logo

иқтисод

ЧАНД ТАДБИРИ МУҲИМ ДАР САМТИ ИҶРОИ УҲДАДОРИҲОИ АНДОЗСУПОРӢ

Яке аз омилҳое, ки ба Кумитаи андози ҷумҳурӣ дар таъмини иҷрои нақшаи андозсупорӣ дар соли гузашта мусоидат кард, содагардонӣ ва қулай намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ мебошад, ки дар мақомот роҳандозӣ шудааст. Ин мавзӯъро муовини раиси Кумитаи андоз Пӯлодҷон Юсуфӣ ба хабарнигори “Ҷумҳурият” чунин шарҳ медиҳад.
- Сода ва қулай намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби андозсупорандагон ба ду омили асосӣ вобаста мебошад – такмили қонунгузории андоз бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва бо истифода аз технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон.
Дар маҷмӯъ корҳое, ки дар доираи ислоҳоти маъмурикунонии андоз дар самтҳои асосии фаъолияти соҳа анҷом дода шуда истодаанд, аз ҷумла беҳтарсозии маъмурикунонии андоз, такмили савияи дониши касбии кормандони мақомоти андоз ва баланд бардоштани масъулияти онҳо ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, тақвият бахшидан ба корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ бо андозсупорандагон, ба беҳтар гардидани ҳолати пардохти андозҳо мусоидат намуд.
Тибқи қонунгузории андоз пешбинӣ гардидани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз ва ҳисобнома - фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда, инчунин ҷорӣ намудани тартиби бо истифода аз барномаи компютерӣ таҳия намудани санадҳои муқоисавӣ, дар биноҳои маъмурии мақомоти ҳудудии андоз пешбинӣ намудани толорҳои алоҳида барои анҷом додани корҳои мазкур, иҷрои уҳдадориҳои андозиро аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ҳаддалимкон сода ва қулай менамояд.
Имрӯз бо истифода аз барномаи компютерии ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳо зиёда аз 40300 андозсупоранда эъломияҳои худро бо тартиби мазкур пешниҳод намуда истодаанд, ки нисбат ба 1 январи соли 2016 - ум  16300 адад зиёд аст. Ҷиҳати  ба тартиби мазкур гузарондани андозсупорандагони боқимонда роҳандозии тадбирҳо идома доранд.
Бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва пешгирии қонуншиканиҳо дар ҳисоб ва пардохти ин намуди андоз илова ба дар шакли электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳо, инчунин истифодаи ҳисобнома - фактураҳои электронии андоз аз арзиши иловашуда низ ҷорӣ карда шуд, ки маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашударо сифатан тағйир дод. Дар айни замон тибқи тартиби муқарраршуда ҳамаи супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ҳисобнома - фактураҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд.
Барои андозсупорандагоне, ки имконияти дастрасӣ ба интернет ё имконият ва малакаи кофии ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои мазкурро надоранд, дар биноҳои мақомоти андози як қатор шаҳру ноҳияҳо утоқҳои алоҳида - терминалҳо кушода шуданд. Дар назар аст, ки бо назардошти имкониятҳои молиявӣ ва фароҳам овардани базаи моддӣ - техникӣ чунин терминалҳо давра ба давра дар ҳамаи нозиротҳои андоз низ ташкил карда шаванд.
Натиҷаи корҳои анҷомдода буд, ки дар ҳисоботи охири Бонки ҷаҳонӣ “Пешбурди соҳибкорӣ” (“Doing Business”) рейтинги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати андозбандӣ 33 банд беҳтар гардид.
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2017    №: 33    Мутолиа карданд: 2370

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед