logo

иқтисод

АШЁИ ХОМ. СОДИРОТИ ПАХТА 19,3 ҲАЗОР ТОННА КОҲИШ ЁФТ

Рушд додани  иқтисодиёти  миллӣ  ба омилҳои берунӣ низ вобастагӣ дорад. Зеро ки ноустувории нархҳои ҷаҳонӣ ба арзиши маҳсулоти асосии содиротии кишвар ва пардохтпазирӣ ба даромади буҷети давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, иқтисодиёти миллӣ дар соли 2016 таҳти таъсири омилҳои берунӣ, сустшавии тараққиёти иқтисодиёти ҷаҳон ва ноустувории вазъи савдои хориҷӣ қарор дошт. Новобаста аз ин тамоюлҳо бо дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба  коҳиш додани таъсири манфии омилҳои  берунӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ  коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ бунёд ёфтанд. Дар истеҳсолоти мавҷуда  иқтидорҳо аз нав    барқарор ва бо ин васила қисмате аз  шаҳрвандони  шаҳру  ноҳияҳои кишвар соҳиби  шуғли доимӣ шуданд. Дар маҷмӯъ, бо бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ  барои рушди минбаъдаи  иқтисодиёти ҷумҳурӣ  заминаи воқеӣ гузошта шуд.
Хабарнигори  «Ҷумҳурият» оид ба  амалишавии дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, дарёфти роҳҳои нави пешгирии таъсири омилҳои манфии берунӣ ба иқтисодиёт, таҳким ва густариши робитаҳои тиҷоратию  иқтисодӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷаи дуру наздик ва   сабаби ноустувории вазъи савдои хориҷӣ бо Саидраҳмон  Назризода, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамсуҳбат шуд. С. Назризода дар ҷавоб ба ин суолҳо чунин гуфт:               
- Дар соли 2016 бо мақсади коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва татбиқи пурраи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ»  (таҳти № 50, аз 5 феврали соли 2015)  6 ҷаласаи гурӯҳи кории зинаи дуюми байниидоравии доимоамалкунанда оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор шуд. Дар доираи фаъолияти гурӯҳи корӣ як қатор масъалаҳо, аз ҷумла натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2015, таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ, вазъи иҷроиши нишондиҳандаҳои соҳаи саноат ва коҳишёбии зерсоҳаи он дар моҳи январи соли 2016, вазъи низоми бонкӣ, ҳолати бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ, баррасӣ шуданд. 
Қобили зикр аст, ки равандҳои сиёсию иқтисодӣ  ва паёмадҳои он дар соли 2016 ба рушди иқтисодии ҷаҳонӣ, сатҳи муносиботи сиёсӣ ва ҳамгироии иқтисодии кишварҳо, аз ҷумла ба вазъи бозорҳои ҷаҳонии молиявию ашёӣ таъсири манфӣ расонд. Тадриҷан идома ёфтани таҳримҳо нисбати ҳамшарикони тиҷоратӣ таъсири равандҳои глобалиро ба рушди иқтисодии кишварҳои минтақа, аз ҷумла ҷумҳурии мо, бештар гардонд. Коҳиш ёфтани сатҳи талабот ба маҳсулотҳои асосии содиротӣ дар бозори ҷаҳонӣ, пастравии нархи онҳо, инчунин кам шудани талаботи иқтисодиёт ва паст рафтани қобилияти харидории аҳолӣ дар дохили кишвар ба сатҳи нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷӣ таъсири манфӣ расонд.
Гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2016  ба 3929,6 миллион доллари ИМА баробар гардида, дар муқоиса бо соли гузашта 9,2 фоиз коҳиш ёфтааст.  Нисбат ба соли 2015 нишондиҳандаи содирот дар сатҳи 100,9 фоиз ва воридот 88,2 фоиз таъмин гардид.
Дигаргунсамтии содирот чандон назаррас набошад ҳам, ҳаҷми аслии маҳсулотҳои содиротии кишвар дар соли 2016 нисбат ба солҳои пешин ба таври назаррас афзудааст. Вале паст рафтани нархи ин маҳсулотҳо дар бозори ҷаҳонӣ  имкон надод, ки нишондиҳандаи арзишии содироти кишвар дар сатҳи пешбинишуда таъмин гардад.
Дигаргунӣ дар сохтори содирот, пеш аз ҳама, ба паст рафтани нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ва кам шудани талабот ба ин намуди маҳсулот вобаста буд, ки дар натиҷа ҳаҷми истеҳсолоти онро низ коҳиш дод. Дар соли 2016 129,7 ҳазор тонна алюминийи аввалия ба маблағи 207,5 миллион доллари ИМА содирот гардида, нархи миёнаи он ба 1600 доллари ИМА баробар шуд. Ҳаҷми ин номгӯи маҳсулот нисбат ба  ҳамин давраи соли 2015 1,2 ҳазор тонна коҳиш ёфта, арзиши содиротии он ба андозаи 8,4 миллион доллари ИМА поин рафтааст. Ҳамзамон нархи миёнаи он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51 доллар коҳиш ёфтааст.
Аз нимаи дуюми соли 2016 тамоюли болоравии нарх дар бозори ҷаҳон ба назар расид, вале дигаргунии назаррас дар содироти алюминий дар ин давра мушоҳида нашуд. Тибқи дурнамои пешакӣ, дар назар аст, ки дар оянда талабот дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба он афзун гашта, нархи миёнаи ин номгӯи молӣ боло меравад.
Маҳсулоти дигаре, ки дар сохтори содирот ҳиссаи назаррас дорад, нахи пахта ва маҳсулотҳои тайёр аз он мебошад. Содироти нахи пахта дар ташаккули иқтидори содиротии кишвар характери мавсимӣ дошта, асосан дар моҳҳои октябр - декабри соли ҳисоботӣ ва январ - марти соли оянда  сурат мегирад. Давоми соли 2016 ҳаҷми содироти нахи пахта 88,5 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 19,3 ҳазор  тонна ё 21,9 миллион  доллари ИМА кам аст. Нархи миёнаи фурӯши нахи пахта нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46 доллари амрикоӣ  барои як тонна афзоиш ёфтааст.
Нисбат ба истеҳсол ва содироти нахи пахта бошад, бояд қайд намуд, ки  соли ҷорӣ 88,9 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол карда шуда,  бинобар дастгирии давлатии соҳа тариқи муқаррар намудани имтиёзҳо, афзудани иқтидорҳои коркарди нахи пахта аз ҳисоби ба истифода додани корхонаи «ҶСП Ҷунтай - Данғара-Силсилу Текстил” коркарди нахи пахта дар дохили кишвар 4,9 ҳазор тонна ё ин ки 2,1 маротиба зиёд шудааст. Ҳаҷми содирот бошад, дар шакли хом ба миқдори 19,3 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст. Дар назар аст, ки минбаъд низ ин  раванд дар дохили кишвар вобаста ба коркарди нахи пахта  то маҳсулоти ниҳоӣ     коҳиш дода шавад.
Бояд зикр намуд, ки бо мақсади бештар коркард намудани алюминийи аввалия ва нахи пахта дар дохили кишвар то маҳсулоти ниҳоӣ дар  «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, ки аз 26 ноябри соли 2016, № 503 қабул гардид, тадбирҳои зиёде пешбинӣ гардида, амалишавии онҳо имконият медиҳад, ки ин маҳсулотҳо минбаъд ҳамчун ашёи хом содироташон коҳиш дода шуда, бештар дар дохил то маҳсулоти ниҳоӣ коркард карда шаванд.
Дар шароити кунунӣ, ки дар натиҷаи буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ рақобат дар бозорҳои ҷаҳон шиддат меёбад, стратегияи содироти кишвар  дар давраи миёнамуҳлат бояд ба ҳалли масъалаҳои баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулот дар бозорҳои дохилию хориҷӣ, ҷорӣ намудани инноватсия дар истеҳсолоти ба содирот нигарондашуда ва воридотивазкунанда, ташкили хизматрасониҳои логистикӣ, инфрасохтори нақлиёт ва инкишофи менеҷменти сифат равона карда шавад.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2017    №: 34    Мутолиа карданд: 2272

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед