logo

иқтисод

“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР” ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ ҲАЗОРСОЛАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

Ба тасвиб расидани Қатъномаи навбатии Маҷмааи умумии СММ дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 бо ташаббуси Тоҷикистон аз ғояҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Ҳоло тақрибан 750 миллион нафар дар ҷаҳон ба оби тоза ва 2,5 миллиард нафар ба шароити кофии беҳдошти  санитарии об дастрасӣ надоранд. Офатҳои табиии марбут ба об ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 60 миллиард доллари амрикоӣ ба одамон хисорот меоранд. Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 зимни Конференсияи байналмилалӣ оид ба «Ҳамкорӣ дар соҳаи об»  дар шаҳри Душанбе вобаста ба масъалаҳои ҳалталаб таваҷҷуҳи ҳамагонро ҷалб карда, пешниҳод намуданд, ки Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об барои рушди устувор» эълон шуда, он бояд воситаи муҳими мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об ва таъмини он гардад.
Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”- и кишвар шурӯъ аз қабули нахустин қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи об бо мақсади таҷдид, барқарорсозӣ ва сохтмони системаҳои нави коммуналӣ, бахусус системаҳои обтаъминкунӣ, канализатсия ва беҳдошти санитарии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ як қатор тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намудааст. 
Бо дастгирии  Ҳукумати мамлакат ва маблағгузории Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳои  байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 - 2015 барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии ноҳияи Ҳисор,  навсозии таҷҳизоти системаи обтаъминкунӣ ва   сохтмони дамбаи ҳимояткунандаи  иншооти партовтозакунӣ ба дарозии 250 метр дар шаҳри Кӯлоб бо маблағи зиёда аз 1 миллиону 600  ҳазор доллар қарзи бебозгашт,  инчунин, зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ кумаки  молиявии идораи байналмилалии “ОКСФАМ” – и  Британияи Кабир амалӣ гардиданд.
Ҳамчунин, бо ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ аз давлати Арабистони Саудӣ барои бартарафсозии хисороти аз зимистони қаҳратуни аввали соли 2008 ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии ҷумҳурӣ расида, 42 000 метр қубурҳои  полиэтиленӣ ҳамчун ёрии башардӯстона ба корхонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи  шаҳру ноҳияҳо ворид гардид.  Соли  2010 аз ҷониби  Бонки ҷаҳонӣ бо маблағи зиёда аз 300  ҳазор доллар 4 дегхонаи гармидиҳии аз фаъолият бозмонда  дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Ҳисор барои таъмини гармӣ барқарор карда шуданд.  Дар доираи татбиқи “Лоиҳаи таъмини оби нӯшоӣ барои аҳолии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ” системаи  таъмини оби ошомидании 70 ҳазор  сокини маркази ноҳия  ва 20 деҳаи  атрофи он ба фаъолият оғоз намуд.
Аз соли 2009 дар доираи лоиҳаҳои “Барқарорсозии системаи  обтаъминкунии шаҳрҳои ҷанубии Тоҷикистон” (шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Данғара),  “Барқарорсозии  системаи  обтаъминкунии  шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон” (шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом, Истиқлол ва Хоруғ),   «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои марказии  Тоҷикистон” (шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Шаҳринав),  «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон” (ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ) ва “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон, шимол – 2” (шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Истаравшан, Зафаробод, Панҷакент) бо маблағгузории  Ҳукумати ҷумҳурӣ ва  Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки  қариб  80 миллион доллари амрикоиро  ташкил дод,  корҳои барқарорсозӣ, сохтмону васлкунӣ дар ҳамаи иншооти обтаъминкунии кишвар ба роҳ монда шуданд. 
 27 июлн соли 2016 дар рӯзи Ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки Роҳбари давлат хати оби ошомидании  Боғевдара – Хоруғ   ботантана ифтитоҳ ёфт ва сокинони шаҳр  пурра бо оби нӯшокии ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ таъмин хоҳанд шуд.
Лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим” дар 3 ҷамоати деҳоти шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ ва Панҷ бо маблағгузории Бонки осиёии рушд мавриди амал қарор дорад. Дар ҳамкорӣ бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон корҳои барқарорсозӣ, сохтмону васлкунии иншоот дар доираи лоиҳаи “Такмили системаи обтаъминкунии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон” бо маблағи 675 ҳазор доллар  роҳандозӣ гардид. Тӯли 15 соли охир аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ ба КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» барои рушди соҳа беш аз  81 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Танҳо соли 2016 ҳаҷми маблағҳои дар ин бахш ҷудошуда  қариб ба 10,5  миллион  сомонӣ расид. Дар раванди  татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ  наздики 70 миллион  сомонӣ корҳо иҷро шуданд. Тибқи маълумот, тӯли Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» барои иҷрои лоиҳаву барномаҳои вобаста ба об аз сарчашмаҳои гуногуни молиявӣ тақрибан 1 миллиарду 648 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ сурат гирифтааст. Дар ин давра беш аз 1,5 миллион сокинони Тоҷикистон шароити беҳтари дастрасӣ ба оби нӯшиданиро пайдо намуданд.
Ин нишондиҳандаҳо аз ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳа башорат медиҳанд. Аз ин рӯ, расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, ки ду баробар кам кардани мушкилоти одамон оид ба таъмини оби безарари ошомиданиро дар бар мегирад, бояд маҳаки асосии барномаҳои ояндаи дар ин самт қабулшаванда бошад.  Қабули Даҳсолаи байналмилалии нав дастовардҳои Даҳсолаи қаблии «Об барои ҳаёт» - ро таҳким бахшида, ҷиҳати муттамарказ сохтани талошҳо оид ба ҳалли масъалаҳои об ва таъмини он заминаи боэътимод фароҳам меорад.
Барои татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои оянда ба роҳ мондани  “Барномаи таъмини аҳолии шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2021-2033” ба мақсад мувофиқ аст. Боварии комил дорам, ки зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат бо меҳнати софдилона, дар ҳамбастагӣ бо ҳама сохторҳои  марбута  метавонем ба ҳадафҳои дар ин самт гузошташуда бирасем.
Алимурод ИСЛОМЗОДА,
директори генералии
Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2017    №: 36    Мутолиа карданд: 2425

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед