иҷтимоиёт
МАХЗАНИ МАЪРИФАТ
Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент муассисаи таърихӣ ва илмӣ - таҳқиқотӣ буда, дар он осори арзишманди фарҳангӣ ҳифз карда мешавад. Дар осорхона бозёфтҳои нодири Саразми бостонӣ ва Панҷакенти қадим, осори мадании давраи Сомониён, осори таърихӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти поягузори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, намунаҳои эҷоди ҳунармандони замони муосир ва гузашта, асарҳои хаттиву қаламӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба намоиш гузошта шудааст. Дар баробари ҳифзи осори ниёгон ва ба насли наврас омӯзондани таърихи имрӯзаю гузаштаи халқамон, осорхона тавассути шуъбаҳои табъу нашр, китобхона ва шӯрои илмӣ фаъолияташро пеш мебарад.
Ҳамасола аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидории ашёи арзишманди таърихӣ ҷиҳати ғанӣ гардондани фонди осорхона маблағи муайян ҷудо мегардад, ки бо ин роҳ мо хазинаи осорхонаро мукаммал ва пурра месозем. Хазинаи осорхона бо ашёи нодир ва китобхонаи он бо осори хаттӣ ва китобҳои тозанашри илмиву бадеӣ пайваста таъмин мегардад. Маъмурияти осорхона баҳри пурра ва ғанӣ гардондани хазинаи он пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Имрӯз дар китобхонаи илмии ин муассиса зиёда аз 3015 адад китоб оид ба ҳафриёти ёдгориҳои Тоҷикистон, илмҳои бостоншиносӣ ва осорхонашиносӣ, адабиёти бадеӣ нигоҳ дошта мешавад. Бояд тазаккур дод, ки номзадҳои илми таърих И. Раҳматуллоев, А. Раззоқов, Ш. Қурбонов ва адиб Саиди Юнусиён узви ҳамешагии шӯрои илмии осорхона буда, дар самти таҳқиқ ва пажӯҳишҳои илмии кормандони ҷавон дасти ёрӣ дароз мекунанд.
Ҳамасола осорхонаро ҳазорҳо меҳмонони хориҷию ватанӣ тамошо карда, аз таърихи шукуҳманди халқи тоҷик бархӯрдор мегарданд ва ба экспозитсияву сатҳу сифати хизматрасонии он баҳои арзанда медиҳанд.
Соли 2016 осорхона дар фестивали «Интер музей – 2016», ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид, фаъолона ширкат намуда, экспозитсияи пешниҳоднамудаи он мавриди таваҷҷуҳи тамошобинон қарор гирифт. Дар ҷамъбасти фестивал осорхона бо дипломи махсус қадр карда шуд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 дар вақти сафари кориашон аз осорхона дидан намуда, дар дафтари он чунин қайд карданд: «Осорхонаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро мебояд ба яке аз марказҳои фарҳангии миллати тоҷик табдил дод». Ҳоло масъулони осорхона барои амалӣ шудани ин иқдоми Сарвари давлат ҷидду ҷаҳд карда истодаанд.
Фирӯза РУҲУЛОВА,
корманди Осорхонаи ҷумҳуриявии
таърихию кишваршиносии ба номи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.02.2017 №: 33 Мутолиа карданд: 1988