logo

фарҳанг

БА ҶУЗ МЕҲР БА ҶУЗ ИШҚ...

Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад.
Аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(20 январи соли 2016)
Мо ӯро дӯст медоштем. 25 нафар - ҳама ӯро дӯст медоштем, мисли бародар, мисли падар. На дар он панҷ сол (солҳои 1979 – 1984), ки куратори мо - муҳассилини факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳсуб мешуд ва на солҳои баъдӣ, балки то ба имрӯз дар ин кохи дӯстӣ рахнае пайдо нагардид.
Зебо мепӯшид, зебо сухан мекард. Ҳеҷ гоҳ овози баландашро нашунидаем. Табъаш ҳамеша болида буду чеҳрааш хандон. Аз ҳоламон мепурсид ва дуруст раҳнамоиамон мекарду маслиҳатҳои судбахшамон медод.
Ҳамаи саъю кӯшишашро бар он равона мекард, ки хубу аъло бихонем, боодоб бошем, қимати вақтро бидонем.
Дар маҷлисҳо масъалаҳоро ба миён мегузошту мехост, ки дар ҳалли онҳо мо бевосита иштирок дошта бошем. На амр медод, на фармон. Ба ҳалли дурусту хулосаҳоямон арҷ мегузошт. Дӯст медошт, ки ба иқдому ташаббусҳои нек рӯ биёрем, пайваста дар ҷустуҷӯву омӯзиш бошем. Аз ҳар андак муваффақиятамон ҳам шод мешуд ва дар ин ҳол хурсандияшро ниҳон намекард, ба фатҳи қуллаҳои нав ҳидоятамон менамуду рӯҳбаландамон месохт.
Ҳар ҷашну чорабиние агар мехостем доир бикунем, ҳатман дар он хусус бо ӯ маслиҳат менамудем, ризояташро хостор мешудем. Ва ҳам аз ӯ бисёр хоҳиш мекардем, ки дар он ширкат биварзад. Ҳузураш ҷашну чорабиниҳоро шукӯҳи хос мебахшид.
Хоксор буд ва низ ҳамин гуна ба назар мерасид. На ба ҷавонию зебоияш менозид ва на бо илму донишаш. Ҳалиму меҳрубон буд. Пиндору гуфтору кирдораш нек буд. Ин ҳама ва дигар сифатҳои некаш баъдҳо низ ӯро тарк нагуфтанд.
Ӯ тавонист тухми меҳру муҳаббатро дар дилҳои мо бикорад. Ва мо баъдҳо бо ифтихор, бо такрор мегуфтему зам – зама мекардем:
Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазрааи пок,
Ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ дигар тухм накорем.

Мо, ҷавонони саркаш, масту мағрури даврони ҷавонӣ дар мактабу дарсҳои ӯ дарси одамият омӯхтем. Ба василаи он ба маънои зистан, балки пок зистану дуруст зистан расидем. Ба ин мактабу дарсҳо боре қаламу дафтар набурдем ва чизе ба зоҳир нанавиштему он ҳамаро аз бар накардем. Дар асл аммо вуҷудамон, хотираҳоямон ҳамаро сабт намуда будааст. Дар оғоз мепиндоштем, ки вуҷуди мо худ ба ин омодагӣ гирифтааст. Баъдҳо дарк кардем, фаҳмидем, ки ӯ ноаён бар вуҷуду хотираҳои мо роҳ ёфтаву асари некашро гузоштааст.
Дидору суҳбаташ ҳолиё ҳам файз дорад, баракат дорад. Ҳар гоҳ, ки мебинамаш, чашмонам нур мегирад, дилам лабрези шодӣ мешавад, худро ҷавон, донишҷӯ мепиндорам. Аммо боз як ҳиссе дар ин ҳол ба ман мегӯяд: «Сухан бояд дониста бигӯӣ, санҷида бигӯӣ. Аз ёд мабар, ки ту рӯ ба рӯи устод қарор дорӣ». Ман беихтиёр ба нишони тасдиқ ва ризоят сар меҷунбонам.
Ба ҳар бор пас аз ин лаҳзаҳои дидору гуфтор боз аз нав бовар ҳосил мекунаму тасдиқ менамоям, ки муаллим, омӯзгор, мураббӣ, раҳнамо будан на танҳо касб несту ҳунар аст, балки туҳфаи хоси Илоҳӣ мебошад. Ва, албатта, Худованд, ки оламу одамро офарида, ин туҳфаро ба беҳтарину бошарафтарин бандагонаш мебахшад. Мо, донишҷӯён, шодем ва шукр менамоем, ки устоди мушфиқу ғамхорамон Солеҳҷон Собиров аз ин зумра ва зубдагон маҳсуб мешавад.
Абдулқодири РАҲИМ, адиб, рӯзноманигор 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2017    №: 32    Мутолиа карданд: 2167

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед