дарсад расид. Ҳоло дар доираи лоиҳаи мазкур барои барқарор намудани ҳавзҳои обнигоҳдорӣ дар шаҳри Хоруғ марҳилаи нави  лоиҳа омода шуда, барои интихоб намудани ширкатҳои пудратӣ рӯзҳои наздик озмун баргузор мегардад. Корҳои сохтмонӣ дар нимсолаи якуми соли 2017 дар иншооти мазкур амалӣ карда мешаванд.
Дар марҳилаи навбатии татбиқи лоиҳа корҳои барқарорсозии хатҳои дохилӣ ва сохтмони системаи канализатсионии шаҳр ба нақша гирифта шудааст. Баъди барқарорсозии шабакаҳои дохилишаҳрӣ  ва хатҳои ташноб дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшоӣ ба 100 дарсад расонда мешавад.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК,
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2017    №: 31    Мутолиа карданд: 2345

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед