logo

ҳуқуқ

МУХАДДИРОТ. БЕШ АЗ 430 КИЛОГРАММ МАВОДИ НАШЪАОВАР БА КОМИ ОТАШ РАФТ

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш дар ҳузури комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти прокуратура, суд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ  430 килограмму 34 грамм маводи нашъаоварро оташ заданд.

Дар ҳоле ин миқдор маводи мухаддир, ки аз он 84 килограмму 823 грамм маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис, 107 килограмму 36 грамм афюн, 63 килограмму 08 граммашро героин ташкил медод, сӯзонда шуд, ки метавонист, дар сурати мусодира нашудан, ҷони ҳазорҳо нафарро дар хатар гузорад. Маводи сӯзондашуда аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук ҳангоми гузарондани амалиёт вижаи оперативӣ  - ҷустуҷӯӣ мусодира гардидааст. Дар робита ба мусодираи маводи нашъаовар 24 парвандаи ҷиноятӣ  боз гардида, гунаҳгорон бо ҳукми суд ҷазои сазовор гирифтанд.
- Мо хуб дарк мекунем, ки ҳарчи қадар нашъамандию нашъаҷаллобӣ коҳиш ёбад, ҳамон қадар сатҳи таълиму тарбия ва камолоти насли наврас баланд хоҳад шуд, - иброз дошт Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба гуфтаи ӯ, ба ин васила мусодираву нобуд кардани маводи нашъаовар  ҷони садҳо нафар аз марг наҷот ёфта, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир пешгирӣ мешавад.
Дар маросими сӯзондани маводи нашъаовар иттилоъ дода шуд, ки соли 2016 кормандони агентӣ 200 нашъамандро муайян намуданд. Дар ин раванд 135 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва 173 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Аз онҳо 639 грамм маводи нашъаовар мусодира гардида, ба маблағи 148 ҳазор  сомонӣ ҷарима ситонда шудааст, ки назар ба соли 2015 ду маротиба зиёд аст.
Соли гузашта аз тарафи кормандони агентӣ 13 амалиёти муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии  кишвар ва 11 амалиёт бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ гузаронда шуд, ки дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ 319 килограмм воситаҳои нашъаовар мусодира гардид.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2017    №: 36    Мутолиа карданд: 1868

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед