logo

иқтисод

БОНКИ МИЛЛӢ МЕЪЁРИ БОЗТАМВИЛРО ТАҒЙИР ДОД

Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро ба андозаи 1,5 банди фоизӣ тағйир дода, онро дар сатҳи 12,5 дарсад муқаррар намуд.
Тибқи иттилои шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, қарори мазкур бо назардошти таҳлили вазъи иқтисоди берунӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, раванди таваррум, дурнамо ва таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва нигоҳдории таваррум дар сатҳи муътадил қабул гардид.

Соли 2016, бо вуҷуди таъсири фишорҳои берунӣ, сатҳи таваррум раванди боэътидол дошт. Тибқи дурнамо, соли ҷорӣ нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар сатҳи 7 дарсади солона ба нақша гирифта шудааст.
Гарчанд таваррум дар сатҳи муътадил пешбинӣ шуда бошад ҳам, дар иқтисодиёт хавфҳои эҳтимолии қурбию таваррумӣ вобаста ба таъсири омилҳои берунию дохилӣ мавҷуданд. Аз ҷониби Бонки миллӣ барои пешгирии интизориҳои манфии таъсири омилҳои зикргардида амалӣ намудани тадбирҳои саривақтӣ бо роҳи татбиқи сиёсати пайгиронаи қатъии пулию қарзӣ ва истифодаи босамари фишангҳои монетарӣ (пулию қарзӣ) зарур мебошад. Бахусус идомаёбии номуайянии вазъи иқтисодию молиявӣ ва геосиёсӣ, инчунин устувор гардидани қурби доллари ИМА дар миқёси ҷаҳон, фишорҳои берунӣ бо назардошти зиёд будани ҳиссаи молҳои воридотӣ дар сабади истеъмолӣ, аз эҳтимол дур нест.
Ҳамзамон, тағйир додани меъёри фоизи бозтамвил барои таҳкими механизми амалиёт дар бозори озод ва ҷоннок намудани фишангҳои фоизии он, нигоҳдории сатҳи оптималии нишондиҳандаи амалиётии монетарӣ ва раванди нишондиҳандаҳои пулӣ, танзиму идоракунии босамари пардохтпазирӣ дар ҳудудҳои нақшавӣ барои маҳдудсозии таъсири манфии омилҳои монетарӣ ба сатҳи таваррум равона гардидааст.
Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллӣ, инчунин қарори ҷорӣ намудани фишанги нави сиёсати монетарӣ, амалиёти кӯтоҳмуддати бозтамвил – қарзи шабонарӯзӣ (овернайт) ва муқаррар намудани меъёри фоизии фишанги мазкур дар сатҳи меъёри бозтавилро ба тасвиб расонд.
Мақсади асосии ҷорӣ намудани механизми қарзии мазкур аз таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, вусъатдиҳии бозори пулӣ, дастгирии ташкилотҳои қарзӣ ва таъмини дастрасӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуддат аз Бонки миллӣ, инчунин мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохтҳо иборат аст.
Ҳамчун воситаи қарзии доимамалкунанда пешниҳоди қарзҳои шабонарӯзӣ (овернайт) ба ташкилотҳои қарзӣ имкон медиҳад, ки норасоии пардохтпазирии дар давоми рӯз ҳангоми ҳисоббаробаркунии пардохтҳо ба вуқӯъояндаро дарёфт ва рӯйпӯш намоянд ва  меъёрҳои фоизии кӯтоҳмуддати бозори байнибонкӣ ба танзим дароварда шаванд.
Ш. ҚУРБОН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2017    №: 34    Мутолиа карданд: 2061

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед