logo

иқтисод

ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН ДАСТГИРИИ ҶОМЕА АСТ

Тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ тавассути талошҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар сафи мансабдорон ва хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонони фаъол рӯ ба болоравӣ ниҳодааст. Ҷавонони боистеъдод имрӯз вазифаҳои масъулиятноки давлатиро иҷро намуда, дар пешрафту тараққиёти кишвар саҳм мегузоранд. Онҳо неруи азим ва ояндаи ҷомеа, ҳалқаи ногусастании пайванди наслҳои башар, рамзи ҳастии миллат ва имрӯзу фардои он буда, собитқадамона ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар ворид мегарданд.
Бино ба иттилои Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи ҷавонони то 35 – сола, ки хизматчии давлатӣ ҳастанд,  8525 нафарро ташкил медиҳад. Аз 5670 мансаби роҳбарикунанда 1345 адади онро ҷавонон ишғол мекунанд. Шумораи ҷавонон дар хизмати давлатӣ нисбат ба соли пешӣ 33 нафар зиёд шудааст. 
- Теъдоди ҷавонони мансабдор дар дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ,  Агентии хизмати давлатӣ, Агентии омор, Агентии Тоҷикстандарт,  вазоратҳои корҳои хориҷӣ, адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, энергетика ва захираҳои об, молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Шаҳринав ва Роғун мутаносибан аз 40 то 86 дарсадро ташкил медиҳад. Ба мансабҳои роҳбарикунанда пешбарӣ намудани ҷавонони фаъол соли 2017 ва солҳои оянда низ идома хоҳад ёфт, - гуфт Ҷ. Давлатов.
Вобаста ба иҷрои талаботи қонунгузорӣ оид ба хизматчии давлатӣ аз ҷониби агентӣ соли гузашта дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Темурмалик, Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ, Вахш, Бохтар, Рӯдакӣ, Файзобод, Вазорати кишоварзӣ, хадамотҳои назорати давлатии бойторӣ, фитосанитарӣ ва карантинии рустанӣ, зотпарварӣ, бозрасиҳои назорати давлатии тухмӣ, техникаи кишоварзӣ ва сохторҳои маҳаллии онҳо дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат ва дигар мақомоти давлатӣ санҷиш гузаронда шуд. Маълум гардид, ки дар мақомотҳои зикршуда ҳолатҳои риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ оид ба хизматчии давлатӣ, аз ҷумла масъалаҳои алоҳидаи баргузории озмунҳо, талаботи раванди аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ, риоя нагардидани талаботи тахассусӣ, ҷойивазкунии кадрҳо, талаботи таҳияи дастурамалҳои мансабӣ, пешбурди парвандаҳои шахсӣ, тартиби ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷой доранд.
Бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дарёфти сарчашмаҳои нави маблағгузорӣ тайи солҳои Истиқлолияти давлатӣ музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ бамаротиб боло рафтааст. Соли 2000 музди миёнаи маоши хизматчиёни давлатӣ 29 сомониро ташкил медод. Ин рақам солҳои 2010 ба 599,56 сомонӣ, 2015 ба 905,26 сомонӣ ва 2016 ба 1005  сомонӣ расонда шуд.
Дастгирии ҷавонони пешсаф дар оянда низ равнақ ёфта, боиси фарох гардидани доираи фаъолият, имконоти илмомӯзӣ, ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда ва ба ин васила баланд бардоштани таҷрибаи кории онҳо мегардад. Зеро эътимод ба ҷавонон дили онҳоро ба кор гарму садоқаташонро зиёд месозад.
Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2017    №: 33    Мутолиа карданд: 2377

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед