logo

сиёсат

АГРОСАНОАТ: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДО. САБАҚҲОИ БЕШКАНД

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид якдилона қабул гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди  устувор», солҳои 2018 – 2028 боиси ифтихори ҳар як хонадони Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ҷаноби Олӣ зимни  мулоқот бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ вобаста ба ин масъала ибрози андеша намуда, таъкид сохтанд, ки Тоҷикистон дар масъалаи дипломатияи об пешсаф аст. Ниҳоят муфид ва мувофиқ ба мақсад аст, ки аҳли зиёи кишвар дар тарғибу ташвиқи ин дастовард саҳми бештар бигиранд. Мушоҳидаҳои адиб ва журналисти шинохта Сулаймон Эрматов дар бораи масъалаҳои оқилона истифода бурдани об мавзӯи мавриди назарро пайгирӣ мекунад.
Таваҷҷуҳи беш аз пеши Пешвои муаззами миллат ба масъалаи об бесабаб нест. То даме об ҳаст, ҳаёт ҳаст, - мегӯянд дар урфият.  Зебоии ҳаёт, ҳусну таровати он ба туфайли  об аст. Аз садои  об, ки дар мавҷҳои  худ нашъаи ҳаётро меорад, болотар суруди хуш ва  садои форам  нест. Адиби маъруфи Доғистон Расул Ҳамзатов  аз забони қаҳрамони асараш  Шомил гуфтааст: «Бигзор душман деҳаро гирифта бошад, бигзор киштзорҳоро вайрон карда бошад. Вале ҳоло чашма ба дасти мо, бинобар ин зафар ба мост». 
Сохтмони канали Бешкандро, ки ба оғози он қариб панҷоҳ сол  пур мешавад,  ба хотир оред. «Бе об ҳаёт нест!» Ин шиорро, ки дар тахтафанер навишта шуда буд, сохтмончиҳо бо худ гирифта мегаштанд. Бостоншиносон мегӯянд, ки  дашти Бешканд  замоне аз Кофарниҳон об мехӯрд. Як шохчаи дарё  ба дашти Бешканд кашида шуда, боғу бӯстон ва шаҳрҳои зиёд сохта шуда буданд. Баъд онро қабилаҳои бодиянишин  вайрон карданду мардумон аз ин мавзеъ кӯч бастанд ва шаҳрҳо ба харобазор табдил ёфтанд.  Фақат Чилучорчашма бо оби мусаффояшу як гӯшаи ҳавои беғубораш ин диёри афсонавиро обод нигоҳ дошт.
Аввали солҳои ҳафтодуми асри XX бо ғайрату ҳиммати  халқ нақшаҳои нав рӯйи даст омада, саросар обшор гардидани дашти асрҳо лабташнаро ба миён гузоштанд.  Сохтмони  канали калони Бешканд сар шуду моҳи  декабри  соли  1978  оби  Кофарниҳон ба дашт равона гашт.
Рӯзе,  ки об омад, хурсандии  мардум ҳадду канор надошт.  Аз чашмони онҳо ашк мерехт, ашки шодӣ! Ин рӯз барояшон рӯзи  фархунда, рӯзи шодӣ буд.
Афсӯс, ки шодии онҳо  бисёр тӯл накашид. Аз тундбодҳо канал зери хок шуд. Акнун нидои «Ба  Бешканд ёрӣ диҳед!» садо медод.  Ин фарёди  халқ буд,   ки замини худро аз ҷонаш азизтар медонист. Ин наъраи аламовари  одамон буд,  ки ба замин сахт меҳр баста буданд. Одамоне,  ки як вақтҳо ба дашт бо орзуҳои бузург омада буданд, акнун бо дарду алам, андуҳи  зиёд аз ин ҷо ба дигар манзилҳои обод бармегаштанд. Замини азхудшуда ба хароба табдил ёбад, аламовар нест магар?  Ин ҳолати ногувор як дарди онҳоро сад мекард. Афсӯс мехӯрданд, ки ниҳолҳои боровар аз таъсири заҳ  хушк мешуданд. Афсӯс мехӯрданд,  ки хонаҳои намкашида рехта, барои зистан нобобу ошёни чуғзҳо мегаштанд. Заҳ боғу роғро ба коми худ мекашид. Даҳҳо километр анҳор ва заҳбурҳо аз лой  пур. Барои тоза кардан на маблағ мерасиду на қувваю техника.
- Дили моро ягон умеди рӯшноӣ медодагӣ, ором мекардагӣ, барои зиндагӣ  кафолат медодагӣ  шахс намонд. Касе нест,  ки ҳоли моро пурсад, – мегуфтанд бешкандиҳо он солҳо.
Барои чӣ ин тавр шуд? Барои он ки  дар  вақти  аз худ кардани замин ба саросемагӣ роҳ доданд. Дашти Бешканд дар байни ду кӯҳ ҷойгир аст. Асрҳо аз ҳар тараф  обҳои сернамак  фаромада ба мағзи замин фурӯ мерафтанд. Намаки заминро шустан лозим буд. Вале  нақшаи пахта ба ин кор имкон намедод. Аз боло талаб карданд, ки заминро ба кишти пахта зуд тайёр кунанд. Сохтмончиҳоро маҷбур намуданд, ки нимкора бошад ҳам, заминҳоро ба истифода диҳанд. Барои  ҳамин мелиораторҳо барои тезтар намакро шустан, обро аз меъёр зиёд  сар доданд. Об сарбандҳоро аз байн бурд. Илоҷи роҳи обро гирифтан набуд. Саросемагӣ фиреб  дод.
Канали Бешканд, ки 44 километр тӯл кашида буд, аз мавзеъҳои ҳосилхез мегузашт. Киштзори хоҷагиҳои  заминашон куҳна ва ҳосилдор аз сернамӣ ба ботлоқзор табдил ёфтанд ва мардум аз заминҳои ҳосилхези худ  маҳрум гаштанд. Аз як тараф замини нав кушода мешуду аз тарафи дигар заминҳои тайёр аз даст мерафтанд. Оқибати саросемагӣ, нодуруст истифодабарии об чунин шуд, ки  дар  фасли тобистон вайроншавии канал чандин бор такрор гашт.
Баъди яхоб ҳамаи обҳои намакдор бояд ба коллекторҳо мерехт. Вале, сохтмони сарпартови коллектор ба итмом нарасида буд. Аз ин хотир, оби шӯр майдонҳои замини тоза ва ҳосилхезро сернамак гардонд. Акнун барои беҳ намудани ҳолати мелиоративии заминҳо маблағи калон зарур буд. Хоҷагиҳо аз уҳдаи он баромада наметавонистанд. Натиҷа чунин шуд, ки бинобар тоза накардани лӯлаҳо ва коллекторҳо заминҳои хуб ва ҳосилхез  ба кӯл ва ботлоқ табдил ёфтанд. Дар лоиҳа бошад, барои кашидани оби  шӯр сохтани стансияҳои насосӣ  ба назар гирифта нашуда буд. Бояд обҳои шӯри коллекторҳо ба дарёи Аму рехта мешуданд. Вале, аз сабаби ба ҳисоб гирифта нашудани ин ҳолат, заминҳои кишт  низ аз кор баромаданд. Мувофиқи лоиҳа бояд  замин аз ҷиҳати ирригатсионӣ тайёр шуда, баъдан барои  шустани намак ба замин  ду-се сол  юнучқа ва дигар рустаниҳои озуқадор кошта, алафи кабудро надаравида шудгор мекарданд. Ин тадбир, ба гуфтаи деҳқонҳои асил, барои таркиби хокро  хуб кардан, ёрӣ медод. Баъди 4-5 сол пахта коштан  мумкин буд. Вале,  сиёсати онвақта, ки «пахта ба давлат» дар мадди аввал меистод,  ба ин имконият надод. Одамон солҳои аввал маҷбур буданд, ки дар  дашти  ягон шароит  надошта зиндагӣ кунанд.
Бобоёни мо панд медоданд, ки заминро бояд ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Онро ба насли оянда  солим  мерос гузорем. Вақти азхудкунии замин ин насиҳат фаромӯш шуд. Ба замин ваҳшиёна муносибат намуданд, ки баъдтар беҷазо намонд. Табиат низ қасос гирифт. Зеро, чизе ки  дар рӯйи замин ҳаст, бо ҳам  пайвастагии узвӣ дорад.  Дар байни ҷамъият ва табиат мувофиқатӣ ҳаст. Бояд табиат мувозинати худро гум накунад.   Фақат ба воситаи муносибати оқилона бо табиат,  ҳамкорӣ кардан бо ӯ  мо метавонем заминро ба насли оянда солим ва зебо мерос гузорем. Ҳангоми  аз худ кардани дашти  Бешканд мувозинати ҷамъият ва табиат вайрон гашт, ки оқибатҳои он то ҳозир пурра рафъ нашудаанд…
Моҳи  феврали соли 1996 ин сарзамин ноҳияи алоҳида эълон шуда, номи  Бешкандро гирифт. Дар давраи истиқлол дашти Бешканд  ранги дигар  пайдо намуд. Мустақилият, ба замин соҳиб шудан, ба дашт ҳаёти дубора бахшид. Дар давоми 25 сол  дашт симои пешинаашро, ки ба вазъияти душвор афтида буд,  дигар кард. Ҳамон солҳо чашми  умеди аҳолии 24 ҳазорнафараи Бешканд ба мурувват,  хирадмандӣ, меҳру шафқати Сарвари давлатамон Эмомалӣ  Раҳмон дӯхта шуда буд. Маблағе, ки аз фонди  захиравии Президент ва буҷети давлат  ҷудо гардид, ба дашт файзу  тароват овард. Дар  яке аз сессияҳои Маҷлиси Олӣ  масъалаи Бешканд дида баромада, қарори дахлдор қабул шуд ва метавон гуфт, ки беҳбуди соҳаи заминдориро дар ин ноҳияи дурдаст оғоз бахшид. 
Дар замони шӯравӣ, аз сабаби он ки системаи обёрии ягона ва муътадил кор карда нашуда буд, 20 километр дуртар аз маркази ноҳия дар майдони 500 гектар кӯли сунъӣ пайдо шуд. Зарари кӯл дар ҳамин буд, ки он қариб дар майдони ҳазор гектар намиро зиёд намуда, ҳосилнокиро кам мекард. Бо ёрии ғамхоронаи Президенти  кишвар, пеш аз ҳама, ана ҳамон кӯл бартараф гашт.
Акнун маркази ноҳия ва деҳаҳои он рӯз аз рӯз дигаргун, яъне ободтар шуда истодаанд. Мактабу боғчаҳо, беморхонаю бунгоҳҳои тиббӣ, хонаи маданӣ-маърифатӣ  низ зиёданд. Зиндагии мардум беҳтар шуда, аз дигар ноҳияҳои аҳолиашон зич  ба Бешканд кӯчида омадани одамон давом дорад. Имрӯз Бешканд аз ҷиҳати истеҳсоли пахта, меваҳои рангоранг, сабзавот ва маҳсулоти полизӣ ҷои намоёнро ишғол мекунад. Ба ихтиёри хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ  дода шудани замин муносибати навро пайдо кард. Зеро, деҳқон нағз медонад, ки беҳуда сарф шудани ҳар як сомонӣ  ба кисаи ӯ зарар аст.
 Баъди истиқлол барои ислоҳ намудани хатоҳои пешина низ   кӯшиш ба харҷ бурданд. Шароити ба худ  хоси Бешкандро ба ҳисоб  гирифта,  корҳои зиёдро ба анҷом расонданд. Пеши исрофкории  об гирифта шуд. Лӯлаҳои заҳкашӣ кашида шуда, барои аз шамол муҳофизат кардан дар гирду атрофи заминҳо ниҳолҳо шинонданд. Ҳамин тавр ду хавф - хавфи заҳ, ки решаро мепӯсонд  ва хавфи шамоли сахт, ки қисми ширадори хокро рӯфта ба биёбон табдил медод,  гирифта шуд.
Дар маҷмӯъ  ба шарофати истиқлол   муносибат ба замин, муносибат ба об, муносибат ба одамон   низ дигар гашт. Президенти  халқпарвари мо  Эмомалӣ Раҳмон дашти Бешкандро наҷот дод гӯем,  кам аст.
Масъалаи об, алалхусус оби тоза барои бешкандиҳо  ҳоло низ муҳим ва нозук аст.   Бинобар ин, месазад, ки аз  сабақҳои  талхи гузашта хулосаи даркорӣ бароварда,  масъалаи замину обро дар  мадди аввал гузорем.  Зеро, бояд  замин ва об ба наслҳои оянда низ  ҳамчун манбаи боигарӣ   хизмат кунанд. 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2017    №: 32    Мутолиа карданд: 1970

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед