logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

Аз дуздии барқ то талаби пора
Кормандони мақомоти қудратӣ дар ҳамкорӣ  бо сохторҳои  дигари кишвар якчанд ҷинояти хусусияти иқтисодию молиявӣ доштаро ошкор намуданд

Ба ҷойи сарфа – дуздӣ
Гурӯҳи кории аз ҳисоби кормандони ВКД ва мутахассисони соҳаи барқ таъсисёфта зимни санҷиши вазъи  истифодаи неруи барқ якчанд ҳолати худсарона ва пинҳонӣ (ғайриқонунӣ) кашидани хати барқро  ба хонаҳои истиқоматӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ  ошкор намуд, - иттилоъ додааст маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ.
Шаҳрванд  Абдураҳмон Бобохонов, соли таваллудаш 1956, сокини шаҳри Душанбе, аз симчӯб хати ниҳонии барқ кашида, дар муддати 7 сол 272160 киловатт қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода бурдааст ва ба ШСХК «Барқи тоҷик» ба маблағи 292 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расондааст. Шаҳрванд Ҷамшед Ғуломов, соли таваллудаш 1968, сокини кӯчаи Қосимоваи  шаҳри Душанбе, бо роҳи дар ошхона ва нонпазхонааш кашидани  хати пинҳонии ғайриқонунии барқ ба ширкати «Барқи тоҷик» ба маблағи 18275 сомонӣ зарари моддӣ овардааст. Муҳаббат Бӯриева, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, қувваи барқро бо роҳи дуздӣ  - аз симчӯб кашидани хати пинҳонии барқ (бе ҳисобкунаки барқӣ) истифода бурдааст. Санҷиш, ҳамчунин, дуздии барқ аз ҷониби сокинони дигари пойтахт, ҷой доштани ҳолатҳои ғайрисанитарию гигиенӣ дар корхонаю муассисаҳо, истифода намудани асбобҳои зиёди худсозу ғайристандартии барқ ва лампаҳои тафсон, риоя нагардидани қоидаҳои зиддисӯхторӣ, роҳ додан ба хавфи бевоситаи  ба амал омадани сӯхтор, дар дохили сипарҳои барқӣ  оташ гирифтани рӯйпӯши кабелу ноқилҳоро аз ҷониби соҳибкор Суннатулло Ёров  дар ошхонаи воқеъ дар бозори «Ганҷина», соҳибкор Рустам  Раҳимов дар ошхонаи хусусии воқеъ дар ҳудуди бозори «Шоҳмансур», соҳибкор Шералӣ  Тешаев дар дорухонаи воқеъ дар кӯчаи  Аҳмади Дониш  ва соҳибкорони дигар ошкор сохт.
 Нисбат ба қонуншиканҳо  санадҳои маъмурӣ тартиб дода, аз онҳо вобаста ба зарари расондаашон  ҷарима ситонда шуд. Санҷишҳои муштарак дар ин самт идома доранд.
 Ёдрас месозем,  чанде пеш муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим дар машварат бо роҳбарони шабакаҳои барқии шаҳр  аз фаъолияти онҳо  дар масъалаи сарфаи неруи барқ интиқод намуда, супориш дод, ки оид ба кам кардани коҳиши неруи барқ чораҳои фаврӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Тасарруфи пасандозҳо  дар филиали «Агроинвестбонк»
Ду корманди собиқи филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Дарвози ВМКБ ба қаллобӣ ва азонихудкунии маблағи пасандозҳои шаҳрвандон гумонбар  дониста шуданд, - хабар додааст маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.
Беҳрӯз Саидов, ки хазинадори калони филиали бонк дар  ноҳияи Дарвоз шуда кор мекард, аз шаҳрванд Умбарова Олга Нурматовна, сокини ин ноҳия, 7400 доллари ИМА – ро барои нигоҳдорӣ дар бонк қабул намуд. Аммо Б.Саидов барои О. Умбарова  фақат дафтарчаи пасандоз тартиб дода, ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқи пасандоз дар бонкро  сарфи назар намуд. Маблағи 7400 долларро ба қарзхоҳ Г. Суннатов (аз ӯ  қарздор буд) дод. Ҳамчунин, шаҳрванд Маҳмадкарим Худоиев, ки аввал вазифаи  сардор, пас иқтисодчии пешбари  филиали бонк дар ноҳияи  Дарвозро иҷро мекард, бо хазинадор Беҳрӯз Саидов забон як карда, 15 ҳазор сомонӣ маблағи шаҳрванд Маҳмадова Тиловатхон Аҳмадовнаро, ки бовар карда  ба онҳо барои мубодила ба асъори хориҷӣ супурда буд, тасарруф намуданд. Нисбат ба Б. Саидов ва М. Худоиев парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, баъди анҷоми тафтишот ба мақомоти дахлдор  супурда шуд.

Мансабдор барои иншооту замин пора талаб мекард
Рустамзода Мирзоаҳмад Мирзо, ки дар вазифаи мудири шуъбаи идораи амволи давлатӣ дар вилояти Суғд кор мекард, моҳи майи соли 2015 аз шаҳрванд Ф. Бобоева барои харидории бинои санаторияи кӯдакона, воқеъ дар шаҳри Истаравшан 10 ҳазор доллар пора талаб кард. М. Рустамзода, ҳамчунин, ба шаҳрванд Ф. Бобоева бар ивази 5000 доллар ришва ба номи ӯ гузарондани 4,5 гектар қитъаи заминро  ваъда намуд. Дар ин бора хабар додааст маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.
 М. Рустамзода давоми  фаъолияти корӣ моҳи майи соли 2015 аз шаҳрванд Ҷ. Хайруллоев, ки оиди иштирок дар музояда вобаста ба фурӯши қисми бинои «Физиотерапевт» - и беморхонаи Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз муроҷиат намуда буд, 210 ҳазор сомонӣ талаб намуд ва ин маблағро аз моҳи январ то моҳи марти  соли 2016 дар се ҳолат  аз они худ кард.
 Нисбати М. Рустамзода бо моддаи 247, қисми 4, банди «б» - и Кодекси  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз гардида,  тафтишот идома дорад.
 
Истеҳсоли доруҳои қалбакӣ
Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон соҳибкор М. Қаландаров - зодаи ноҳияи Фархорро барои истеҳсолу фурӯши доруҳои қалбакии пастсифат боздошт намуданд, - хабар додааст Маркази равобити ҷамъиятии КДАМ.
 Тибқи иттилоъ, шаҳрванд М. Қаландаров – муассиси ҶММ «Шабнам» дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ  коргоҳи истеҳсоли доруворӣ ташкил намудааст. Зимни азназаргузаронии   коргоҳ чанд ҳазор ампулаи пастсифати «лидокаин», «димедрол» ва «аналгин» дарёфт ва мусодира гардид. Доруҳои қалбакӣ  ва пастсифати мазкур аз як қатор  дорухонаҳо низ мусодира шуданд.
 Нисбати М. Қаландаров бо моддаи 210 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз гардид.
С. АЗИЗОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2017    №: 36    Мутолиа карданд: 2060

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед