logo

иҷтимоиёт

ТААССУБИ ДИНӢ. МОНЕА ДАР РОҲИ ПЕШРАФТ

Азми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он аст, ки рӯҳи миллии мардум бо рӯҳи давлатӣ даромезанд. Яке аз нукоти калидӣ будани ин андешаро аксари мардумони бофазлу дониш пазируфтаанд ва аҳли китобу таҳлил огоҳанд, ки дар ҳама замонҳо боздорандаи рушду пешрафт ва навсозии ҷомеа яке нооромиҳову гирифториҳо ва дигаре чирамандии таассуби динӣ ба кишвар ва мардумонаш мебошад. Таърихи давлатдории кишварҳои ҷаҳон, чи дар Шарқ ва чи дар Ғарб гувоҳ бар он аст, ки чун дин ба сохтори давлатдорӣ даромехт ва ашхоси дингаро қудрати сиёсиро ба даст гирифтанд, фарҳанги хурофот ҷойгузини қудрати тафаккур гардида, илм рӯ ба рукуд ва иқтисод ба варшикастагӣ овард.
Аммо дар садсолаи XVIII, ки замони ренесанс – боззоӣ (эҳёгароӣ), равшангароӣ номида шудааст, дар Аврупо як силсила файласуфони равшангаро ба майдон баромаданд, ки ақидаҳои онҳо ба вожгун сохтани низоми мазҳабӣ ва бунёди масеҳияти дунявӣ расонд. Дар ҷаҳони Ғарб то ин замон калисо ҳокими аслӣ ва қудрати ҷомеа буд, ки ба рушду густариши илму фарҳанг сад мегузошт (монанди мурофиаи Галилей, Коперник ва ба оташ афкандани донишмандоне чун Ҷордано Бруно), аммо бо пирӯзии инқилоби бузурги Фаронса назарияпардозони ҳаракати равшангарӣ, поёни ҳукмронии динро дар дунё навид доданд, зеро дар Аврупо дин аз давлат ҷудо шуд. Дар натиҷаи фосила гирифтани биниши даҳриву дунявӣ аз андешаҳои динӣ, дарёфтаҳои Галилей, Коперник, Нютон, Ҷеймс Ватт, Бэкон ва садҳо донишмандони ихтироъкори дигар инқилоби саноатӣ ба вуҷуд оварда, ҷаҳони Аврупоро дигаргун сохтанд ва ҷаҳони севум, Шарқ ва Африқоро бардаи худ гардонданд. Дар перомуни посухи илмӣ пайдо кардан ба пурсиши доимии мо, яъне иллатҳои қафомондагии кишварҳои мусалмонӣ аз пешравиҳои илмӣ – техникӣ ва дасткӯтаҳӣ ба технологияи навин, бисёре аз донишмандони Шарқ, бавижа назарияпардозони динӣ, далелҳоеро пеши рӯ меоваранд, ки ҳуши мардумони ҷаҳони вопасмондаро аз воқеияти таърихӣ ба норостиҳо мебарад.
Назарияпардозони давлатҳои исломӣ маҳз наҳзати исломиро ренесанс – равшангароии асри XX дониста, рушди тамаддуни Ғарбро вомдори дини ислом медонанд. Аммо аз таърих медонем, ки дар Шарқи мусалмон посухи тамоми саволҳои фалсафиву илмӣ аз тарафи дастгоҳи қудрат ба рӯҳониён дода шуда буд ва ниёзе ба тафаккури инсонӣ боқӣ намемонд. Фалсафаи исломӣ фақат таҳқиқу ҷустуҷӯҳои илмиро дар чорчӯби усули дин иҷоза медод. Андешаи исломӣ таақулгаро набуд. 
Имрӯз низ назарияпардозони казоӣ аз кишварҳои мусалмонии гирифтори таассуб аз роҳи пахши барномаҳои телевизионӣ, интишори маводи интернетӣ, чоп намудани адабиёти исломгароӣ, ба хаёли ҷавонони мо андешаҳои иртиҷоиеро мекоранд, ки обишхӯри кайҳоншиносии динӣ ва фалсафаҳои динӣ буда, зимоми ҳукумат дар дасти созмонҳои динӣ буданро ташвиқ мекунанд ва бо таассуф ба чашм мехӯрад, ки дар миёни иддае аз ҳамдиёрони ба донишварзиву донишҷӯӣ сарукордошта, назарияҳое ба сони хуршедмарказӣ (системаи офтоб), офариниши ҷаҳон, такомули табиӣ (эволютсия) ва соири дарёфтаҳои донишмандони Ғарбро зери тозиёнаи интиқод ва инкори қатъӣ қарор медиҳанд. Дар ин росто, гумон мекунам, мебояд дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳои мамлакат, ба омӯзиши таърихи фалсафа аҳамияти хоса бахшида, ҳангоми арзёбии донишҳои шогирдон ба сатҳи омӯхтаҳои фалсафии онҳо баҳои воқеӣ гузошта шавад. Равшанандешонро мебояд ба сони сарсупурдагони замони ренесанси Аврупо бештар бо ҷавонони донишпажӯҳ суҳбатҳову гуфтумонҳо доир намоянд, зеро муборизаи ифротгароёни динӣ, пеш аз ҳама, бар зидди онҳо нигаронда шудааст. Дар ин маврид донишманди донои тоҷик Саймумин Ятимов натиҷагириҳои олимонаву оқилона доранд: «Сабаби асосии муборизаи рӯҳониёни ифротӣ бар зидди зиёиён дар солҳои 20 – уму 30 – юм ва 90 – уми асри XX то замонҳои наздик дар он буд, ки одамони саводнокшуда дигар намехостанд муриду мухлиси афроди мутаассиби ҷаҳолатзада бошанд ва аз таҳти назорату фармонбардории онҳо берун мешуданд. Ба ибораи дигар, ҳамаи ин кӯшишҳои ҷаҳолатпарастон оқибатҳои ҷиддӣ доранд. Ин талошҳо ба он равона гардидаанд, ки одамонро дар ҳолати бесаводӣ, камшуурӣ, бетафаккурӣ ва ҷоҳилӣ нигоҳ доранд».
Набояд аз дида дур дошт, ки яке аз нуктаҳои асосии ба омӯзишу парвариши ҷавонон нигаронидаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтироъкории ҷавонон таъкид дорад. Чирамандии таассубгароӣ дар ҷомеа ва ҳампайвандии дин ва давлат боиси аз ибтикору ихтироъ бозмондани андешаҳои ноби ҷусторони илмҳои дақиқ хоҳанд буд.
Дар поён ин гуфтаҳои донишманд Алии Мирфатрусро нақл мекунем, ки росту омӯзанда мебошанд: «Равшангарони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар солҳои гузашта заҳри идеологияҳои динӣ, ё лениниро чашидаанд ва аз ин роҳ хисороти ҷуброннопазире мутаҳаммил шудаанд. Шояд ба дур аз воқеият набошад, агар бигӯем, он чӣ бар Эрон ва Афғонистон дар солҳои ахир гузаштааст, аз ҷумла маҳсули идеологиязадагии раҳбарони сиёсӣ ва равшанфикрони Эрону Афғонистон будааст. Ҳеҷ лозим нест, ки иштибоҳоти хунину ҳавлноки мо (эрониёну афғонистониҳо) - ро масалан, тоҷикҳо ҳам бихоҳанд такрор кунанд».
Зафар МИРЗОЁН,
мушовири ректори
Донишгоҳи давлатии
Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2017    №: 34    Мутолиа карданд: 1758

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед