logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ҲИКОЯТ
Деҳқоне дар Исфаҳон ба дари Хоҷа Баҳоуддини соҳибдевон рафт. Ба хоҷасаро гуфт, ки «Ба хоҷа бигӯй, ки Худо берун нишастааст, бо ту коре дорад». Ба хоҷа бигуфт. Ба эҳзори (ҳозир кардан) ӯ ишорат кард. Чун даромад, пурсид, ки:
-       Ту Худоӣ?
Гуфт:
-Оре.
Гуфт:
-Чӣ гуна?
Гуфт:
-     Ҳол он ки ман пеш деҳхудо ва боғхудо ва хонахудо будам. Нуввоби (яъне ноибони) ту деҳ ва боғу хона аз ман ба зулм бисутурданд, Худо (соҳиб) монд.
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА


БА ДАРС БА БОЛОИ ДАРАХТУ БА БОЛОИ КӮҲ
Яке аз маконҳои дурдаст ва аз мактаб дур дар кишвари Русия ҷойгир аст. Бачаҳои оҳупарварони қутби шимолро чархболи Ми - 8 аз 13 мавзеъ ҷамъ намуда, ба мактаб мерасонад. Толибилмони деҳаи Чжан Тзя Тзеи музофоти Хунани Чин барои таҳсил маҷбуранд аз болои дарахтон ва талу теппаҳои хавфнок гузаранд. Онҳо метавонанд бо роҳи бехавф раванд, аммо он хеле тӯл кашида 4 соат вақтро мегирад. Дар деҳаи Генгуани Гуйчжоу бошад, толибилмон ҳар рӯз бар ивази таҳсил ҷони худро дар хатар гузошта, роҳи пурпечутоби кӯҳиро паси сар мекунанд. Бо як ҳаракати ноҷо онҳо метавонанд ҷони худро низ аз даст диҳанд. Дар Син Тзян толибилмони яке аз мактабҳо барои ба хонаҳояшон расидан роҳи дурӯзаро тай менамоянд. Хайрият, ки онҳо танҳо ҳангоми ба таътил баромадан ба хона мераванд.  Талабагони индонезӣ роҳи 6 километраи байни деҳаҳои Суро ва Племпуняни ҷазираи Яваро бо роҳи пурхатари ҷангали хавфнок иваз намудаанд. Дар Филиппин хонандагони яке аз деҳаҳо барои аз дарёи пуртӯғён гузашта ба мактаб расидан аз баллони дамкардашудаи чархҳои мошин истифода мебаранд. Дар шаҳри Боготаи Колумбия бошад, талабагон аз минтақаи ҷангалзори наздики дарёи Рио - Негро тавассути сими оҳанини 800 - метра, ки дар баландии 400 метр ҷой гирифтааст, мегузаранд.  
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


КАТИБАИ ВОРУХ
Катибаи Ворух хати замони ҳукмронии сулолаи  Қарохониён дар шаҳри Исфара маҳфуз аст.  Байни деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Ворух ду катибаи дар рӯйи харсанг бо забони арабӣ навишташуда ёфт шуд, ки онҳоро В. В. Бартолд ва М. С. Андреев (соли 1896), Л. Половсев (соли 1904), К. А. Инострансев (соли 1925) ва Б. А. Литвинский (соли 1956) тадқиқ кардаанд. Катибаи Ворух соли  1041 сабт шуда,  дар он номи намояндаи сулолаи Қарохониён Муизуддавла Арслонтагин Абулфазли Аббос зикр ёфтааст. Падари муаллифи катиба Бӯритагин тахаллуси “Муаййиду – л – адл” (“Ҳимоятгари адолат”) – ро дошта, барои аз ҳокими Хуҷанд Айнуддавла эмин доштани мулки худ писарашро ҳокими Исфара таъйин кард. Писари Бӯритагин Муизуддавла Арслонтагин Абулфазли Аббос барои аз ҷиҳати сиёсӣ қонунӣ гардондани ҳокимияташ катибаро ба номи худ сабт кунонд. Катибаи Ворух доир ба таърихи ҳукмронии сулолаи Қарохониён дар Мовароуннаҳр манбаи муҳим ба шумор меравад.
Таҳияи Мирзои ФИРӮЗ


"АМАЛИЁТИ КОБРА" ДАР ҚРИМ
Соли 1976. Дастаи филмбардорони Киностудияи ба номи Довженко дар шаҳраки Моҳигирони Ялтаи Қрим филми «Ҷазираи умед» («Остров надежды») – ро ба навор мегирифтанд. Актёри тоҷик Абдулхайр Қосимов дар он нақши сардори моҳигиронро иҷро мекард. Қаҳрамони ӯ худро аз одамон дур гирифта, дар қатораҳо мехобид.  Сару рӯяш чиркин ва либосҳояш дарида буданд.
Рӯзе бо либосҳои кориаш барои хӯрокхӯрӣ ба ошхонае, ки 100 – 200 қадам дуртар аз ҷойи наворгирӣ ҷойгир буд, меравад. Ҳамин ки аз дари ошхона медарояд, пешхизматҳо Қосимовро бо ангушт ишорат карда, «Ана, ҷосус, худи худаш», - гӯён механданд. Дар назди дар ду милиса нишаста хӯрок мехӯрданд. Онҳо калимаи «ҷосус» - ро шунида, безобита мегарданд. Актёр акнун қошуқро ба даҳон бурданӣ мешавад, ки дар ду паҳлуяш милитсионерони ростистодаро  мебинад. Яке аз онҳо  дасташро ба чаккаи пешонааш бурда, мепурсад:
- Марҳамат карда ҳуҷҷататонро нишон диҳед? Актёр посух медиҳад:
- Ҳуҷҷатам дар дастам нест. - Аммо милиса овозашро баландтар карда, аз ӯ ҳуҷҷат мепурсад. Қосимов такрор мекунад: «Э, бародар, ҳуҷҷатам бо худам нест. Ман ҳу ана дар он ҷо кор мекунам», - гӯён ҷойи наворгириро нишон медиҳад.
- Ман ба ту бародар нестам, - мегӯяд аз қаҳр милиса. Вале мебинад, ки суханаш асар надорад, бо қаҳр «Хез аз ҷоят, ба идораи мо меравем», - гуфта, аз дасти актёр кашида бурданӣ мешавад. Ҳамин вақт пешхизматҳое, ки ӯро «ҷосус» гуфта буданд, омада ба милитсионерон мефаҳмонанд, ки ин ҷосус не, актёрест, ки дар филми «Амалиёти Кобра» нақши ҷосусро бозидааст. Милитсионерон аз ин тавр ранг гирифтани кор худашонро гум мекунанд. Абдулхайр Қосимовро бошад, ҳаяҷон фаро мегирад, ки ӯро дар ин гӯшаи кишвар низ мешинохтаанд.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд
ҚИТЪАҲОИ ПОРАШУДА ВА ҒАРҚГАШТА
Агар ба харитаи замин назар афканем, монандии ҳайратангези хатҳои лабисоҳилии Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ, Австралия ва Африқо, Австралия ва нимҷазираи Ҳиндустонро метавон чун пораҳои як материки том пайхас намуд, ки дар натиҷаи таъсири неруи фавқулода бузург пош хӯрдаанду бо фарохиҳои уқёнусҳо ба ҳиссаҳо ҷудо карда шудаанд…
Шояд, шахсе, ки бори нахуст ба ҳам шабоҳат доштани суроби соҳилҳои ғарбии Африқо ва соҳилҳои шарқии Амрикои Ҷанубиро пай бурд, Френсис Бэкон, файласуфи англис, бошад. Соли 1620 вай мушоҳидаҳои худро бе ягон шарҳу тафсир дар китоби «Суробҳои нав» нашр кард. Соли 1658 рӯҳонӣ Ф. Пласе гипотезаеро иброз дошт, ки гӯиё Аврупову Амрико дар гузашта як қитъа будаанд. Баъди 200 сол, соли 1858, Антонио Син-дер-Пеллегрини итолиёвӣ кӯшиш намуд, ки симои аввалаи қитъаҳоро барқарор созад ва барои ин мақсад ҳатто харитае кашид, ки дар он Африқою Амрико дар ҳудуди як қитъа муттаҳид тасвир ёфтаанд.
Олими олмонӣ, метеоролог Алфред Вегенер идеяи «дрейфи материкҳо» («ҳаракати қитъаҳо») - ро ба шакли математикӣ даровард. Вай соли 1915, баъди 5 соли таҳқиқот асари худро бо номи «Пайдоиши қитъаҳо ва уқёнусҳо» ба чоп расонд. Ӯ дар асоси далелҳои геологӣ, географӣ ва палеонтологӣ исбот кард, ки дар гузашта Замин танҳо аз як материк – Пангеяи хоросангӣ (пан-умумӣ, гея-замин, юнонӣ) ва аз як уқёнус - Панталасса (таласса-баҳр, юнонӣ) иборат буд. Ба ақидаи вай тахминан 250 - 200 миллион сол пештар Пангея дар натиҷаи зери  таъсири неруи гардиши Замин мондан ба чанд қитъаи алоҳида тақсим шуд.  «Тахайюлоти афсонавӣ» - чунин унвон карданд олимон гипотезаи ӯро. Барои дарёфти санадҳои нав Вегенер соли 1930 ба Гренландия сафар намуд ва дар он ҷо ба ҳалокат расид…
… Баъди 40 сол, дар Токио, дар ассамблеяи муттаҳидаи олимони ҷуғрофидон ва уқёнусшиносон, геологу геофизикҳои дунё, гипотезаи «дрейфи материкҳо» («ҳаракати қитъаҳо») расман бо овоздиҳии аксарият қобили қабул дониста шуд. Таҳқиқоти минбаъда собит сохтанд, ки воқеан 225 миллион сол пеш Пангея аввал ба ду ҳиссаи бузург: Лавразия (шимолӣ) ва Гондвану (ҷанубӣ), Панталасса низ ба 2 уқёнус – уқёнусҳои Ором ва Тетис тақсим шуданд. Тетис қариб 6-7 миллион сол пештар аз байн рафт ва ба ҷои он баҳрҳои Миёназамин, Сиёҳ, Азов, Хазар ва Арал пайдо гаштанд. 
Ба ғайр аз қитъаҳои имрӯза оё боз қитъаҳо мавҷуд буданд?
…«Писарак Tea Вака гуфт:
– Замини мо пештар хеле бузург буд, хеле паҳновар.
Куукуу аз вай пурсид:
– Чаро кишварамон хурд шуд? Tea Вака посух бидод:
– Ба замин Увоке асояшро халонд. Сипас вай асояшро ба оби Охиро партофт. Мавҷҳо бархостанд ва замин ҳамин хел майдаяк шуд…»
Ин ҳикояи сокинони маҳаллии ҷазираи Пасха, ки дар китоби А. Кондратов «Асрори уқёнуси бузург» оварда шудааст, ба ақидаи баъзе аз олимон маънои онро дорад, ки уқёнуси Ором қитъаи бузургеро бо номи Патсифид ба коми худ кашидааст ва пораҳои онро метавон имрӯз дар Амрико, Австралия, Зеландияи Нав ва дар Антарктида дарёфт намуд. Ва ин раванди барҳамхӯрии қитъа дар ривоятҳои мардумӣ ҳифз шудааст. «Пешво бидид, ки замини ӯ оҳиста зери баҳр меравад. Вай хизматгорони худ, занону мардон, пиру барноро ҷамъ карду дар ду киштии калон шинонд. Вақте ки онҳо ба уфуқ расиданд, пешво дид, ки ҳамаи замин, ба ғайри қисмати хурди он, ки Маори ном дошт, зери об рафт». Чунин ривоятҳо дар ҳамаи кишварҳо вуҷуд доранд. Академик В. Обручев дар соли 1956 нависта буд, ки дар зери таъсири гармии Офтоб барфу яхҳои ду қутб: шимоливу ҷанубӣ об шуда, дар Замин фалокат ба амал оварданд, баъзе қитъаҳо гум ва баъзе қитъаҳои нав пайдо гаштанд. 
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


КИТОБ - МУАММО
Тарроҳи машҳур Брэд Уитни китоби чӯбинеро бо номи «Силенда Кодексом» омода намудааст, ки аз 5 саҳифаи сарбастаи муаммодор иборат буда, барои кушодани ҳар як саҳифаи он донистани  рақами махфӣ зарур аст. Танҳо баъд аз пайдо намудани рақам  метавон саҳифаи навро боз намуд. Уитни дар китоби ғайриодии худ оид ба  дафтари кории Леонардо да Винчи ҳикоя мекунад. Хонанда лаҳзаи ворид шудан ба ин китоб бо 5 мушкилие рӯ ба рӯ меояд, ки ҳалли яке ба  дигаре пайвастааст.
Барои кушодани саҳифаҳо шахсро мебояд, ки дониши баланди техникӣ дошта бошад. Зеро ин китоби ғайриодӣ ба тарзи механикӣ кушода мешавад.
Дарёфти муаммо ва аз як саҳифа ба саҳифаи дигар гузаштан собит месозад, ки то кадом андоза донишҳои механикӣ дар он истифода шудаанд. Истифодабарандагон баъд аз кушодани 5 саҳифаи ин китоб  метавонанд маълумотҳои аҷиберо дарёфт намоянд.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


Ҷамъбасти соли 2016: рӯйдодҳои асосии илм ва коинот
САДАМАИ «СКИАПАРРЕЛЛИ»
19 октябри соли гузашта дар доираи супориши махсуси русиву аврупоии «ЭкзоМарс-2016» озмоиши модули таваққуфии «Скиапаррелли» гузаронда шуд. Ҳангоми таваққуф ба сатҳи Миррих мутахассисон алоқа бо дастгоҳро гум карданд. Рӯзи дигар агентии сайёҳии Аврупо (ЕКА) дар бораи садамаи модул хабар дод.
Сабаби садама танҳо пас аз як моҳ маълум гашт. Таҳқиқот нишон дод, ки «Скиапаррелли» бинобар мушкилот дар таъминоти барномавӣ мункасир гашт.  Датчики андозагири суръати гардиши объект дар меҳвари худ ба компютери киштӣ оид ба баландии парвоз маълумоти нодуруст фиристод. Муҳаррикон пеш аз муҳлат қать гаштанд ва модул пора шуд.
Ин ҳодиса барои миссияи «ЭкзоМарс» номуваффақ нест. Мутахассисон ҳамаи маълумоти лозимиро аз киштӣ гирифта тавонистанд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


ПАБЛО ПИКАССО
Пикассо рассоми фаронсавии испанитабор мебошад. Дар мактабҳои санъати нафисаи Барселона ва Мадрид таҳсил карда, аз соли 1904 сокини Париж мешавад.
Аз оғози солҳои 1900 – ум бо мусаввараҳои барҷастааш шуҳрат ёфтааст.  Асарҳои «Давраи инқилобӣ» ва «Давраи гулобӣ», ки дар онҳо рангҳои кабуду гулобӣ бартарӣ доранд, ба мавзӯи фоҷиаи одамони бехонумон – нобиноён, гадоён, оворагон бахшида шудаанд.
Ӯ ҳамроҳи Ж. Брак ба кубизм асос гузошт. Пикассо предмети тасвиршавандаро ба ҷузъҳои геометрӣ ҷудо карда, шаклро вайрон менамуд. Бо вуҷуди ин,  аксари асарҳои ин давра офаридаи ӯ аз назокати хос бархӯрдоранд. Аввали солҳои 20  - уми асри гузашта Пикассо ба неокласситсизм рӯй меорад.
Аз образҳои одамони одии офаридаи рассом бинанда дар бораи ҳамзамононаш тасаввуроти мукаммал пайдо мекунад. Яке аз асарҳои прогрессивии бар зидди фашизм офаридааш паннои монументалии «Герника» (1937) мебошад, ки қуллаи баланди эҷодиёти Пикассо ҳисобида шуд. Асари ӯ «Кабӯтари сулҳ» (туш, 1947) рамзи муборизаи сулҳҷӯёни олам гашт.
Таҳияи Умар АЛӢ


ХАТИКО - САГИ ВАФОДОР
Хатико, саги бовафо, 10 ноябри соли 1923 ба дунё омадааст. Соҳибаш сагчаро ба профессор Хидэсабуро Уэно, ки дар Донишгоҳи Токиё дарс мегуфт, ҳадя намуд. Профессор ба ӯ Хатико ном гузошт, ки дар забони ҷопонӣ маънии дилбастагӣ ва тобеиятро дорад. Вақте ки Хатико калон шуд, дар ҳама ҷо соҳибашро ҳамроҳӣ мекард. Ҳар субҳ замони ба кор рафтани соҳибаш ӯро то истгоҳи роҳи оҳани Сибуя гусел менамуд. Сипас, соати 3 - и рӯз дубора ба он ҷо меомад, то соҳибашро пешвоз бигирад.
Аммо, 21 майи соли 1925 дар донишгоҳ профессор ногаҳон ба сактаи дил мубтало гардида, аз олам даргузашт. Он вақт Хатико яксолаву шашмоҳа буд. Аз он рӯзи фоҷиабор Хатико натавонист дигар  соҳибашро пешвоз бигирад, аммо ҳар рӯз ба истгоҳ омада, то бевақтии шаб интизорӣ мекашид.
Тоҷирони маҳаллӣ ва хизматчиёни роҳи оҳан аз вафодории саг ба ваҷд омада, ба ӯ хӯрок медоданд. Ин саги аҷиб дар тамоми Ҷопон пас аз нашри мақолаи «Саги пири вафодоре, ки пас аз ҳафт соли марги соҳибаш ҳамоно чашмаш ба раҳи ӯ чор аст» машҳур гашт. Ин саргузашт ҷопониҳоро мафтун карда, ҳамарӯза барои дидани саг даҳҳо нафар ҷамъ меомаданд.
Хатико давоми 9 сол, то рӯзи маргаш - 8 марти соли 1935 ба истгоҳ меомад. Ҷасади Хатикоро дар наздикии истгоҳ дарёфт карданд. Табибон муайян сохтанд, ки Хатико бар асари маризии саратон фавтидааст. Баъд аз марги Хатико дар мамлакат рӯзи мотам эълон шуд.
Феълан муҷассамаи Хатико дар истгоҳи Сибуяи Ҷопон ҳамчун рамзи вафодорию садоқат ва меҳру муҳаббат афрохта шудааст.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


МУАММО
Калимаҳои “бон” (“бобон”), “соро” ва “манд” бо ҳам чӣ алоқамандӣ доранд ва ба чӣ модда тавъаманд? Ин модда чӣ ном дорад, чӣ гуна ва дар кадом ҳолат ба вуҷуд меояд? Он моддаро дар кадом соҳаҳо истифода мебаранд?
Агар ба муаммо ҷавоб ёфтед, ду – се ибора ё ду мисраъ шеърро ҳамчун намуна  биёред.
Таҳияи Мирзои ФИРӮЗ


Мо аввал ба хоҳишҳои худ ғулом мешавем, баъд ба онҳое, ки иҷрои ҳамин хоҳишҳоямон аз онҳо вобастагӣ дорад.
Таҳияи Лола РИЗОЕВА


«МОХИНИ - АТТАМ» РАҚСЕ, КИ ИНТИҲО НАДОРАД
Моҳи сентябри соли гузашта, сокини 37 - солаи Ҳиндустон Каламандалам Хемалента дар озмуни рекордӣ, ки дар маркази музофоти Керала – Триссуре гузошта шуд, рақси миллии ҳиндӣ  «Мохини – аттам» - ро 123 соату 15 дақиқа иҷро намуд.
Онҷо намояндаи комиссияи «Китоби рекордҳои Гиннес»  Амарилис Уайти ба ҳунари ӯ баҳои баланд дода, қайд кард, ки ҳама қоидаҳои шомил шудан ба китоби рекордҳо дар ин рақс риоя гардида, Хемалента ҳамчун иҷрокунандаи рақси дарозмуддат дар олам эътироф шуда, вориди китоб гардид.
Ба ақидаи Хемалента ӯ ба ин амал барои он даст задааст, ки мавқеи рақси миллиро дар фолклор ва фарҳанги ҳинд боз ҳам болотар барад. Бояд қайд намуд, ки ин дастовард дар Ҳиндустон ягона набудааст. Боре  3 ҳазор раққосаҳои ҳиндӣ дар шаҳри Ҳайдарободи музофоти Андхра – Прадеш рақси классикии «Кучипуди» - ро иҷро намуда, рекорди ҷаҳонӣ гузошта буданд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


170 РӮЗ БЕ НЕРУ
Телефонҳои мо бо суръати кайҳонӣ тағйир меёбанд. Ҳоло дастгоҳҳое бароварда шудаанд, ки то 170 рӯз неру нагирифта кор мекунанд. Ин телефонҳо ба таври моноблок сохта шудаанд. Коркард ва истеҳсоли онҳо аз ҷониби ширкати «China Elektronics Corporation» амалӣ шудааст. 
Модели мазкур дорои дастгоҳи тугмачаҳо ва батареяи гунҷоишаш 3160 мАч мебошад. Манбаи таъминотӣ гуфтушуниди бетанаффуси 58 соатаро кафолат медиҳад. Дар реҷаи корӣ ин нишондод ба 170 рӯз баробар аст.
Дастгоҳи 156 граммаи он дигар асбобҳоро низ аз неру пур карда метавонад. Он дорои  ҷойи 2 SIM - корт, камераи 2 МП, корти micro SD ва Blutooth A2DP мебошад. Чароғи равшанидиҳӣ ҳам дорад. Онро метавон ба сифати МР3 плейер низ истифода бурд. Андозаи телефон 133, 5 х 58, 6 х 15, 7 миллиметр  буда, арзиши он бо асъори миллии мо 615 сомониро ташкил медиҳад.
Таҳияи Л. ШАРИФ


ҲОДИСАИ ФАВҚУЛОДА ДАР БОЗИИ ТЕННИС
Дар дидори панҷуми 1/8 ниҳоии Ҷоми Девис миёни дастаҳои мунтахаби Канада ва Британиёи Кабир ҳодисаи фавқулода ба миён омад. Теннисбози мунтахаби Канада Денис Шаповалов аз нобарории ҳунарнамоии хеш ба эҳсосот дода шуду бо ракетка тӯбро ба замин зад, ки зарбаи ӯ ба чашми сардовари мусобиқа Арно Габа (Фаронса) бархӯрд ва боиси ҷароҳат бардоштани сардовар гардид.
Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) рафтори ғайриварзишӣ ва амали бидуни ғарази варзишгари канадагиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба ӯ ҷазо муқаррар намуд. Дар натиҷа Денис Шаповалов ба маблағи 7000 доллари ИМА ҷарима ва бо тасмими доварону масъулони мусобиқа ӯ аз идомаи бозӣ барканор  гардида, ба мунтахаби Канада бохти техникӣ эълон шуд.
Рафтори ғайриварзишии теннисбози канадагӣ акнун доваронро ҳушдор медиҳад, ки ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ин гуна мавридҳои нохуш ҷазои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.
Сардовари ҷароҳатбардошта муолиҷаи  минбаъдаи хешро дар Фаронса хоҳад гузаронд.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ


ЛОТИ ҒАЙРИОДӢ
Тавассути сомонаи «Alexander Historical Auctions» хабари аҷибе паҳн гардид. Дар он гуфта мешавад, ки телефони тамғаи «Siemens» - и ба Гитлер ҳадякардаи Вермахт ба савдо гузошта мешавад. Онро соли 1945 аскарони шӯравӣ аз бункери Гитлер ёфта, ба яке аз афсарони британиягӣ ҳадя намудаанд. Афсаре, ки исмашро ифшо накардааст,  онро зиёда аз 70  сол дар хонааш нигоҳ дошта, акнун бо нархи гарон фурӯхтанист. 
Ин лотро бо шарҳи «яроқи вайронкортарини тамоми давраҳои таърихӣ, ки ба ҳаёти миллионҳо одамон нуқта гузоштааст» ба фурӯш баровардаанд. Нархи ибтидоии телефон 200 - 300 ҳазор доллар муайян шудааст.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2017    №: 32    Мутолиа карданд: 2180

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед