logo

ҳуқуқ

АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ ВА НАҚШИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ ДАР ТАЪМИНИ ОН

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии назорати молиявӣ соли гузашта дар ҷараёни санҷишҳои аудиторӣ ба маблағи 224 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор сохт. Санҷишҳои аудиторӣ, инчунин захира ва талафи маблағҳои буҷетиро дар ҳаҷми 63 миллиону 647 ҳазор сомонӣ муайян намуд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас ба буҷет ва корхонаю ташкилотҳо зарари молиявӣ ба маблағи 51 миллиону 586 ҳазор сомонӣ барқарор гашт. Бақияи товони зарари молиявии барқарорнагардида, ҷиҳати чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои қонунӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол гардидааст.
Фаррух Ҳамрализода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ки кормандони палата дар самти назорат оид ба масъалаҳои баҳодиҳӣ ба Буҷети давлатӣ ва иҷроиши он дар 21 идораи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои онҳо, инчунин дигар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ 138 санҷиши аудиторӣ гузаронда, ба маблағи 56 миллиону 68 ҳазор сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд. Аз ҳисоби маблағҳои ошкоргардида 10 миллиону 432 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва 22 миллиону 950 ҳазор сомонӣ ба корхонаҳо барқарор шудааст.

Дар кадом ниҳод зарари молиявӣ бештар ошкор гардид
Бино ба иттилои Заъфар Азимӣ, муовини раиси Палатаи ҳисоб, дар натиҷаи гузарондани санҷишҳои аудиторӣ дар як қатор вазорату идораҳо муайян гардид, ки масъулон зимни иҷрои вазифаҳои хидматӣ ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд. Аз ҷумла, дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав 806 ҳазор, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба маблағи 625 ҳазор, Академияи илмҳои кишоварзӣ 114 ҳазор, Агентии давлатии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо ширкатҳои ватанӣ аз ҳисоби рӯйпӯш намудани андозҳо ба маблағи 1 миллиону 109 ҳазор, Кумитаи андоз дар ҳаҷми 20 миллион сомонӣ, ин ҳам бошад, санҷишҳои мутақобилае, ки дар ширкатҳои ватанӣ оид ба риояи қонунгузории андоз гузаронда шудаанд, зарари молиявӣ ошкор шудааст.
Маблағҳои буҷетӣ мақсаднок
истифода мешаванд?
Бо мақсади истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, тибқи нақшаи корӣ, санҷиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии 14 шаҳру навоҳии мамлакат ба анҷом расид. Маҳмадалӣ Самиев, сараудитори Палатаи ҳисоб, бо пешниҳоди мисолҳои мушаххас аз натиҷаи санҷиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ, зимнан тазаккур дод, ки аз ҷумла дар буҷети шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ, Ҳисор 1,3 миллион, Конибодом 845 ҳазор, ноҳияҳои Қубодиён 1,5 миллион, Тоҷикобод 503 ҳазор, Зафаробод 1,3 миллион сомонӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 10 миллиону 570 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ товони зарари молиявӣ ба маблағи 8 миллиону 147 ҳазор сомонӣ  барқарор гардида, 13 маводи санҷиш бо маблағи зарар дар ҳаҷми 1 миллиону 132 ҳазор сомонӣ  барои қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол шудааст.
Аз маблағи умумии зарари ошкоргардида, яъне 224 миллион сомонӣ 92,8 миллионаш ба изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ рост меояд.
- Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ иҷрои саривақтию сифатноки даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ, пурзӯр намудани назорати шаффофу мақсадноки истифодаи маблағҳои буҷетӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва таъмини амнияти иқтисодии давлатро дар меҳвари фаъолият қарор дода, бо мақсади роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ ва тасарруфи маблағу амволи давлатӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад, - иброз дошт Фаррух Ҳамрализода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2017    №: 33    Мутолиа карданд: 2358

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед