logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО РОҲБАРИЯТ, ФАЪОЛОН ВА МАСЪУЛОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар мулоқот раёсат ва аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, намояндагони ташкилоту муассисаҳои гуногуни пойтахт, доираи соҳибкорону тоҷирон, аҳли илму маърифат, зиёиён, иттиҳодияҳои эҷодию динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Нахуст дар ҳузури иштирокчиёни мулоқот Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз гузашта ва имрӯзи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ва мушкилоту дастовардҳои он дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории мулоқоти имрӯзаро идомаи тадбирҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин вохӯрӣ барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи пойтахти мамлакат ва таҳияи нақшаю барномаҳои наву муосири таъминкунандаи пешрафту тараққиёти бемайлони он дар оянда шароити созгор фароҳам хоҳад овард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври муфассал вазъи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳри Душанберо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои бартараф намудани мушкилоти тамоми соҳаҳои шаҳрдорӣ ва мусоидат ба таъмини рушди устувори онҳо масъулони дахлдорро вазифадор намуданд. Ба таври мушаххас вазъи соҳаҳои роҳу нақлиёт, барқу гармидиҳӣ, обу корезӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонӣ ба аҳолӣ, бозору марказҳои савдо, тандурустӣ, варзиш, мактабу муассисаҳои соҳаҳои маорифу фарҳанг, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мавриди таҳлил қарор дода шуда, роҳбарият ва масъулони мақомоти ҷумҳуриявӣ ва сохторҳои шаҳрӣ барои ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта супоришҳои қатъӣ гирифтанд. Ҳамчунин, тақвият бахшидани фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ дар тамоми шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе барои таҳким бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахти мамлакат тақозо карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъол дар тадбирҳои ободонию хуррамгардонӣ ва фароҳамсозии пешрафту тараққиёти бемайлони шаҳри Душанберо рисолати шаҳрвандии ҳар як сокини бошарафи пойтахт арзёбӣ карда, аз ҳамагон бори дигар даъват ба амал оварданд, ки дар иҷрои ин рисолати воло ҷиддӣ ва масъулиятшинос бошанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ доир ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ҳамарӯза ва дурнамои рушду тараққиёти бештару хубтари шаҳри Душанбе байни Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштирокчиёни мулоқот, аз ҳисоби доираи соҳибкорону тоҷирон ва фаъолони пойтахти мамлакат, суҳбати самимӣ ва мубоҳисаи судманд доир гардид.
Сипас, дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сухан баромада, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирию таваҷҷуҳи пайваста изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе таъкид бар он дошт, ки дар доираи дастуру супоришҳои роҳнамунсози Сарвари давлат роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои ободонию пешрафти пойтахти мамлакат тамоми тадбирҳоро амалӣ хоҳад намуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2017    №: 35    Мутолиа карданд: 2625

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед