logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ. ЁДИ НЕКЕ АЗ МАЗҲАБШО МУҲАББАТШОЕВ, СОБИҚ САРМУҲАРРИРИ "ҶУМҲУРИЯТ" (СОЛҲОИ 1987-1995)

Бешак, сарварӣ дар нахустин рӯзномаи кишвар, ки ҳолиё номи «Ҷумҳурият» - ро дорад, аз оғоз осон набуд. Он шинохти бузурги масъулият ва ҳамзамон худфидоиро тақозо дошт.

Мазҳабшо Муҳаббатшоев дар даврони аз ҳама вазнину печидаи мамлакат сарвари ин рӯзномаи бонуфуз таъйин гардид.
Дар замоне, ки миллату кишвар дар дуроҳаи ҳастӣ ва нестӣ қарор дошт. Душманони он мехостанд номи Тоҷикистонро аз харитаи дунё барои ҷовидон бибардоранд. Барои ба амал баровардани ин мақсад аз ҳеҷ чиз рӯ намегардонданд, ба ҳар сурат меомаданд, ки шинохташон ҳеҷ ба осонӣ даст намедод.
Ҳодисаҳои хунини Баҳманмоҳ ва ҷанги шаҳрвандӣ бори дигар собит сохтанд, ки пояҳои давлатдорӣ дигар мустаҳкам нест ва гурӯҳҳои аз берун идорашаванда зимоми онро ба дасти худ гирифтан мехоҳанд.
Матбуот аз рӯи талаботе, ки дорад, бояд ҳамқадами замон бошад. Вале, дар ин ҳол на танҳо ҳамқадам будан зарур буд, балки бояд бештару пештар гом мегузошт ва бо дарёфти мавқеи дуруст ва ҳақиқат огоҳ месохт, ки ба куҷо ва чаро равонем. Мусаллам аст, ки сарвари рӯзнома дар чунин ҳол, пеш аз ҳама, дониши сиёсӣ, таҷрибаи ғанӣ ва маҳорати сарварию роҳбарӣ медошт, то вазъро хуб бишиносаду дуруст тадбирандешӣ карда тавонад. Мазҳабшо Муҳаббатшоев дар ин маврид беҳтарин сарвару роҳбари рӯзнома буд. Дар мудҳиштарин рӯзҳо мавқеи дурусти рӯзнома ва аҳли эҷоди онро нигоҳ дошт. Ҷанг мерафт ва садои тиру тӯп ба гӯш мерасид, аммо «Ҷумҳурият» нашр мешуд. Ҳақиқатро бепарда баён медошт ва ба сулҳу салоҳ, пойдории давлату кишвар даъват мекард, мардумро умедвор месохт, ки ин миллати пароканда боз ба ҳам меояд ва сарзамини аҷдодӣ ободтару дилработар мегардад.
Мазҳабшо Муҳаббатшоев тавонист дар замони сардабирияш беҳтарин анъанаҳоро, ки аз нахустин соли барориш дар ин рӯзномаи рақами яки миллат вуҷуд доштанд, нигоҳ бидорад ва навоварӣ низ бинамояд. Мактаби рӯзнома, ки устодони забардаст дар рӯзгори пешин бунёд карда буданд, пойдор монд. Ба маърифати рӯзноманигорӣ ва сайқали маҳорати аҳли эҷод таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекард. Бо дасту дили пок, шуҷоату фидокорӣ, баёни сухани ҳақу созанда хидмат ба миллату Ватанро барои худ шараф медонист ва дар ҳамин рӯҳия рӯзноманигоронро дар ин мактаб тарбия менамуд. Масъалаҳои муҳими давр, мушкилоти ҷомеаро зуд ва хуб дарк мекард. Ба арзишҳои миллӣ, хосса фарҳангу забони он эҳтироми зиёд мегузошт. Ба сарнавишти инсонҳо ва кормандони рӯзнома бетафовут набуд. Барои баланд бардоштани сатҳи рӯзнома пайваста саъю кӯшиши беандоза ба харҷ медод. На танҳо дӯст медошт, ки ҳар коргари эҷодӣ барои ҷолибу хонданӣ шудани ҳар саҳифаи рӯзнома ташаббус зоҳир бикунад, балки онҳоро ба иҷрои ин кори хайр ҳидоят менамуд. Дар баробари он ки чун ходими адабӣ, котиби масъул ва сармуҳаррири рӯзнома дар солҳои гуногун шуҳрати зиёд дошт, ҳамчунин чун рӯзноманигори асил ва боистеъдод шинохта шуда буд. Ӯ то ба охири умри пурсамари худ қаламро ҳеҷ аз даст нагузошт ва бори дигар собит сохт, ки ба пешаи рӯзноманигорӣ садоқати зиёди маҳвношуданӣ дорад. Яъне, ба ин миллат, ба ин кишвар ва дар маҷмӯъ ба тамоми инсонҳо ба хотири пойдорӣ, ободӣ, ҳастии зебову сазовор хидмат мекунад.
Марг ҳам гӯё ба поси ин хидматҳои арзандаву сазовор, худфидоӣ ӯро ҷисман бурду рӯҳан бо мо гузошт ва ҳам раво надид, ки ному ёди некашро аз лавҳаҳои хотир бизудояд.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2017    №: 35    Мутолиа карданд: 1708

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед