logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОНУ ЧЕХИЯ. ҲАМКОРИҲО ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

Чанде пеш дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиши соҳибкорони  Тоҷикистону Чехия бо иштироки Шукурҷон Зуҳуров,  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ян Ҳамачек,  Раиси Палатаи намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Чехия ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ баргузор шуд.
Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, бахусус  Чехия, дар асоси анъанаҳои дӯстию бародарӣ ва эҳтироми мутақобила панҷ сол муқаддам  оғоз гардидааст. Ҳукумати  мамлакат Ҷумҳурии Чехияро дар Аврупо ба сифати шарики боэътимод эътироф карда, аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои  дуҷониба қаноатманд мебошад. Дар муносибати  муосири байнидавлатии Тоҷикистону Чехия сафари расмии  Милаш Земан,  Президенти Ҷумҳурии Чехия, ба Тоҷикистон ва сафари расмии ҷавобии  Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Чехия ва дар доираи ин сафарҳо баргузор шудани ҳамоишҳои соҳибкорону сармоягузорон падидаи муҳимтарин маҳсуб ёфта, яқинан, ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ҳар ду ҷониб такони нав бахшид. Баргузории ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории доимии байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ва ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Чехия дар моҳи январи соли 2016 барои боз ҳам тақвият ёфтани ҳамкориҳои ҳар ду кишвар  дар самти сармоягузорӣ, тиҷорат, саноат, энергетика, маориф ва илм, туризм, кишоварзӣ ва нақлиёт заминаи устувор гузошт.
Тавре Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, зикр  кард, дар панҷ соли охир ҳаҷми сармоягузориҳои  Ҷумҳурии Чехия ба иқтисодиёти Тоҷикистон 8,7 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки аз он 8 миллион сармояи мустақим мебошад. Бо вуҷуди ин, муносиботи сиёсию иқтисодии ҷонибҳо ба беҳбудӣ ниёз дошта, ба роҳ мондани ҳамкориҳои бештареро  тақозо менамоянд.
Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт: «Дар ояндаи наздик барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба Шӯрои сармоягузории  Тоҷикистону Чехияро  таъсис хоҳем дод.  Мо ҳоло дар чаҳорчӯбаи Стратегияи миллии рушди кишвар барномаҳои калон ва судоварро дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори туризм ва нақлиёт роҳандозӣ намуда истодаем. Дар ин самт бо  давлати мо   Чехия, Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қатар, Ҷопон  ва ИМА ҳамкорӣ доранд,  вале татбиқи пурраи барномаҳои таҳияшуда сармоягузории боз ҳам зиёдтари кишварҳои хориҷиро тақозо менамояд».
Зикр гашт, ки дар соҳаи кишоварзӣ барои сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳо  бо Чехия  имкониятҳо  бобати таъсиси корхонаҳои муштараки   чорводорӣ, истеҳсолу содироти меваву сабзавот, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва занбӯриасалпарварӣ мавҷуданд. Самтҳои  дигари ҳамкориҳои  Тоҷикистону Чехия коркарди нахи пахта, алюминийи аввалия  шуда метавонанд.
Дар анҷоми ҳамоиш   байни  корхонаю ширкатҳои ҳар ду кишвар оид ба соҳаи хизматрасониҳои коммуналӣ ва истеҳсоли  дору  Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Иронбӣ  МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2017    №: 36    Мутолиа карданд: 1924

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед