logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН МАРКАЗИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН АСТ

Сироҷиддин АСЛОВ,
вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, 21 декабри соли 2016 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 - ро қабул намуд. Мақсади асосии эълон намудани даҳсола ин мусоидат ба талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои  нави байналмилалии марбут ба об буд.
Тибқи арзёбии коршиносон, шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил дода, ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Илова бар ин, бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50 дарсади аҳолии ҷаҳон бо мушкили норасоии об рӯ ба рӯ мегардад. Бар замми ин, раванди биёбоншавӣ, афзудани офатҳои табиии вобаста ба об, шаҳргароӣ (беш аз андоза рӯ овардани аҳолӣ ба шаҳрҳо) ва ғайра, ки ба захираҳои обӣ ва сифати он таъсири манфӣ мерасонанд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ татбиқи чораҳои фаврӣ ва амалиро талаб мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки барои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» чанд ниҳоду механизмҳои муассир таъсис ёфтаанд, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои байналмилалии марбут ба об нақши муҳим бозиданд. Яке аз механизмҳое, ки дар татбиқи даҳсолаи сипаришуда нақши калидӣ бозид, ин ниҳоди “СММ-Об” (ё ин ки “UN-Water”) мебошад, ки соли 2003 таъсис ёфтааст. Илова бар ин, соли 2009 дар Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон як ниҳоди хеле муассир ва муҳим бо номи Гурӯҳи «Дӯстони об» таъсис дода шудааст, ки айни ҳол зиёда аз 100 кишвари узви созмонро фаро мегирад. Ниҳоди мазкур дар муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба оби рӯзномаи СММ нақши фаъол дорад. Ниҳодҳои болозикр дар пешбурди роҳҳои оқилона  ва механизми татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» нақши бориз гузоштанд. Аз ин лиҳоз, интизор меравад, ки ин ду ниҳоди номбурда якҷо бо муассисаҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, ҳавзаӣ ва миллӣ дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 мусоидат хоҳанд кард. Гузашта аз ин, қатъномаи болозикр механизмҳои дигари баррасии масъалаҳои таҳкими ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти СММ-ро дар робита ба мудирияти захираҳои об муайян кардааст. Ба ин мақсад дар назар аст, ки арзёбиҳои миёнамуддат ва фарогири даҳсола дар чорчӯбаи ҷаласаҳои Маҷмаи умумии СММ баргузор шаванд. Аз ҷумла, дар татбиқи даҳсолаи нав мо бояд фаъолияти тамоми сохторҳои мавҷудаи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалии марбут ба обро фаъол гардонда, шарикӣ ва ҳамоҳангии онҳоро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои даҳсола тақвият бахшем. Ғайр аз ин, барои муваффақона сурат гирифтани татбиқи даҳсолаи нав лозим аст, ки шарикию ҳамдигарфаҳмӣ дар ҳамаи сатҳҳо мустаҳкам гардад ва, пеш аз ҳама, масъалаҳои маблағгузорӣ, табодули таҷҳизоти муосир, таҷрибаи пешқадам дар соҳаи истифодаи об, ҳифзи захираҳои обӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба об дар рӯзномаи чорабиниҳои глобалӣ ва минтақавӣ ҷойи муносиби худро ёбанд.
Бояд гуфт, ки дар пайи ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, батадриҷ мафҳуми дипломатияи об ба сатҳи амалӣ баромад. Ин нукта ба ҷаҳониён собит шуд, ки ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, роҳандозии технологияҳои нави гуфтушунидеро тақозо мекунад, ки ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ мусоидат намоянд. Дар ин раванд ба таҳкими ҳамкорию танзими муносибатҳо таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, дар навъи нигариш ва истифодаи обҳои фаромарзӣ миёни кишварҳои минтақа раванди муколама дохил гашта, аз таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳон дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез, аз ҷумла идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар истифода мешавад. Ин иқдом метавонад ба ҳамкории ҷиддии васеъ ва таҳияи созишномаҳои одилона ва оқилона дар робита ба ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ дар минтақаҳои гуногуни дунё оварда расонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ташаббускори фаъол ва пешбари ҳалли масъалаҳои марбут ба об аст, минбаъд низ ҷонибдори истифодаи самараноки захираҳои об хоҳад буд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 - 2015, Соли байналмилалии «Оби тоза» (2003), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Маҳз аз ҳамин хотир, ҷомеаи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.  Ин аст, ки имрӯз муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об, тарҳрезии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар ҳама сатҳҳо бо иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд.
Даҳсолаи оянда саҳифаи нав барои ноил гардидан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда дар соҳаи захираҳои об хоҳад буд. Бояд тадбирҳои муассирро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои расидан ба ҳадафҳои ин даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳия ва амалӣ кард. Тоҷикистон умедвор аст, ки тавассути ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва рушди мушорикат бо дигар сохторҳои дахлдор, равишҳо ва механизмҳои амалисозии даҳсола якҷо бо дигар Ҳадафҳои рушди устувор пайдо хоҳанд шуд. 
Зикри ин нукта ҳам бамаврид аст, ки дар рафти татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон шаҳри Душанбе пойтахти ҷаҳон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба об гардид. Дар натиҷаи чорабиниҳои баргузоргардида роҳҳо ва механизмҳои ҳалли масъалаҳои муҳими марбут ба захираҳои об муайян гардида, муколамаҳо миёни тасмимгирандагон ва истифодабарандагони об дар ҳама сатҳҳо  мустаҳкам шуданд. Баргузор шудани чандин нишаст, конфронсҳои байналмилалӣ ва симпозиумҳо, бо қарорҳои Маҷмаи умумии СММ тасдиқшуда на танҳо барои муаррифии Тоҷикистон, захираҳои бойи табиии он, мардуми куҳанбунёд ва фарҳанги кишвар буд, балки тоҷиконро ҳамчун мардуми меҳнатдӯсту созанда, ки дар шароити амнияти куллӣ ва субот зиндагӣ доранд, ба оламиён ошно кард. Кишвари мо дӯстони зиёде пайдо намуд, ки инак Тоҷикистонро маркази дипломатияи об ва ташаккули ғояҳо ва ташаббусҳои оқилона барои ҳалли масъалаҳои  ҷаҳонии марбут ба об мешуморанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2017    №: 34    Мутолиа карданд: 3163

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед