logo

ҳуқуқ

СУҒД. ҶИНОЯТҲОИ КОРРУПСИОНӢ МЕАФЗОЯНД, ЧАРО?

Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар соли сипаришуда дар шаҳру навоҳии вилоят ба маблағи 73,5 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор карданд, ки нисбат ба соли 2015 - ум 31 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин 37,6 миллион сомонӣ барқарор шудааст, ки 51 дарсадро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои Карим Иброҳимзода, сардори раёсат, дар ин давра аз ҷониби кормандони ин ниҳод 491 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта фош шудааст, ки назар ба соли қаблӣ 10 адад зиёд мебошад. Дар шаҳру навоҳии Гулистон, Истаравшан, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ ҷиноятҳои коррупсионӣ  рӯ ба афзоиш овардааст, ки боиси нигаронист.
Яке аз масъалаҳои доғи рӯз ҳамоно афзудани ҷинояткорӣ дар самти тақсими қитъаи замини наздиҳавлигӣ боқӣ мемонад. Дар иртибот ба ин масъала 60 ҳолати содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар вилоят ошкор шудааст. Бо андешидани чораҳои муассир кормандони раёсат 36 гектар заминро ба ҳолати аввала баргардонданд. Мутаассифона, дар байни шахсони ба фасодкориву ҷиноят дастдошта, афроди масъули сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ҳастанд. Масалан, Фахриддин Сайфиддинов, ки дар асоси қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 13 июли соли 2016, таҳти № 178 дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Спитамен ифои вазифа дошт, аз ҳадди ваколатҳои хидматиаш баромада, ҷиноят содир кард. Номбурда зимни баррасии муроҷиати шаҳрванд Юсуфҷон Мирсаидов дар бораи ба ӯ вобаста кардани қитъаи замини ошхонаи хусусигардондаи рақами 2, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен, аз бародараш Аюбҷон Мирсаидов ба сифати пора 5000 доллари амрикоӣ талаб кардааст.
Дар натиҷаи гузарондани амалиёти фаврӣ-тафтишотӣ Фахриддин Сайфиддинов худи ҳамон рӯз, яъне 18 августи соли 2016, баъди аз Аюб Мирсаидов гирифтани қисми маблағи пора дар дафтари кораш дастгир ва далели шайъӣ - 3000 доллари ИМА дарёфт шуд. Нисбат ба ӯ бо моддаи 319, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол шудааст.
Ба ҳамин монанд, Ҳаким Маҳмудзода, ки дар вазифаи муовини раиси шаҳри Исфара кор мекард, бо суистифода аз мансаб бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба фарзандаш К.Маҳмудзода қитъаи замин ҷудо намудааст. Ин дар ҳолест, ки писараш на дар Исфара, балки дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Раҷабӣ, хонаи 6 истиқомат мекард. Ҳаким Маҳмудзода бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба номи писараш ариза ва парвандаи ниёзмандӣ ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ тартиб дода, дар МИҲД-и шаҳри Исфара таҳти № 2148 номнавис мекунад, ки дар ин рақам дар китоби қайдҳо аризаи шаҳрванд Ғафур Наҷмиддинов сабт шудааст. Баъдан, бо дахолати ӯ, комиссияи манзили МИҲД-и шаҳри Исфара, бо қарори раиси шаҳр, таҳти № 781, аз 23 декабри соли 2015, ба номи фарзандаш 0,06 гектар қитъаи замин ҷудо кардааст. Нисбат ба номбурда бо моддаи 314 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ба суди шаҳри Исфара ирсол гардидааст.
Ба ин монанд, собиқ муовини раиси шаҳри Хуҷанд Додоҷон Абдуллоев бо собиқ директори КДФ «Сектори истифодаи замин» дар шаҳри Хуҷанд Даврон Ҳасанов, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ Хуршед Ниёзов ва дигар шахсони мансабдор мувофиқа карда, барои ба номи шаҳрванд А. Каримов, ки мехост бинои баландошёна созад, аз ҳудуди маҳаллаи 18-уми шаҳр ҷудо кардани ду қитъаи замин дар давраи моҳҳои январ - феврали соли 2013 - ум 75 ҳазор доллар гирифтаанд. Нисбат ба онҳо бо аломатҳои моддаи 319 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гашта, баъд аз тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол шудааст.
Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» муборизаро бо коррупсия ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта пурзӯр намуда, зимнан дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро васеъ ба роҳ мондаанд.  
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2017    №: 31    Мутолиа карданд: 2233

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед