logo

иқтисод

НИҲОЛШИНОНӢ. КАДОМ НОЗУКИҲОРО БОЯД ДОНЕМ?

Ба саволи хабарнигори «Ҷумҳурият» дар ин мавзӯъ директори Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров чунин посух дод:
- Иқлиму хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парвариши қариб ҳамаи намуди дарахтони мевадиҳанда мувофиқ аст. Боғпарварон аз имкони мувофиқ ва қоидаҳои мавҷудаи боғдорӣ истифода бурда, пеш аз бунёди боғ, ки барои даҳсолаҳост, бояд иҷрои корҳои зеринро ба ҷо оранд:
- интихоби дурусти замин (аҳамият додан ба тарҳи (релйефи) он, ба ҳамворӣ, нишебиҳо ва талу теппаҳо);
- тайёр кардани замин барои бунёди боғ (шудгори замин дар чуқурии на кам аз 60 – 70 см, бо ёрии плугҳои плантажӣ ва тахту ҳамворсозии он).
Баъди пурра тайёр шудани замин имкони шинондани ниҳол фаро мерасад. Дар ин марҳала интихоби дурусти навъҳо аз аҳамият холӣ нест, зеро ояндаи боғ, ҳосилнокӣ ва нашъунамои ниҳол ба шароити маҳал, навъ ва минтақабоб будани он вобастагии зич дорад.
Барои шинондани ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда чуқуричаҳои андозааш 0,5 - 0,6 м кандан зарур аст. Фосилаи байни ниҳолҳоро бояд заминдорон интихоб намоянд, аммо аз нишондоди тавсияҳо кам набошад. Муҳлати кандани он дар водиҳо фасли тирамоҳ мебошад.
Ба чуқурии тайёр хоки ҳосилхез ва 1 кг нурии органикӣ (поруи куҳна) андохтан фоидаовар аст.
Дар шароити кишвари мо истифодабарии нуриҳои  органикӣ  ҳангоми   шинондани ниҳолҳо, ба сабзиш ва зуд ба ҳосилдароии онҳо мусоидат   мекунад, вале пору аз   меъёр   набояд зиёд  истифода гардад, зеро ба  пӯсиши реша  оварда  мерасонад. Истифодаи  поруи  нав  ҳангоми  ниҳолшинонӣ  тавсия  дода  намешавад.
Муҳлати шинондани  ниҳолҳо ба ҷойгиршавии   минтақаҳо  аз  сатҳи  баҳр вобаста   мебошад. Дар водиҳо баробари  баанҷомрасии мавсими хазонрези дарахтон, охири ноябр  оғоз  гардида, то  нимаи  дуюми  моҳи  март  давом  мекунад. Дар  минтақаҳои   кӯҳӣ   ва  наздикӯҳӣ  (дар баландиҳои  зиёдтар аз  1200 м  аз сатҳи баҳр)  шинондани  ниҳол  аз  охири  феврал  то  аввалҳои  апрел  тавсия  дода  мешавад.
Хоҷагидороне, ки дар мавзеи калон боғ бунёд мекунанд, пеш аз шинондан  аз омехтаи поруи  чорво  ва хок шарбатоб тайёр карда,  ниҳолро на кам аз 3 - 4 соат бояд дар он нигоҳ  доранд. Шарбатобро чунин  тайёр  кардан  мумкин  аст:  се ҳисса  поруи  нави  чорво, як  ҳисса  хок  ва  панҷ -  шаш  ҳисса  об.  Ҳаминро  дар хотир  бояд нигоҳ дошт, ки  ниҳоли аз  шарбатоб  гирифтаро зуд шинондан  зарур аст.  Муддати зиёд дар ҳавои кушод нигоҳ доштани ниҳол ба хушкшавии реша ва мӯякрешачаҳо  оварда мерасонад.  Бо истифодаи шарбатоб шинондан сабзиши  хуби  ниҳолҳоро  таъмин  мекунад. 
Қоидаи дигар ба назар гирифтани қисми пайвандшудаи гарданаки реша ҳангоми ниҳолшинонӣ мебошад. Ниҳолро тарзе бояд  шинонд, ки қисми пайвандшуда аз қабати хок на кам аз 3 - 4 см боло бошад. Пас аз шинондани ниҳол навдаҳои онро ба андозаи 60 - 70 см аз сатҳи  хок боло бурида партоянд.
Ниҳолшинонӣ дар замини лой тавсия дода намешавад. Дар об на кам аз 1 шабонарӯз нигоҳ доштани ниҳол аз манфиат холӣ нест.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2017    №: 34    Мутолиа карданд: 2102

22.11.2018


Баррасии таҳкими мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм

Вохӯрии Ҷамолиддин Убайдулло бо Патрис Вершер

Бахшида ба 25 - солагии баимзорасии аҳдномаи дӯстӣ намоишгоҳ доир мегардад

Баргузории машварати Шӯрои Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён

МАСТЧОҲ. Рӯ ба рушд

Ҳукми абад ба гунаҳгоршавандаи асосии парвандаи куштори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Кишварҳои ИДМ мубодилаи маълумот оид ба террористон мекунанд

Назарбоев: «Мактабҳоро аз тафтишҳои бешумор ҳимоя бояд кард»

Дар Чин миқёси ислоҳоти моликияти давлатӣ густурдатар мегардад

Москва ва Пекин барои парвоз ба Миррих якҷоя мушак месозанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед