logo

сиёсат

ДУШАНБЕШАҲР. НАВРӮЗ АЗ РАҲ МЕРАСАД

Омодагӣ ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз – 2017 дар шаҳри Душанбе вусъати тоза касб мекунад. Ҷиҳати соли равон бо истифода аз суннатҳои ниёгон зебою мондагор, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявию  бадеӣ истиқбол намудани ҷашни бостонии Наврӯзи дилафрӯз, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор «Дар бораи омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз – 2017 дар шаҳри Душанбе» - ро ба имзо расонд.
Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз - 2017 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфта, нақшаи тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳия ва тасдиқ гардиданд. Барои ороиши наврӯзӣ, зебу зиннатдиҳии биноҳо, ободонии атрофи онҳо ва то 15 март ба итмом расондани маҷмӯи корҳои дигари омодагӣ  роҳбарони идора, корхона, муассиса ва субъектҳои хоҷагидории шаҳр, оид ба фароҳам овардани  шароити зарурӣ барои ташкили чорабиниҳои идона, сайругашти оммавӣ ва фароғати сокинони пойтахт ва иҷрои ҳатмии вазифаҳои дар нақша пешбинишуда муовини аввал ва муовинони раиси шаҳр,  раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони идораю созмонҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ва барои таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии зидди сӯхтор, ёрии тиббӣ ва беҳдошти ҳолати санитарию эпидемиологӣ дар ҳудуди шаҳр, хусусан ҷойҳои баргузории чорабиниҳои оммавию фароғатӣ, роҳбарони мақомоти дахлдор  муваззаф шуданд.
Таъмини муҳтавои бадеии намоиши театришуда бахшида ба ҷашни байналмилалӣ ва иштироки санъаткорону мутахассисони беҳтарин дар маъракаҳои фарҳангии  рӯзҳои ҷашн ба зиммаи раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ вогузор  гардид. Ороиши бадеии шаҳрро муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» бо ҷалби кормандони варзидаи ҷумҳурӣ анҷом медиҳад.
Чорабиниҳои асосии наврӯзӣ дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» ва боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳр баргузор  мешаванд.
Наврӯз рамзи зебоии зиндагӣ, эҳёи табиат ва инсон, сарсабзии диёр, пирӯзии некӣ бар бадӣ, оғози соли нав, қадимтарин ва дилкаштарин ҷашни мардуми ориётабор аст, ки соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид онро байналмилалӣ эълом намуд.
А. САЙВАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2017    №: 32    Мутолиа карданд: 2279

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед