logo

иҷтимоиёт

ҚАБРИСТОНҲО ДИГАР МАКОНИ САБҚАТҶӮӢ НЕСТАНД

Чанд соли охир  вазъи ногувори гӯристонҳои қаламрави ҷумҳурӣ  аз мавзӯъҳои асосии расонаҳои хабарӣ маҳсуб меёбад, ки ин бесабаб нест. Зеро дар аксари қабристонҳо зиёдаравӣ ба ҳукми анъана даромада, ҳатто он ба макони сабқатҷӯйӣ қарор гирифтааст. Сангҳои мазор бо навиштаҷоти гуногун ва аксу ному насаби марҳум бо тарзи ҳаккокӣ аз ҳам тафовути зиёд доранд. Замини бисёрро ишғол менамоянд. Онро бо панҷараҳои гуногуни оҳанину деворҳои хиштиву бетонӣ маҳкам месозанд. Дар байни қабрҳо сохтани кӯшку гунбаз на танҳо авҷ гирифтааст, балки ба ҳукми анъана даромадааст.
Табиист, ин ҳама амалҳои номатлуб ва хилофи шариати исломӣ дар баробари исрофи беҳуда, изҳори кибру ғурур мардумро ба гумроҳӣ водор месохт, ки дар банди тақлиди нодурусту зарарнок бошанд.
Агар барои муқоиса ва хулосаи дуруст баровардан ба гузаштаи на чандон дури худ бингарем, дармеёбем, ки ниёгони пуршарафамон ба  ин гуна сабқатҷӯӣ ҳамеша зид буданд ва ба он монеъ мегардиданд.
Мусаллам аст, ки Истиқлолияти давлатӣ ба мо ҳуқуқи озодии виҷдонро ато кард, аммо набояд аз он суистифода намуд. Сарвари давлат барҳақ иброз доштанд: «Маҳз Истиқлолияти двлатӣ ба мо имкон дод, ки арзишҳои милливу динии худро эҳё намуда, ҳуқуқу озодиҳои шахсии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодии виҷдонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф кунем ва кафолат диҳем».
Воқеан, ки арзишҳои милливу динӣ эҳё гардидаанд, дарку фаҳм ва муносибат ба он бояд огоҳона ва дуруст бошанд. Таърих борҳо сабақ додааст, ки ташаккули ҳар як давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, ба анъанаҳои миллӣ, фарҳангӣ, динӣ, бо дарки мансубияти миллӣ иртибот мегирад. Дар ин маврид хурофот, бидъат, яъне эҷоди анъанаҳои бад на танҳо раво нест, балки садди роҳи пешравиҳо мегарданд. Аз ин рӯ, Ҳукумати ҷумҳурӣ дар баробари ба инобат гирифтани муқаддасоти инсон баъди марг «Тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо» - ро бо қарори махсус аз 25 январи соли равон муайян намояд.
Дар асоси қарори мазкур нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо дар ҳудуди кишвар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳо оид ба нигаҳдории қабристонҳо, анъана, расму оин ва маросимҳои мардумии миллату халқиятҳои муқими мамлакат ба амал бароварда мешаванд. Ҳамзамон, меъёрҳои муқарраргардида дар ин маврид ба эътибор гирифта ва ба роҳ монда мешаванд.
Дар қарор зикр гардидааст, ки «Дар ҳудуди қабристон вайрон намудани қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, шикастан ва нобуд сохтани санги мазор ва ниҳолу дарахтҳо, сӯхтани рустаниҳои хушк ва дигар мавод, чарондани чорво манъ мебошад». Ба ҷуз ин, минбаъд санги мазор дар мувофиқа бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот гузошта мешавад. Тавре дар қарор омадааст: «Андозаи санги мазори уфуқӣ бояд на бештар аз 1,5 метр дарозӣ, 1 метр паҳноӣ ва 0,5 метр баландӣ бошад. Андозаи санги мазори амудӣ бояд на бештар аз 1 метр баландӣ, 0,5 метр паҳноӣ ва 10 сантиметр ғафсӣ бошад». Муқаррар гардидааст, ки атрофи он ба андозаи замини барои қабр ҷудогардида бо панҷара, дарахт ё рустаниҳои ороишӣ иҳота карда шавад. Дуруст аст, ки бисёре аз матнҳои санги мазор ғалат ва номувофиқ ба эътиқоди динии мардум буд. Дар Тартиби мазкур ба ин хотир мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот уҳдадор шуданд, ки «ба номутобиқатии мазмуни матни санги мазор ба талаботи санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътиқоди динии мардуми маҳал роҳ надиҳанд».
Барои ҳар як қабр ба андозаи миёнаи 2 метр дарозӣ ва 1,5 метр паҳноӣ қитъаи замин ҷудо карда мешавад.
«Тартиби нигаҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо», албатта, сабқатҳоро дар ин макон аз миён мебарад, пеши роҳи исрофро мегирад. Табиист, ки бо нигоҳдорию ҳифзи расму оин, анъанаҳои миллию динӣ пеши роҳи зиёдаравиҳо гирифта мешавад ва дигар қабристонҳо ба шаҳрак табдил намеёбанд.
Абдукарим МУСТАФОЗОДА,
сармутахассиси шуъбаи дин, танзими
анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2017    №: 36    Мутолиа карданд: 1825

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед