logo

сиёсат

ХУРРАМГАРДОНИИ ДУШАНБЕШАҲР. 150 РӮЗИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ВА НИҲОЛШИНОНИЮ САБЗКОРӢ

Душанбе – пойтахти  Ватани азизи мо яке аз шаҳрҳои сарсабзу зеботарини дунё буда, дар водии зарнисори Ҳисор дар баландии 750 - 930 метр аз сатҳи баҳр қомат афрохтааст. Масоҳати Душанбешаҳр 126,6 километри мураббаъ ва аҳолии он 802, 2 ҳазор (то якуми январи соли 2016) нафарро ташкил медиҳад. Аз байни он дарёи Душанбе мегузарад. Душанбе маркази бузургтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ, ҳамчунин, шаҳри  калонтарини мамлакат аст.
Тавре хонандагони гиромии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» огоҳанд, рӯзнома ба хотири тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инъикоси  навгониҳо, меҳнату фароғат, дастоварду мушкилот, умуман, зисту зиндагӣ ва дархосту андешаҳои сокинону меҳмонони ин зебошаҳр гӯшаи «Набзи пойтахт» - ро  роҳандозӣ намуд.
Минбаъд зери ин рубрика дар бораи навгониҳо, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии пойтахт хабару мақолаҳо ба табъ мерасанд. «Набзи пойтахт» дар рӯзномаи мо барои шумо – сокинону меҳмонони Душанбешаҳр аст. Умед дорем, ки бо расидани номаҳо, андешаю пешниҳодҳои шумо муҳтавои гӯшаи «Набзи пойтахт» рангину марғубтар ва шаҳри Душанбе дилработар мешавад.
Шаҳрдории пойтахт ба истиқболи 20 –умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Хуррамгардонии Душанбешаҳр – рисолати сокинони пойтахт» аз 1 феврал то 27 июни соли равон 150 рӯзи ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию  сабзкорӣ эълон намуд. Дар ин бора раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор ба тасвиб  расонд. Тавре аз маркази матбуоти дастгоҳи раиси шаҳр ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ҳадаф аз ин иқдом истиқболи шоистаи ҷашни бузурги ваҳдату ягонагӣ тавассути равнақ бахшидани корҳои  созандагию бунёдкорӣ, ободонӣ ва боз ҳам хурраму зеботар гардондани Душанбешаҳр аст.
Тибқи қарор, сохторҳо, муассисаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту корхонаҳои шаҳри Душанбе бояд дар назди  майдончаҳои бино, гулгашту боғҳо, кӯчаю хиёбонҳо ва биноҳои маъмурию маишӣ корҳои  ободонию ниҳолшинонӣ ва сабзкориро  вусъат бахшанд.
Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ, роҳбарони корхонаи  воҳиди давлатии таҷрибавии илмию  истеҳсолии «Сабзкорӣ» - и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаю идора, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони дар ҳудуди пойтахт фаъолияткунанда муваззаф гардиданд, ки дар  мавзеъҳои интихобгардида бо ширкати аҳли ҷамоатчигӣ, бахусус ҷавонон, маъракаи шинондани ниҳол ва сабзкориро бо риояи талаботи агротехникӣ ва тавсияи мутахассисони соҳа ба роҳ монданд.
 Маъракаи хуррамгардонӣ, ҳамчунин тоза намудани кӯчаю хиёбонҳо, соҳили рӯду каналҳо, зиннатбахшӣ ва ободонию тозакории  хонаҳои сокинон, марказҳои истироҳату фароғат, иморат ва иншооти дигари  пойтахтро фаро мегирад. 
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2017    №: 31    Мутолиа карданд: 2221

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед