logo

иҷтимоиёт

ВАРЗИШ. МАЙЛИ ҶАВОНОН МЕАФЗОЯД

Ҳамарӯза, сарфи назар аз гармиву сардӣ ва борону барф, чи субҳу чи бегоҳ, варзишгоҳи соҳили рости шаҳри Хуҷандро пур аз мардум мебинам, ки ба машқ машғуланд ва сафи онҳо рӯз ба рӯз, меафзояд.
- Омили асосии зиёдшавии шумораи нафароне, ки тарзи ҳаёти солимро касб кардаанд, сулҳу салоҳ ва муътадилшавии вазъи иқтисодии кишвар мебошад,- мегӯяд Шарифҷон Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд.-Дар баробари ин, дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш такони ҷиддӣ бахшид, ки бунёди садҳо иншооти варзишӣ ва комёбиҳои варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
Дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд баҳри омода кардани варзишгарони касбӣ ва, ҳамзамон, пайваста  машғул шудан ба тарбияи ҷисмонии оммавӣ тайи ду-се соли охир тадбирҳои  муассир роҳандозӣ гаштанд. Ҳамин аст, ки фақат соли сипаришуда бо истифода аз сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ 14 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд. Феълан, дар шаҳри Хуҷанд, 260 иншооти варзишӣ, аз қабили майдонҳои футболбозӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, кортҳои теннис фаъолият доранд.  
Баргузории мусобиқаҳо аз рӯйи намудҳои зиёди варзиш тамоили афзуншавӣ пайдо кардааст. Дар рӯзҳои таътили зимистонаи мактабиён дар шаҳр мусобиқа  оид ба футбол, гӯштингирӣ, волейболу баскетбол, шашкаву шоҳмот доир гашта, майдону толорҳо ҳазорҳо дӯстдорони варзишро сарҷамъ карда, ба онҳо рӯҳу илҳом, хушҳолӣ бахшиданд, ки  аз хотирашон фаромӯш намешавад. Агар дар соли 2015 бо ташаббусу иқдоми кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баргузории 115 мусобиқа амалӣ шуда бошад, пас дар соли 2016 ин рақам ба 125 расида, дар ин мусобиқаҳо наздик 53 ҳазор нафар ҷавонон иштирок доштанд, ки нисфи онҳоро духтарон ташкил доданд. Аз рӯзҳои аввали моҳи феврал боз дар варзишгоҳҳои шаҳр мусобиқаҳои гуногун шурӯъ мешаванд, ки дар онҳо ҷавонони касбу кори гуногун иштирок хоҳанд кард.
- Ба даст овардани унвони қаҳрамони бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия аз тарафи Дилшод Назаров меҳри варзишро дар қалби ҷавонон боз зиёдтар кард, - иброз медорад Бахтиёр Исматҷонов, сарвари бахши ҷавонони шаҳр. - Мактабиёну донишҷӯён пас аз машғулиятҳои таълимӣ ба толорҳои варзишӣ мешитобанд, ки он гувоҳи дар оянда боз ҳам  рушду равнақ ёфтани соҳаи варзиш мебошад. Боиси зикр аст, ки соли 2016 варзишгарони маркази вилояти Суғд дар 33 мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок карда, бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ 262 медали тилло, 239 медали нуқра ва 234 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
-Дар Паёми навбатии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавононро дар рушди ҷомеа ва ширкати фаъолонаи онҳоро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ба эътибор гирифта, соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълом доштанд ва ин ҷавононро водор месозад, ки тамоми саъю кӯшиши худро барои боз ҳам баланд шудани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона созанд,- таъкид намуд Шарифҷон Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2017    №: 33    Мутолиа карданд: 1807

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед