logo

иқтисод

ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ. ЛОИҲАҲОИ МУКАММАЛУ АСОСНОК НАМЕРАСАНД

Дар доираи низоми ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи ҳафтуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва  бахши хусусӣ доир гашт. Дар ҷаласа  Давлаталӣ Саид, муовини аввали Сарвазири кишвар, ҳамзамон раиси шӯрои мазкур, вазирони рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, роҳбарони идораю муассисаҳо ва масъулону мутахассисони соҳа,  лоиҳаю барномаҳои аз ҷониби бахши хусусӣ пешниҳодгардида ва амалисозии лоиҳаҳои «Таъсиси маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ», «Сохтмони маркази хизматрасонии тиббӣ ва маишӣ дар шаҳри Истаравшан», «Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ва дигар дарёҳо», «Сохтмони инфрасохтори аввалия», «Сохтмони хати роҳи оҳан» ва «Барқарорсозии системаи таъмини оби нӯшокӣ дар МОИ «Суғд» - ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бо вуҷуди дар чорабинии мазкур пешниҳод гардидани лоиҳаю барномаҳои зиёд дар бахшҳои гуногуни иқтисодию  иҷтимоӣ, бо сабаби номукаммалии ҳуҷҷатгузорӣ  ва дақиқ набудани манбаъҳои молиявии маблағгузории онҳо қарор дар бораи  татбиқи лоиҳаҳои номбурда аз ҷониби аъзои шӯро қабул нагардид.
Давлаталӣ Саид зимни муаррифӣ ва баррасии лоиҳаи  «Таъсиси маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ»  изҳор дошт, ки ҳарчанд  барои беҳбудии соҳаи тандурустӣ  татбиқи ин барнома  муҳим аст, аз сабаби  мукаммал набудани  ҳуҷҷатгузории он  ва номуайянии сарчашмаҳои маблағгузорӣ  мо наметавонем, ки  дар бораи татбиқи лоиҳа қарор қабул намоем. 
- Муаллифони лоиҳа то баргузории ҷаласаи имрӯза бояд ҳамаи паҳлуҳои онро омӯхта, манфиатҳои давлат ва бахши хусусиро  дақиқ менамуданд, дар ҷамъомади имрӯза ба саволҳои аъзои шӯро, аз ҷумла дар мавриди ҳуқуқу уҳдадориҳои молу мулкӣ ва асосноккунии иқтисодии сохтмони иншооти пешбинигардида, посухи дуруст медоданд.  -  гуфт Давлаталӣ Саид. 
Тавре аъзои шӯро  ва иштирокчиёни дигари ҷаласа гуфтанд, номукаммалии лоиҳаҳои пешниҳодгардида  садди пешравии низоми   шарикии давлат ва бахши хусусӣ  хоҳад буд. Бинобар ин, масъулони шӯро доир ба беҳтар намудани механизми таҳияи мукаммали лоиҳаҳои пешниҳодшаванда бояд чораҳои зарурӣ андешанд. Роҳандозии шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз иқдомҳои хирадмандонаи Сарвари давлат буда, мусоидат намудани сохторҳои давлатӣ  ба рушди  бахши хусусӣ, хусусан татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби соҳибкорон, ҳадафи он аст. Барои баҳраманд гардидан аз низоми мазкур таҳлилу омӯзиши ҳамаҷонибаи лоиҳаю барномаҳои пешниҳодшуда нақши асосӣ дорад. Дар ин маврид бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шавад, то масъалаи амалисозии лоиҳаҳои барои рушди иқтисодию иҷтимоии  кишвар аҳамиятнок дар ҳаво муаллақ намонад. 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2017    №: 36    Мутолиа карданд: 2024

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед