logo

фарҳанг

ВАСИЯТ

(Ҳикояи воқеӣ)
Суханони модар Каримро ором намегузошт. Ҳарчанд мехост фикрашро ба дигар самт равона кунад, боз омада-омада гапҳои дирӯз гуфтаи модар дар майнааш чарх мезад.
- Писарам, ту одами доранда, шукр аз ҳеҷ чиз камӣ надорӣ. Ҳавлию дарат тинҷ, зану бачаҳот дар пешат. Лек васияти падарро ба ҷо наорӣ, баракат намеёбӣ.
- Очаҷон, охир ба мо чӣ намерасад, ки боз ба деҳа рафта хонаву дар кунем?
- Ман нагуфтаам, ки дар деҳа хонаву дар пӯшон, не, лозим нест. Падарат гуфта буд, ки ҳар гоҳ Каримҷон бадавлат шуду аз дасташ омад, хонаи деҳаро обод кунад, боғу роғашро сабзонад. Ман ҳамон суханони падаратро ба ту расонда  истодаам. Боқӣ ихтиёр дорӣ, писарҷон.
- Майлаш, ман гуфтаатонро иҷро мекунам. Лекин бобои Иброҳиму холаи Хуморро куҷо мебарем? Боз нагӯянд, ки дар пирӣ моро аз ҳавлиашон ронданд?
- Аввал ин, ки бачаи бобои Иброҳим дар шаҳр хона гирифтаасту падару модарашро ҳамон ҷо бурданӣ. Сониян, ҳавлиро падарат ба онҳо ба шарте дода буд, ки то вақти зарурат нишинанд. Ҳар вақте хонаву дар пайдо карданд, ҳавлиро ба ту диҳанд. Бобои Иброҳим аз аввал дар зиндагӣ одами хуб набаромаду холаи Хумор рӯзи беҳ надид. Ёфтаву тофтаашро ба арақ зад. Хонасӯхта ҳар рӯз маст ба хона меомаду ҷангу ҷидол мекард. Вай на ғами оиларо мехӯрду на парвои хонаву дар дошт. Хайрият писараш Исмоил аз пайи падар нарафт. Дар мактаб нағз хонд. Ахлоқаш ҳам хуб буд. Кадом як мактаби калонро дар Душанбе тамом карду дар ҳамон ҷо ба кор даромад. Мегӯянд як духтари калоншавандаро ба занӣ гирифтааст. Ҳавай гуфтааст, ки падару модаратро дар дами пирӣ танҳо намон, ки хор мешаванд, онҳоро ба шаҳр кӯчонда биёр. Худам нигоҳубин мекунам, хӯрокашонро мепазам, либосҳояшонро мешӯям, дарзмол мекунам гуфтааст, - хулоса кард модар.
- Майлаш, модарҷон, гуфтаи шумо шавад. Пагоҳ рӯзи истироҳат. Ману набераат Зафар ба деҳа меравем, супоришатонро иҷро карда бармегардем, - гуфт Карим. 
Баъди ин гуфтаҳои фарзанд кампир қаноатманд ба фарзанду келин ва наберагон хоби хуш орзу намуда, ба ҳуҷраи хоби худ гузашт.
…Мувофиқи ваъда Карим  ҳамроҳи писараш Зафар баъди чошт роҳи деҳаи падарӣ - Навободро пеш гирифтанд.  Дар ин чанд соли набудани ӯ деҳа хеле обод гашта, аҳолиаш ҳам афзудааст. Вале онҳо барои ёфтани ҳавлӣ чандон заҳмат накашиданд. Дар аввали деҳа бо мӯйсафеде вохӯрда, ҷои ҳавлиро пурсон шуданд.
- Исто, ки ту ба Раҳимпаҳлавон кӣ мешавӣ, - пурсид мӯйсафед аз Карим.
- Ман писараш, ин  Зафар, писари ману набераи раҳматии падарам.
- Ку инсӯтар биё,- ба Зафар нигоҳ карда гуфт мӯйсафед. - Калаканди бобояш-е. Чунон монанд, ки гуфтан надорад. Бобои ту дар ин деҳа марди мардон буд. Дар хоҷагӣ корҳои роҳбариро иҷро мекарду дар гӯштингирӣ дар ин гирду гӯша ягон кас ба ӯ баробар шуда наметавонист. Бинобар ин, ӯро ҳама паҳлавон мегуфтанд. Агар рафту номашро гиранд, кадом Раҳим гуфта мепурсиданд. Дар роҳбарӣ ҳамто надошт. Ҳамеша нақшаҳои хоҷагӣ иҷро буду мардум аз вай розӣ. Борҳо бо ордену медал сарфароз гашта буд. Як бор барои хизматҳояш ба вай мошин ҳам туҳфа карда буданд.
- Ту ҳам нағз хон,-баргашта ба Зафар нигоҳ карда гуфт мӯйсафед, - номбардори бобоят шав.  Пирӣ-да,  шуморо ба гап гирифта, ҳатто ба хона даъват накардам. Мебахшед, биёед ба хона дароем, як пиёла чой гирифта, баъд меравед. Ҳоло бобои Исмат фаҳмад, ки ман шуморо бе меҳмондорӣ гусел кардаам, ҳоламро табоҳ мекунад.
- Ташаккур, дафъаи дигар. Ҳоло мо камтарак саросема, - гуфта Карим даъвати мӯйсафедро рад карда, ҳамроҳи писараш ба самти нишондодаи ӯ раҳсипор гаштанд.

Дар даромадгоҳи ҳавлӣ мошини бузурге меистоду чанд нафар лашу лушро бор мекарданд. Бобои Иброҳим, ки дар як гӯша ҳаракати ҷавононро назора мекард, баробари дидани Кариму писараш аз ҷояш хесту сӯи онҳо қадам монд.
- Биё - ку, Каримҷон, дар қадамот садқа. Дар вақташ омадӣ. Ман аз падарату аз ту як бар ҳазор розӣ ҳастам. Раҳматӣ ҷони одам буд. Ғами ҳамаро мехӯрд, ба ҳама некӣ мекард. Набошад ман куҷою Раҳимпаҳлавон. Не, худаш даъват карду гуфт, ки медонам, ҳолат вазнин. Маро ба дигар ҷой ба кор гузаронданд. Хона ҳам доданд. То замони хонаву дар карданат дар ҳамин ҷо шин. Дар ба дари мардум гашта, зану фарзандонатро азоб надеҳ. Кадом вақт иморат сохтӣ, баъд ихтиёрат,-инро гуфту бобои Иброҳим ноаён оби чашмонашро пок намуд.-Имрӯз Исмоил омадааст, ки ману кампирро ба хонаи худаш барад. Ба вай ҳам раҳмат, ки дар дами пирӣ моро танҳо намегузорад. Дар ин ҳавлӣ хеле меҳнат кардам. Иморати нав сохтам, боғро пурра аз нав кардам. Ҳар сол аз ин ҷо садҳо кило гелосу шафтолу, ноку ангур себу анор мерӯёнем. Ҳам ба фарзандон мерасаду ҳам ба бозор мебарем. Чанд бор ба дасти Исмоил ба хонаи ту ҳам фиристода будам.
- Дуруст мегӯед, бобои Иброҳим,-суханони боборо тасдиқ намуда гуфт Карим. Дар хона ҳар дафъа меваҳои боғатонро таъриф мекунанд, ташаккур.
- Боғи мо не, боғи худатон. Биёед ба ҳавлӣ дароем,-пеш-пеш даромад бобои Иброҳим ва занашу писарашро садо кард.
Холаи Хумор зуд ба рӯи шолчаи болои сӯфача кӯрпача паҳн карда, дастархон густурд. Чою нон, қанду қандалот ва аз меваҳои боғи ҳавлӣ як лаълии калон себу нок, ангуру анор оварда монд.  Мардҳо гирди дастархон нишастанд, аз ину он суҳбатро оғоз карданд. Холаи Хумор, ки дар як гӯшаи сӯфа амонат менишаст, ба суҳбат ҳамроҳ шуда, аз ҳолу аҳволи оилаи Карим, бахусус саломатии модараш пурсон шуд.
- Шукр, бардаманд, ба шумо салом гуфтанд. Акнун, ки ба шаҳр меравед, ба хонаи мо ҳам биёед. Бо модарам суҳбат карда, занги дилро мешӯед. Модарам дар бораи  шумо ҳамеша гап мезананд. Ҳамон кас гуфтанд, ки ин ҳавлиро обод кунам.
-Кори хуб мекунед, ки чароғи падарро фурӯзон мекунеду арвоҳашро шод,-хурсанд шуд холаи Хумор. Ин дам чизе ба ёдаш омаду хавотиромез ва бо овози паст, гӯё касе мешунида бошад, ба Карим гуфт:
-Ин ҳавлӣ сир дорад. Ман бояд онро  ба шумо гӯям.
- Чӣ сир будааст? - ба чизе сарфаҳм нарафта пурсид Карим.
- Дар ин ҳавлӣ як мори калону бадҳайбат пайдо шудааст, метарсам, ки ба шумо зарараш нарасад. Баъзан, бегоҳиҳо як мӯйсафеди дар тан ҷомаи сафед, саллаи калони сафед бо риши дарози сафед пайдо мешавад…
- Сӣ сари сол дар ҳамин ҷо зиндагӣ карда, ман на мор дидаму на мӯйсафед.-сухани холаи Хуморро бурида гуфт бобои Иброҳим.
- Одами арақхӯр ин чизҳоро намебинад. Ту кай ҳушёр будӣ? Беёд медаромадию беёд мебаромадӣ,-қаҳри кампир омад.
- Ин гапҳоро мону хез бору бунатро ба мошин бор кун. Калидҳои дарвозаю дари хонаро ба Каримҷон оварда деҳ, ки ба инҳо ҳам дер нашавад.
- Ташаккур, холаҷон, гуфтаҳоятонро ба инобат мегирам. Шояд мор бошад, лекин мӯйсафед дар ин ҳавлӣ чӣ кор мекунад?
Бобои Иброҳим суҳбатро кӯтоҳ намуда, омин карду ҳама аз ҷой хестанд. Калидҳоро ба Карим доданд. Вай ваъда кард, ки имрӯз дер шуду пагоҳ баъди кор омада аз ҳолати хона, боғу роғ хабар мегираду баъд оҳиста-оҳиста ба таъмираш шурӯъ мекунад.
Рӯзи дигар Карим Раҳимов баъди аз кор фориғ гаштан мошинро ҷониби деҳаи Навобод ронд. Дар сар саду як хаёл дошт. Меандешид, ки аввал иморатро чаппа карда, ба ҷояш бинои наву ҳозиразамон созад, ки ташнобу ҷои шустушӯ дар дохилаш бошад. Ба ҷои сӯфа аз чӯб шипанг месозад. Боғро ҳам дигар кардан даркор, ба ҷои дарахтони куҳансол дарахтони нав мешинонад…
Ғарқи ҳамин андешаҳо мошинро назди дарвоза гузошту даруни ҳавлӣ даромад. Гирди боғро давр зада, ба назди сӯфа омад. Ҳамин дам суроби  мӯйсафеди пироҳани сафедпӯшро дид, ки саллаи калони сафед дар сар ва бо риши паҳну дарози сафед, дар дасташ дафтари сиёҳ аз он сӯи сӯфа ба тарафи ӯ меомад.
- Ассалому алайкум, - ҳамин қадар аз даҳонаш баромаду халос. Дасту пояш меларзид. Маҷоли рост истодан надошт. Ба ёдаш гуфтаҳои холаи Хумор омад.  Чӣ кор кунад? Гурезам гӯяд, пойҳояш намеҷунбанд.  Ҳарчи бодобод.
- Мӯйсафед ҷавоби саломро гардонду омирона пурсид:
- Шумо кӣ?
- Карим Раҳимуф.
- Раҳимуф не, Раҳимзода гӯед. Дар ҷойҳои мо дигар уфу пуф нест, ҳама тоҷикӣ шудагӣ.
- Ба ман чанд бор гуфтанд, ки номатро тоҷикӣ кун, накардам, ана акнун дарди сарам шуд. Ҳатто дар он дунё ҳам  ному насаби тоҷикӣ даркор будааст, - аз дил гузаронд Карим ва номаълум ба мӯйсафед назар кард, ки дафтарашро варақ мезад.
- Номи ту нест - ку, Раҳимзода.
- Ман  намозамро дар вақт-вақташ мехонаму рӯза мегирам, шояд барои ҳамин дар дафтари шумо номи ман набошад.  Лек боз аз гуфтааш пушаймон гашт, хаёл кард, ки мӯйсафед дар бораи вай ҳама чизро медонад, рӯза нагирифтану намоз нахонданашро ҳам.
- Канӣ рӯйхати навомадагонро бинам, - гуфту мӯйсафед дафтари дигарро варақ зад.
- Дар ин ҷо ҳам номи ту нест. Аҷабо.
- Бобо, шумо аз куҷо? - ҷонҳавлак пурсид Карим.
- Ман аз қабристон.
Дасту пои Карим якбора ях баст. Наход дигар зану фарзандонашро набинад? Бе ӯ ҳоли модар чӣ мешавад?
- Гузаштагони ту дар куҷо дафн карда шудаанд? - хомӯшии яклаҳзаинаро халалдор кард мӯйсафед.
- Дар Ҳисор, Ғозималик, як қисм дар ноҳияи Ёвон…
- Барои ҳамин номи ту дар дафтари мо нест. Ман посбони қабри деҳаи Навободам. Аҳли деҳа маслиҳат кардем, ки оромгоҳро ба ифоқа биёрему рӯҳи гузаштагонамонро шод гардонем. Барои маҳкам кардани атрофи он аз ҳар нафаре, ки дар ин ҷо наздиконаш хок шудаанд, 50 сомонӣ ҷамъ карда истодаем. Гумон кардам, ки хокдони шумо ҳамин ҷост.
- Бобоҷон, ана сад сомонӣ, гиреду равед, ки қариб маро талхакаф кардед.
- Не, панҷоҳ сомонӣ, бақия медиҳам.
- Ба панҷоҳ сомонии бақия дуо диҳед, ман розӣ.
Карим розӣ буд, ки боз сад сомонии дигар диҳаду аз ин ҳавлӣ тезтар баромада равад.

М. САЙЁД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2017    №: 32    Мутолиа карданд: 2121

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед