logo

сиёсат

ДАҲСОЛАИ НАВ. БОЗТОБИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РАСОНАҲОИ ХОРИҶӢ

Дар иртибот ба қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ахиран дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иштироки намояндагони вазорату  идораҳои ин кишвар, ҳайатҳои дипломатии муқими Эрон  ва доираи васеи рӯзноманигорон конфронс баргузор гардид.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон  Неъматулло Эмомзода оид ба масоили об, аҳамияти рӯзафзуни он ва мушкилоти мавҷуда дар арсаи ҷаҳон ҳарф зада, афзуд, ки дар шароити таъсири равандҳои глобалӣ роҳандозии ҳамкории самарабахшу оқилона дар соҳаи об ҷиҳати рушди устувор, нигаҳдории тавозун ва устувории экологӣ ба манфиати ҳамаи кишварҳо хоҳад буд.
Дар нишаст  наворҳои видеоӣ оид ба дастовардҳои  Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ҳамзамон, бо ибтикори сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон мусоҳибаи вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов перомуни қабули қатънома дар маҷаллаи маъруфи “Ово Дипломатик” чоп шуда, ҳамзамон дар рӯзномаи “Осиё” таҳти унвони “Тоҷикистон пешкори ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об” бо забони форсӣ бознашр шуд.
Ба ин монанд, дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамоиш доир гардид. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода зикр кард, ки  ташаббуси навбатии ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун платформаи қавӣ ба ҳамоҳангӣ ва пешбурди тамоми кӯшишҳо барои ҳалли масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба манбаъҳои обӣ мусоидат менамояд.
Дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус бошад, зимни баргузории ҷаласаи якуми Шӯрои намояндагони доимӣ ва мухтори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов ҳозиринро бо мақсаду вазифаҳои даҳсолаи нави байналмилалӣ ва нақши он дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор шинос намуд.
Дар робита ба қабули қатънома, аксари расонаҳои электронии Ҷумҳурии Мисри Араб бо истинод ба Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна (Middle East News Agency - MENA) дар бораи ташаббуси навбатии Пешвои миллат матлаберо таҳти унвони «СММ ташаббуси Тоҷикистон дар бораи эълони Даҳсолаи байналмилалии об, 2018 - 2028 - ро пазируфт» пахш кардаанд. Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна аз қавли сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Хусрав Нозирӣ навиштааст, ки давоми ин даҳсола бештар ба рушди пойдор, мудирияти захираҳои обӣ дар ҳамаи сатҳҳо, татбиқ ва таблиғи барномаву лоиҳаҳои дахлдор, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳанг гардидаанд, таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд. Дар ин бора воситаҳои ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Араб ва Давлати Қатар низ матолиб нашр карданд. Ҳамчунин, дар шумораи навбатии маҷаллаи «Invoice Magazine» - и Ҷумҳурии Исломии Покистон зери унвони «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи захираҳои обӣ баҳри рушди устувор ҳимоят намуд»  ба табъ расид. Дар он аҳамияти байналмилалии қабули қатъномаи Маҷмаи умумии СММ вобаста ба ин ташаббус ва ҳадафҳои он дар самти ҳифзи захираҳои обии сайёра ва таъмини манфиатҳои башарият дарҷ шудаанд.
Ҳамин тавр, қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 иқдоми бузурги башардӯстонае ба шумор меравад, ки дар амал тадбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо сокини сайёра таъсири мусбат хоҳад гузошт.
Додоҷон РӮЗИЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2017    №: 36    Мутолиа карданд: 1893

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед