logo

фарҳанг

ВАО-И МИЛЛӢ. ЧӢ БОЯД КАРД, КИ ОН РАҚОБАТПАЗИР БОШАД?

Дар марҳилаи кунунӣ ВАО ҳамчун фишанги асосии таъсиррасон ва дастгоҳи пурқуввати таҳрикдиҳандаи афкори ҷамъиятӣ эътироф гардида, ба ҳайси абзори қавии «неруи нарм» баромад мекунад. Бинобар ин, бо истифода аз ВАО бозигарони сиёсӣ ҳадафмандона ба равандҳои сиёсӣ таъсир расонда, осебпазирии давлатҳои миллиро ба вуҷуд меоранд. Дар шароити имрӯза таъсиргузории ин равандҳо ба фазои иттилоотии кишвари мо низ вуҷуд дорад ва нуфузи ВАО-и берунӣ дар он зиёд буда, бо паҳн кардани иттилооти мухталиф афкори ҷамъиятиро ба нафъи худ таҳрик медиҳанд.
Дар чунин вазъият ВАО-и ватанӣ, ки барои пешгирӣ аз ин хатарҳо нақши калидӣ дорад, бояд маҳсулотеро пешниҳод созад, ки дар фазои иттилоотӣ рақобатпазир бошад. Яъне, иттилооти тоза, саҳеҳ, саривақтӣ ва бадардхӯрро пешниҳод карда тавонад, то дар фазои иттилоотии кишвар таъсири муайянкунанда дошта бошад.
Суоли матраҳ ин аст, ки имрӯз ВАО-и ватанӣ дар истеҳсоли маҳсулоти мувофиқ ба завқи муосири ҷомеаи иттилоотӣ ва ташаккули дидгоҳу ҷаҳонбинии насли имрӯзу фардо то чӣ андоза муваффақ аст? Ва ин суол дар ҳоле матраҳ шудааст, ки инсонҳои ояндаи ҷомеаи иттилоотии мо имрӯз сохта мешаванд ва ҳуҷуми иттилоотӣ ба тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо метавонад таъсиргузор бошад. Модоме ки ВАО омили ташаккулдиҳандаи шуур ва дар ин замина дидгоҳ низ бошад, хусусияти насли оянда ба сифати маҳсулоти имрӯз пешниҳодкардаи онҳо тавъам аст. Яъне, агар сифати иттилооти имрӯз пешниҳодшаванда баланд бошад, натиҷа мусбат аст, агар не, пас мо бояд усул ва абзори пешниҳоди иттилоотро такмил диҳем.
Барои ҳифзи фазои иттилоотии кишвар аз таъсири манбаъҳои беруна, хусусан, ВАО-и хориҷӣ, бояд баъзе навгониҳои ҷаҳони муосир бо назардошти воқеият ба таври мутавозин ба шаҳрвандон пешниҳод гардад. Барои таъмини рақобатпазирии ВАО-и ватанӣ дар баробари хориҷӣ муҳим аст, ки фаъолияти онҳо мутобиқ ба талабот ва равандҳои замон бошад. Зеро танҳо ба воситаи пешниҳоди маҳсулоти босифат таъсири муайянкунанда дар фазои иттилоотии ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ имконпазир аст.
Имрӯз дар кишвар 42 ТВ (аз ин шумора 10-тои он давлатӣ ва 32 ғайридавлатӣ, яъне хусусӣ), 27 радио (7 давлатӣ ва 20 ғайридавлатӣ), 11 оҷонсӣ (1 давлатӣ ва 10 ғайридавлатӣ), 367 рӯзнома (107 давлатӣ ва 260 ғайридавлатӣ), 239 маҷалла (110 давлатӣ ва 129 ғайридавлатӣ) ба ҳисоб гирифта шудаанд. Маъмулан, дар мо ВАО-ро ба ду қисм тасниф мекунанд: давлатӣ ва хусусӣ ва рақамҳои овардашуда гувоҳи онанд, ки шумораи ВАО-и хусусӣ нисбат ба давлатӣ ба маротиб афзудааст. Мавҷудияти ВАО-и хусусӣ дастоварду падидаи мусбат аст. Аммо дар шароити ҷаҳонишавӣ месазад, ки байни ин ду шохаи иттилоотии ҷомеа тафриқа нагузошта, баръакс ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва экспансияи иттилоотӣ, расонаҳои давлатиро аз хусусӣ ҷудо намекунанд ва дар ниҳояти кор ҳамаи онҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, ВАО-и миллианд. Барои рақобатпазирӣ дар бозори иттилоотии кишвар ва ҳатто минтақа муҳим аст, ки дидгоҳу мавқеъҳо наздик шаванд ва барои муаррифии шоистаи дастовардҳои замони истиқлол дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ва ташаккули афкори мусбат доир ба Тоҷикистон мусоидат намоянд, албатта, бо назардошти озодии сухан ва матбуот. Аз ин рӯ, фаъолияти ВАО-и миллӣ бояд ба истеҳсоли маҳсулоти давлатмеҳвару шахсиятсоз равона шавад ва манфиатҳои Тоҷикистонро дар фазои иттилоотии кишвар ва ҷаҳон ҳимоя карда тавонанд.
Нашри маводи беасосу ғаразнок, ҳатто бадбинӣ нисбат ба Тоҷикистон, ки баъзан дар расонаҳои хориҷӣ ба табъ мерасанд, нишон медиҳанд, ки мо ҷавобан матлаби қобили бархӯрде дар сатҳи минтақа барои дифоъ аз манфиатҳои кишварамон матраҳ карда наметавонем. Сабаби чунин мавқеъгирии ВАО-и кишвар ва журналистони тоҷикистонӣ марбут ба ҳувияту касбияти онҳост. Дар ин ҳолат зарур аст, ки барои ҳимоя аз манфиатҳои Тоҷикистон дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ журналистони касбии забондони сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта бошем. Масъалаи нарасидани кадрҳои баландихтисоси соҳаи ВАО, махсусан нарасидани журналистони касбиро Сарвари давлат ҳанӯз чанд сол қабл дар суханрониашон бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик таъкид намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки “Мехоҳам як масъалаи ниҳоят муҳимро хотирнишон созам. Рушди воситаҳои ахбори омма чун ҳамаи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ва давлат бидуни кадрҳои болаёқат ва мутахассисони варзида ғайриимкон аст... Доир ба ин масъала борҳо гуфтаем ва бори дигар такрор мекунем. Ба назари ман, ин масъала бе дахолати фаъоли мақомоти давлатӣ ҳалли худро ёфта наметавонад».
Бо дарназардошти муҳимияти ин масъала бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби Ҳукумат барои фароҳам овардани муҳити созгор ҷиҳати рушди ВАО дар кишвар  як қатор тадбирҳо андешида шуданд. Аз ҷумла баъди супоришҳои мушаххаси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон дар Ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик Академияи ВАО таъсис дода шуд. Барои тайёр намудани мутахассисони ба талаботи муосир ҷавобгӯи соҳаи журналистика “Барномаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси воситаи ахбори омма барои солҳои 2013-2017” қабул гардид. Мувофиқи ҳадафу вазифагузориҳои барнома тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи журналистика бояд дар ду самт амалӣ мегардид: самти таҳсилоти олӣ; бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси журналистону дигар мутахассисони соҳаи ВАО. Дар самти таҳсилоти олӣ (такмили барномаҳои таълимӣ, бозомӯзии омӯзгорон, таъмини пойгоҳи моддиву техникӣ ва такмили низоми таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар факултетҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ) як қатор тадбирҳо андешида шудаанд, ки самари чашмрас доранд. Аммо дар самти ташаккули низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи матбуоти даврӣ, телевизион ва радио тадбирҳои андешидашуда ҳанӯз кофӣ нестанд.
Шароити кунунӣ барои фаъолияти босамари ВАО-и миллӣ андешидани тадбирҳои ҷиддитарро тақозо дорад. Ташаккулу рушди устувори ҷомеаи иттилоотӣ ва таҳкими фаъолияти ВАО-и миллӣ дар ҳама бахшҳои ҳаёти ҷомеа тағйироти сифатан навро ба вуҷуд меорад. Сатҳи иттилоотонӣ ва фаъолияти пурсамари ВАО яке аз нишондиҳандаҳои дороии кишвар маҳсуб меёбад. Дар қарни гузашта гуфтан мумкин буд: касе, ки сармоя дорад, ӯ ҷаҳонро идора мекунад. Дар замони кунунӣ иттилоотро метавон муродифи сармоя донист. Яъне касе, ки имрӯз иттилооти тоза, саҳеҳ ва саривақтиро дошта бошад, дар сатҳҳои гуногун, ӯ бешубҳа, таъсири муайянкунанда ба идоракунӣ низ дорад. Аз ҷониби дигар, ҳар қадаре ки давлат манбаъҳои дохилии иттилоотии худро устувору рақобатпазир мекунад, барои дар ҳавзаи худ нигоҳ доштани манбаъҳои шаклдиҳандаи афкори ҷамъиятӣ шароити зарурӣ ба вуҷуд меоварад ва таъсири омилҳои беруниро дар фазоии иттилоотии кишвар пешгирӣ ва маҳдуд месозад.
Дар ин самт хуб мебуд, ки вазъи феълии фазои иттилоотӣ ва шароити ВАО аз ҷониби масъулин ҳамаҷониба омӯхта мешуду дурнамои рушди устувори он дар шароити муосир таҳия мегардид.
Барои ребрендинги Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ташаккули имиҷи мусбати он дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ бо дастгирии Ҳукумат омода кардани журналистони касбии забондони сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Ҳамчунин, барои таъмини иттилооти босифат ва баланд бардоштани малакаву маҳорати касбии журналистони ватанӣ дар заминаи ташкили курсҳои такмили ихтисос бо дарназардошти талаботи муосир аз ҷониби Академияи ВАО-и кишвар ба роҳ мондани низоми бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси журналистон лозим аст.
Дар ин ҳолат,   ҳифзи  манфиат-ҳои миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар фазои иттилоотӣ бо шеваи муосиру интеллектуалӣ таъмин хоҳад шуд.
Моҳира САНГМАМАДОВА, Журналист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2017    №: 34    Мутолиа карданд: 2216

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед